Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент: Боз ҳам "Шоҳи мо омад" ё?..


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз худи Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад, ки ин дидораш аз Бадахшон боз як "сафари навбатӣ" хоҳад шуд, ё дар воқеъ сарнавиштсоз.

Сокинони Бадахшон, ки дар тӯли сафарҳои ҳарсолаи раисиҷумҳур ӯро аз погаҳи чархбол, дар ҳавои таронаи "Шоҳи мо омад, подшоҳи мо омад” то шаҳр мебурданд, ҳоло низ хашми худро фурӯ бурда, барои омадани шахси аввал кулчаву ҳалво мепазанд. Аммо ин сафар аз сафарҳои қаблӣ фарқ дорад, ҳам барои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам барои мардуми Бадахшон. Дар тӯли 10-15 соли ахир, ки президент бо мардуми ин минтақаи баландкӯҳ ба истилоҳ “моҳи асал” дошт ва аз байни онҳо қил (мӯй) намегузашт, акнун, баъд аз буҳрони 24-уми июл, фил баҳузур мегузарад.

Қатли раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон Абдулло Назаров ва ҳалокати ҳудуди 70 нафар дар амалиёти барқосо, ки мақомоти ҳарбӣ дар Хоруғ анҷом додаанд, равобити президентро бо ин минтақаи стратегӣ хадшадор кард. Ҳоло на танҳо мардум дар ҳаяҷон аст, ки президент чӣ мегӯяд, балки эҳтимолан президент низ дар ҳаяҷон аст, ки ба мардум чӣ бигӯяд?

Масъала бо чанд иншоот ҳал намешавад

Президент Раҳмон 18-уми сентябр вориди вилоят мешавад ва ду рӯзро бо раҳбарият ва сокинони ин минтақа сипарӣ мекунад. Интизор меравад, дар ҳузури раисиҷумҳур дар Рӯшон як мактаб-интернат ва дар ноҳияи Шуғнон биноҳои маъмуриву бонкӣ ва дар Хоруғ як корхонаи нави дӯзандагӣ барои 200 коргар ифтитоҳ шавад.

Аммо ба назар мерасад, рӯҳияи умумӣ дар Бадахшон тавре нест, ки танҳо бо ифтитоҳи чанд “иншооти муҳим” ба самти мусбат тағйир кунад. Фаъолони Бадахшон, маҳсусан намяондагони Гурӯҳи 20, ки дар бозгашти субот ба минтақа нақши умда бозӣ кардаанд, гуфтаанд, ки мухолифи базму бозиву харҷҳое ҳастанд, ки ҳадафи аслии сафарро камранг мекунад.

Суоли асосӣ

Бадахшониҳо мехоҳанд аз раисиҷумҳур ба суоли асосии онҳо: чӣ ҳукуматро маҷбур кард ба ин минтақа нирӯ дарорад?, посух бигиранд. Онҳо мегӯянд, ба гирифтани чунин посух ҳаққ ҳам доранд, зеро то ҳол ба ғайр аз чанд санад, ки ба эҳтимоли қавӣ пораҳое аз парвандаҳои ҷиноии фармондеҳони собиқи мухолифин дар Бадахшон, амсоли Толиб Аёмбеков ё Мамадбоқир Мамадбоқиров буд, мақомот ҳеҷ изҳоротеро дар қиболи таҳаввулоти Бадахшон пахш накардаанд ва парлумони кишвар низ низ шарҳи вазъиятро аз вазирони қудратӣ талаб накард.

Муҳимтар аз ҳама, дар фосилаи ду моҳ аз баргузории амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ, ҳукумат билоҳира ба шаҳрвандон нагуфт, ки ҳадафи амалиёт чӣ буд ва оё ба ҳадаф расид ё хайр.

Агар ҳадаф куштани ду фармондеҳ ва боздошти ду нафари дигар буд, магар барои анҷоми ин амалиёт як гурӯҳи хурди вазорати дохилӣ кифоят намекард? Ё агар хатари амниятӣ фаротар аз марзҳои Бадахшон буд ва ба бозиҳои пасипардагие рабт мегирифт, чаро ҳукумат холисона ба мардум ишора надод? Дар ҳоле, ки матбуоти ҷаҳонӣ таҳаввулоти Бадахшонро “ҷанги гурӯҳҳо барои боигарӣ” унвон кардааст, мақомот тавре хомӯшанд, ки гӯё ҳама фарзияҳо дар якҷоягӣ дурустанд: ҳам бозиҳои геополитикӣ, ҳам сангҳои қимматбаҳо ва ҳам сепаратизм.

Ҳоло ҳама интизоранд, ки президент Раҳмон фардо чӣ хоҳад гуфт. Бисёре аз бадахшониҳо мегӯянд, сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле муваффақ хоҳад шуд, ки аз чорчӯби маъмулии пешвозгириҳои пурдабдаба берун биёяд ва ба як сӯҳбати созанда ва ошкоро бо мардум табдил шавад.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Интизори мардум аз ин ки танҳо раисиҷумҳур метавонад дар баҳсҳои атрофи бадахшон нуқтаи ниҳоӣ гузорад, бепоя нест. То ҳол ҳар баҳсе дар кишвар, аз боздошти хабарнигор гирифта то боздошти сарнишинони чархболҳои русӣ, ҳамагӣ бо дахолати раисҷумҳур ҳал шудаанд.

Дар Тоҷикистон қудрат дар дасти як нафар мутамарказ аст”, мегӯяд Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик. “Биноан танҳо ӯ метавонад, дар бӯҳрони ба амал омадаи Хоруғ ба қавле «қилро аз хамир» ҷудо созад. Вазъе,ки дар Хоруғ ба амал омад, сару садоҳоеро низ ба миён овард,ки дар худи ҳукумати кишвар нафароне ҳастанд, ки ба муташанниҷ шудани авзоъ дар ин минтақа манфиатдоранд.”- мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Нозирони умур мегӯянд, як мушкили Эмомалӣ Раҳмон зимни "хабаргирӣ"-ҳояш аз аҳволи раъият пойбандии ӯ ба пешвозгириҳои пурдабдаба ва саҳнасозишудае буд, ки мақомоти маҳаллӣ барои раҳбари аввал дуруст мекарданд. Борону ҳамду санову мадҳу ситоиш дар ин маъракаҳо раисиҷумҳурро ҳамеша дар пардаи рӯъёҳои фиребандаи қарор медод, ки ҳама чиз хуб аст ва тамоми мардум - розиву қонеъ ва дуогӯи ӯву "сиёсати хирадмандона"-аш. Ба бовар маҳофил, барои раисиҷумҳур инбор фавқулодда муҳим аст, ки худро аз қайди ин саҳнасозиҳои дурӯғин бираҳонад ва қилро аз хамир дар буҳрони Хоруғ ҷудо кунад. Вагарна ин боз як "сафари навбатӣ" аз силсилаи сафарҳои бешумори ӯ ба музофоти Тоҷикистон хоҳад шуд, на сафари дар воқеъ таърихӣ ва сарнавиштсозе, ки дар Боми ҷаҳон (ва нафақат дар Боми ҷаҳон) интизораш доранд.
XS
SM
MD
LG