Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияҳои зиддунақиз дар бораи гумонбарони марги Ҳамза


Ҳамза Икромзодаи 27 рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид.
Ҳамза Икромзодаи 27 рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид.

Рӯшан нест, фавти Ҳ.Икромзода дар зиндон аз кадом зовия мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Дар ин бора рӯзи 13-уми октябр Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқоти инак дувумаш бо Дилхоҳ Икромзода ва Зулайхо Ҷӯраева, хоҳар ва модари Ҳамза Икромзода хабар додааст.

Дилхоҳ Икромзода гуфт дар ин дидор, ки ин навбат бо даъвати худи Додситони кулл сурат гирифтааст, ҷаноби Салимзода ваъда додааст, ки ин ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва омилонаш ба ҷазо кашида мешаванд. Хонум Дилхоҳ аз қавли Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба марги бародараш мақомот алайҳи бархе аз масъулони зиндони шумораи аввали Душанбе ба шумули сардор, як корманд ва пизишки ин ҳабсхона тафтишотро оғоз кардааст.

"Мо саволаш додем, ки бародари моро куштанд, ҳоло шумо чӣ кор кардед? Гуфт дело кушодаем барои сардор (ҳабсхона), як корманди он ва духтур. Гуфтанд, ки Ҷаноби олӣ ба мо супориш додаст, бе хатоӣ корро бурда истодаем. Ҳамаи инҳо агар ин корро карда бошанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд."

Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромзода.
Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромзода.
Дилхоҳ Икромзода гуфт, ки баъди хатми мулоқоти ӯ ва модараш бо Додситони кулли Тоҷикистон, ҷаноби Салимзода ба як корманди ин ниҳод дастур дод ки ҳамаи арзу шикояти ба гуфтаи ӯ «ин модари ҷигарсӯхтаро» ба таври хаттӣ қабул кунад. Хонум Икромзода гуфт, модари ӯ аз вафоти мармузи Шерафкан, сокини шаҳри Кӯлоб ва Рашид Шарифов, зодаи ноҳияи Ҳисор, ки ин ҳарду маҳбус шоҳиди шиканҷаи Ҳамза Икромзода дар ҳабсхона будаанд низ суол кардааст. Ба ӯ посух додаанд, ки иллати марги ин ду маҳбуси ба дунболи куштори Ҳамза вафот карда беморист, на чизи дигар.

Аммо Мирзо Аминов, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, ки бо дастури Шерхон Салимзода аз хоҳар ва модари Ҳамза Икромзода баёнот гирифтааст, аз ифтитоҳи парванда алайҳи кадом як нафар аз масъулони зиндони рақами якуми пойтахт ва ҳамчунин пизишки он изҳори беиттиллоӣ кард. Ҷаноби Аминов тасдиқ кард, ки дар робита ба ҳодисаи фавти маҳкумшуда Ҳамза Икромзода аз тарафи Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, вале афзуд, ӯ ҳанӯз тафтишот нафари хосеро вобаста ба ин қазия гумонбар эълон накардааст.

«Дар вақти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ маълум мешавад, ки кӣ гунаҳкор аст. Касе гунаҳгор бошад, ҷавобашро медиҳад. Ҷаноби додситон ба саволҳо ҳамин гуна ҷавоб доданд. Гуфтанд, ки тафтишотро Додситонии кул мебарад ва дар асоси тафтишоти мо касе гунаҳкор аст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Парванда оиди фавти маҳкумшуда Икромзода кушода шудааст»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ низ аз қавли вакили дифои бастагони Ҳамза Икромзода аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми «хунукназарӣ» хабар медиҳанд. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои наздикони Ҳамза Икромзода гуфтааст, қазияи марги Ҳамза Икромзода бояд дар доираи моддаи «шиканҷа»-и қонуни кайфарии Тоҷикистон таҳқиқ шавад. Зеро ӯ бар асари зарбу лат ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Дар ҷараёни мулоқот бо наздикони Ҳамза Икромзода, Иззатуллоҳ Шарифов, раҳбари Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфта буд, ки дар зудтарин фурсат сардори зиндони якуми пойтахтро сабукдӯш хоҳад кард, аммо ин кор то ҳол сурат нагирифтааст.

Саидалӣ Казаков
Саидалӣ Казаков
Зимнан Сайидалӣ Казаков, як маҳбуси дигари зиндони мазкур, ки тоза ба озодӣ расида ва аз ҷараёни куштори Ҳамза Икромзода огоҳӣ доштааст, ба расонаҳо изҳор дошта, ки Икромзода бар асари шиканҷа ва озори шадиди ҷисмонӣ ҷон бохта буд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27 солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25 километрии ғарби Душанбе рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд.

Пайвандони Ҳамза Икромзода барои ошкор ва ба ҷазо кашидани гунаҳкорони қатли ӯ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мақомоти давлати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Гуфта мешавад, ки бозрасии ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад
XS
SM
MD
LG