Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Ҳамла дар Либия, кори як гурӯҳи хурд ва ваҳшӣ буд"


Бинои консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия.
Бинои консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия.

Рӯзи чаҳоршанбе раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони ҷаҳон ҳамла ба консулгарии ИМА дар Бенғозии Либияро маҳкум карданд.

Дар ин ҳамла Крис Стевенс-сафири Амрико дар Либия ва се корманди сафорат кушта шуданд.

Обама зимни суханони худ дар Кохи Сафед ин ҳамларо “золимона ва такондиҳанда” номид: “Иёлоти Муттаҳида ин ҳамлаи золимона ва такондиҳандаро бо тамоми ҷиддият маҳкум мекунад. Мо як ҷо бо ҳукумати Либия кор мебарем, то амнияти дипломатҳои Амрикоро таъмин кунем. Ман ба ҳукумати худ дастур додам, ки дар саросари ҷаҳон амнияти кормандони дипломатиро тақвият бахшанд”.

Обама афзуд, ин ҳамла муносиботи миёни Вошингтону Троблусро халалдор
Обама ва Клинтон ин ҳамларо маҳкум карданд.
Обама ва Клинтон ин ҳамларо маҳкум карданд.
нахоҳад кард. Яке аз кормандони боломақоми Кохи Сафед нахост гузоришҳои матбуотиро тавзеҳ диҳад, ки гӯё ин ҳамла аз қабл баронмарезӣ шудааст. Ҳилларӣ Клинон-вазири корҳои хориҷаи Амрико “гурӯҳи хурди авбошон”-ро дар куштори дипломатҳои амрикоӣ муттаҳам кард.

Ҳукумати Либия низ қотеъона ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, ки тамоми имкониятҳоро ба кор хоҳад бурд, то омилони ин ҳамларо пайдо кунад.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Либия кушта шуд

Аз сӯи дигар, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон филм дар бораи Муҳаммад-паёмбари исломро маҳкум кард ва гуфт, филмсозон “кори бисёр баде” анҷом додаанд ва исломро тавҳин кардаанд, ки озодии сухан ба он иҷоза намедиҳад. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Афғонистон муваққатан дастрасӣ ба шабакаи YouTube-ро қатъ карданд, то афғонҳо аз тамошои ин филм маҳрум шаванд.

Кохи Сафед мегӯяд, Обама ва Карзай дар як сӯҳбати телефонӣ зарурати ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд, то итминон ҳосил шавад, ки рӯйдодҳои ахири Миср ва Либия дар Афғонистон низ ҳамовозӣ пайдо накунад ва хатаре ба нируҳои Амрико дар Афғонистон пеш наояд. Аммо Толибон аз шӯришиёни худ хостаанд, ки аз сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон қасос бигиранд.

Гуфта мешавад, ки филми сохтае дар бораи Муҳаммад-паёмбари ислом сабаби чунин норизоятиҳо шудааст. Ин филмро дар Амрико ба навор бардоштаанд.
Крис Стевенс, сафири Амрико дар Либия, ки дар асари ҳамла кушта шуд.
Крис Стевенс, сафири Амрико дар Либия, ки дар асари ҳамла кушта шуд.
Коргардони ин филми зидди исломӣ, ки сабаби ҳамлаи маргбор ба сафорати Амрико дар Миср ва консулгарии Амрико дар Бенғозии Либия гардид, пинҳон шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳо аз қавли Сэм Бейсил, ки худаш ҳам коргардон ва ҳам мушовири филм аст, нақли қавл кардаанд.

Бейсил соҳиби як коргоҳи зоҳиркунандаи акс дар Калифония мебошад ва худро яҳудии Исроил муаррифӣ кардааст. Вале дар баъзе мақолаҳо гуфта мешавад, ки Бейсил номи аслии коргардон нест ва вай исроилӣ ҳам намебошад. Вай гуфтааст, барои он ин филмро таҳия кардааст, ки “ислом саратон аст”. Бейсил аз куштори сафир ва кормандони сафорат изҳори таассуф кардааст.

Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО, Кетрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошанд, ки ин ҳамларо маҳкум карданд. Муҳаммад Магариф-раиси Маҷмаи миллӣ ё парлумони Либия гуфт, ки мақомот ҷинояткоронро ба муҷозот хоҳанд кашид.

Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ин филмро “танаффуровар” арзёбӣ кард ва гуфт, “хамӯшӣ”-и Амрико, тавҳин ба исломро ташвиқ кардааст. Аммо ин вазорат дар бораи ҳамлаҳо ба сафоратхонаҳои Амрико дар Мисру Либия ҳарфе ба забон новардааст.
XS
SM
MD
LG