Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи вижа барои таҳқиқи марги Ҳамза Икромзода


Дар ҷисми Ҳамза Икромзода осори шиканҷа ошкор аст.
Дар ҷисми Ҳамза Икромзода осори шиканҷа ошкор аст.

Як масъули Сарраёсати корҳои ислоҳӣ гуфт, барои таҳқиқи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони №1 комиссия ташкил ёфт.

Баҳром Абдулҳақов, муовини аввали раиси Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1 комиссияи вижа ё махсус таъсис ёфтааст.

Ӯ афзуд, аъзои ин комиссия тамоми ҳолату сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро меомӯзад ва баъдан Сарраёсати ислоҳии вазорати адлия дар як нишасти матбуотӣ ҳодисаи мазкур ва ҳолати марги ӯро шарҳ хоҳад дод. Вале ӯ нагуфт, ки ба ҳайати ин комиссия киҳо шомиланд.

Ҷаноби Абдулҳақов афзуд, гуфт, то замони хатми кори комиссия онҳо аз шарҳи дар маҳбас фавтидани Ҳамза Икромзодаи 27-сола худдорӣ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки ба қавли онҳо бар асари латту кӯб дар зиндони рақами аввали Душанбе ҷон додааст, бо ирсоли як нома аз Додситонии кул ва Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи ин қазияро тақозо намудаанд. Онҳо инчунин ба номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, аз ӯ хостаанд, ки дар ҳалли ин мушкил барояшон кӯмак кунад.

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, рӯзи 24-уми сентябр дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, онҳо аз мақомот талаб доранд, ки сабаби аслии марги бародарашро ошкор ва омилони куштори ӯро ба муҷозот кашанд.

Ҷаноби Икромов илова кард, барои ин даъвои худ вакили мудофеъ, Гулчеҳра Холматоваро ҳамчун пуштибони ҳуқуқӣ интихоб кардааст. "Дар бораи марг ва шиканҷаи бародарам дар маҳбас санаду нишонаҳои зиёде дар даст дорам. Мехоҳам дар назди қонун ин амалҳо баррасӣ карда шаванд",-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, баробари ворид шудани ин нома ҳатман мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами яки Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст.

Агарчӣ ин хабар дар миёни ҷомеа сарусадоҳои зиёдеро ба бор оварда, мавриди баҳс қарор гирифтааст, вале мақомот то кунун дар ин бора иттилои расмӣ пахш накардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.
XS
SM
MD
LG