Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"TJ"- монополисти фазои интернетии Тоҷикистон?


Аксари кулли торнамаҳои сабти номшуда дар Тоҷикистон, зери чатри домени "TJ" фаъолият менамоянд.

Муҳаммадӣ Ибодулло, раиси созмони «Ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернетӣ» мегӯяд, ки дар Тоҷикистон феълан 6251 торнамо расман ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи ин сойтҳо танҳо ба домени «TJ» таалуқ доранд.

Бар асоси пажӯҳиши ин созмон, ки ахиран анҷом шудааст, дар доменҳои «RU», UZ”, “ORG”, «COM» ва доменҳои дигар, танҳо 12 торнамои тоҷикӣ вуҷуд дорад.

Муҳаммадӣ Ибодулло, раиси ин созмони интернетӣ мегӯяд, ки аз маҷмӯи торнамҳои расман сабти номшуда, ҳамагӣ 1058 сайт фаъол мебошанд.

Баъзе аз торнамоҳо ба хотири эҳтиёт аз масдуд шудан, ба доменҳои дигар, чун «org» ва «com» шомил шуданд. Масалан, TOJNEWS дар оғоз танҳо дар домени “tj” фаъолият мекард, вале баъдтар ба “org” ворид шуд. Ба қавли Муҳаммадӣ Ибодулло, агар ин сайт дар Тоҷикистон масдуд карда шавад, садҳо шаҳрвандон ва муҳоҷирон дар хориҷ метавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд.

Сомонаи хабаргузории «Азия плюс» ҳарчанд дар Тоҷикистон масдуд карда шудааст, вале хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон фаъол аст.

Ба гуфтаи Муҳаммади Ибодулло, барои Тоҷикистоне, ки ҳудуди 7 миллион ҷамъият дорад, фаъоли будани 1058 сомона беҳад шумори ночиз аст.

Зимнан, Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон мегӯяд, ки заъфи интернет ва камбуди торнамо ба андозае ҳаст, ки барои як сармоягузори хориҷӣ пайдо кардани иттилооти зарурӣ дар бораи Тоҷикистон беҳад мушкил аст. Хусусан, ба забони англисӣ ва русӣ дарёфти маълумоти лозим, андак аст.

Асомиддин Атоев меафзояд, ки тақрибан аксари ниҳодҳои давлатӣ, ба вижа бахши иқтисодӣ ва тиҷорат сомонаҳои худро боз кардаанд, вале миёни онҳо иртибот вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG