Созмони Amnesty International ё Афви байналмилал бо интишори як баёния дар рӯзи 5-уми октябр, рӯзи таваллуди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостааст, ба шикоят ва сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар кишвараш расидагӣ кунад.
Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон дар ин рӯз 60-солагии худ ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегирад. Ин ҷашни муштарак дар ҳама ниҳодҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба таври васеъ таҷлил мешавад. Аммо Афви байналмилал хотиррасон мекунад, ки шуморе аз қурбониёни шиканҷа дар ин кишвар, ки ҳанӯз сисола нашуда буданд ва ё алъон рӯзи мавлуди худро паси панҷара қайд мекунанд. Онҳо ба маҳзи ҳукмҳои ноодилона дар додгоҳ ба ин вазъ гирифтор шуданд.
Ин созмон менависад, "бархе аз ин афрод бар асари зарбу лат ва шиканҷа ҷон бохтанд, вале ҳанӯз ҳам бастагони онҳо мунтазиранд, ки мақомот гунаҳкорони ин ҳодисаҳоро ошкор мекунанд ва ба ҷазо мекашанд."
Созмони Афви байналмилал аз ворид кардани моддаи махсус таҳти унвони "шиканҷа" дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва дар пайи он аз мавриди ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардани як ходими милисаи тоҷик, ки ҷавони 17-соларо латту кӯб карда буд истиқбол мекунад.
Аммо ҳамзамон аз афвҳои бемавриду нодурусте дар қиболи омилони куштори Сафаралӣ Сангов, ки ходимони милиса мебошанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Ин созмон ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки ба сарнавишти шаҳрвандони қурбонии шиканҷа ва азияти ҷисмонии масъулини ниҳодҳои тафтишотӣ қароргирифта дар боздоштгоҳ ва зиндонҳо ба мисли Илҳом Исмонов, Асад Шукуруллоев, Аҳмад Саъдиев, Баҳромидин Шодиев, Хуршед Бобокалонов, Усмонбой Бобоев, Шариф Абдураҳимзода, Масолеҳ Солиев, Фарҳод Дадобоев, Насим Салимзода, Муҳаммадшариф Умаров, Равшан Холов, Ёсин Сафаров ва Урунбой Усмонов расидагӣ кунад.
Ҳамчунин дар ин баёния чанде аз тавсия ва пешниҳодҳои ин созмон ба манзури ислоҳи қонунҳои кайфарии Тоҷикистон ва бахусус дар робита ба зарурати таъмини адвокат ба маҳбусон сар аз лаҳзаи боздошти онҳо матраҳ шудааст. Ворид кардани ин пешниҳодҳо ба қонунҳои Тоҷикистон боиси ҳимоят ва ҳифзи озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони ин кишвар хоҳад шуд.
Дар як сӯҳбате аз Ҳабибулло Воҳидов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, пурсидем, дар иртибот ба баёнияи Афви байналмилалӣ чӣ назар дорад. Ӯ гуфт, “баъд аз ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мо таҳлил нагузаронидем, ки вазъият чӣ тавр аст. Аз ин рӯ, ҳоло аз рӯи рақамҳо чизе гуфта наметавонам. Лекин дар ҳама ҳолат, чи дар вақти таҳқиқ ва чи дар вақти тафтиш, ҳамагуна шикоят аз ҷониби мақомоти прокуратура пурра, ҳаматарафа воқеъбинона таҳқиқ хоҳад гашт ва дар доираи қонун чорабиниҳои зарурӣ гузаронида мешаванд."
Дар зимн, баёнияи созмони Афви байналмилал ва муроҷиати он ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле мунташир мешавад, ки Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа дар ин кишвар низ бо нашри як муроҷиати мушобеҳ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба сарнавишти норӯшани чанде аз қурбониёни шиканҷа дар ин ҷумҳурӣ шудаанд. Дар феҳристе, ки ин эътилоф пешниҳод кардааст, номи Ҳамза Икромзодаи 27-сола низ, ки дар моҳи гузашта дар зиндони шумораи аввал кушта шуд, дарҷ гардидаст.