Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро занони амрикоӣ аз демократҳо пуштибонӣ мекунанд?


Аз солҳои 1980-ум ба ин тараф дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА занон асосан ба номзадҳои ҳизби демократ овоз медиҳанд.

Назархоҳиҳои пешакӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фикри занон тағйир наёфтааст ва номзади ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ дар миёни занони раъйдиҳандаи Амрико аз маҳбубияти зиёд баҳраманд нест.

Яке аз бахшҳои муҳими барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии ИМА президенти кунунии ин кишвар Барак Обама ва рақиби ӯ Мити Ромнӣ, дарёфти пуштибонии занони раъйдиҳанда аст.

Сиёсатшиноси амрикоӣ Ҷоан Бамбергер мегӯяд: “Дар Амрико аксари раъйдиҳандагон зан мебошанд. Одатан дар 3-4 ва ё ҳатто 5 интихоботи ахири президентӣ, овози занон ҳалкунанда будааст. Шумораи занон дар миёни раъйдиҳандагон 51 дарсадро ташкил медиҳад ва тахминан 50 дарсади онҳо дар раъйдиҳӣ ширкат меварзанд. Ҳамин тавр номзадҳо медонанд, ки дар маъракаи интихоботӣ овози онҳо метавонад гарави пирӯзӣ бошад.”

Дар интихоботи президентии соли 2008, шумораи занони раъйдиҳанда дар муқоиса бо мардон 10 миллион бештар ва дастгирии Обама дар муқоиса бо рақиби ҷумҳурихоҳаш Ҷон Маккейн 13 дар сад бештар буд. Дар маъракаи пешазинтихоботии имсола низ дастгирии Обамаи демократ дар муқоиса ба Ромнии ҷумҳурихоҳ, аз 13 то 29 дар садро ташкил медиҳад.

Марта Бурк, сиёсатшинос ва рӯзноманигори амрикоӣ, ки дар радиои миллии ИМА мизбони як барномаи хос аст, мегӯяд, демократҳо ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ки барои занон аҳамият доранд, таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд: “Демократҳо дар масъалаҳои иҷтимоӣ, ки барои занон пураҳамият мебошанд, озодии бештар нишон медиҳанд. Ба ҳамон мизоне, ки демократҳо дар фикри шабакаи амнияти иҷтимоӣ ҳастанд, ҷумҳурихоҳон ба ин шабака майле нишон намедиҳанд. Ҳамин тавр таърихан занон тарафдори демократҳо будаанд, зеро ниёзи онҳо дар барномаи демократҳо ҷой дода шудааст.”

Вале тарафдорони Ромнӣ ба ин ақида мухолифанд. Дайана Фургот-Рот, иқтисодшинос аз Пажӯҳишгоҳи Манҳеттен мегӯяд, барномаи иқтисодии Ромнӣ маҳз ҳамон чизест, ки занон ба он эҳтиёҷ доранд: “Иқтисод, иқтисод ва боз иқтисод. Занон дар бораи иқтисод фикр мекунанд. Онҳо мебинанад, ки аъзои оилаашон аз кор маҳрум шуд. Худашон аз кор маҳрум шуданд. Ё имконоти кориашон хеле маҳдуд шудааст. Онҳо мебинанад, ки вазъи иқтисодӣ ба вазъи оилаашон таъсири мустақим дорад.”

Ба ақидаи Фургот-Рот, сабаби дастгирии заифи занон аз барномаи Ромнӣ ин аст, ки ӯ барномаи иқтисодиашро ба таври лозима нафаҳмондааст. Аммо Бамбергер ба ин фикр мухолиф буда, мегӯяд, барномаи Ромнӣ бисёре аз мушкилиҳои занонро нодида мегирад: “Воқеан ӯ ба занон ташреҳ надодааст, ки чӣ кор мекунад, зеро мусоҳиби хуб нест. Пас ӯ ба ҳайси президент чӣ кор мекарда метавонад?”

Хуллас, президент Обама ва Ҳизби демократ бо муваффақият саъй доранд, ҳатто занонеро, ки дар гузашта аз ҳизби ҷумҳурихоҳ пуштибонӣ кардаанд, ба тарафи худ кашанд ва Ромнии ҷумҳурихоҳ як моҳи дигар дар ихтиёр дорад, то фикри занонро тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG