Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба арзёбиҳои муқаддамотӣ дар бораи Роғун


акс аз сайти Бонки Ҷаҳонӣ гирифта шудааст
акс аз сайти Бонки Ҷаҳонӣ гирифта шудааст

Арзёбиҳои муқаддамотии "Роғун" аз сӯи ширкати Pöyry Energy Ltd., дар доираҳои мухталифи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овард.

Сайиди Ёқубзод, раиси Кумитаи энержӣ ва масоили аграрии Маҷлиси Намояндагон аз ин арзёбӣ изҳори хушбинӣ мекунад ва мегӯяд, натоиҷи ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар қиболи нерӯгоҳи «Роғун» бояд мусбат тамом шавад.

Вай рӯзи чоршанбе дар вокуниш ба арзёбии муқаддамотии гузориши ширкати Pöyry Energy Ltd., ки дар торнамои ин бонк нашр шудааст, ба РО гуфт, «агар Бонки Ҷаҳонӣ мегуфт, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун ба олами набототу ҳайвоноти минтақаи атрофи он зиён мерасонад, сари он мешуд фикр кард, аммо чун мегӯяд, «зиёне бисёр намерасонад», пас ҳамчун мутахассис онро мефаҳмам, ки «сохтмон кардан мумкин».

Дар арзёбӣ гуфта мешавад, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои атрофи он зиёне бисёре нахоҳад дид. Ҳамчунин
Саиди Ёқубзод
Саиди Ёқубзод
аҳалле, ки Роғун ҷойгир шудааст, паррандаву ҷондори зиёде надорад, ки маҳв шаванд. Ёдгориҳои бостонӣ ҳам дар наздикии он нест ва қалъаҳои хурди чандҳазорсола будаанд, вале то кунун вайрон шудаанд.

Сайиди Ёқубзод низ мегӯяд, албатта дар ҳар сохтмоне, каме зиён ба мушоҳида мерасад ва ба мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар порлумон низ лоиҳаи нави қонун дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикор таҳия мешавад, ки мувофиқи он, олами ҳайвоноту наботот кӯчонда мешавад, насли он зиёд мешавад ва нигоҳубини он низ мадди назар дошта мешавад.

Ин вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, "албатта натиҷаҳои ниҳоии гузориши Бонки Ҷаҳони дар Алмаато маълум хоҳад шуд, аммо мо бовар дорем, ки натиҷаҳо мусбат хоҳад шуд ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон аст, идома пайдо хоҳад кард."

Аммо Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки бевосита ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи неругоҳи Роғун ва сохтмони он дар даврони Шӯравии пешин ошно аст ва ҳоло низ онро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, «мавқеъгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар қиболи сохтмони нерӯгоҳи Роғун духӯра аст. Аслан ман намефаҳмам, ки ин бонк чӣ мехоҳад».

Дар ҳоле, ки ба таъкиди Воҳидов, ҳатто Струан Стивенсон, вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун шахси бетараф дар масъалаи Роғун мегӯяд, «ба ҷои он ки созмонҳои мутасаддии ташхиси нерӯгоҳи Роғун манофеи мардуми Тоҷикистон ва минтақа дар заминаи камбуди нерӯи барқ ва рушди минтақаро ба назар бигиранд, ба дигар мавқеъҳо дода шудаанд».

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Ба ин далел Ваҳҳоб Воҳидов, мегӯяд, дигар фурсате аст, ки нерӯгоҳи Роғун сохта шавад ва то кунун дар умури сохтмонии ин нерӯгоҳ 1 миллиарду 300 миллион доллар маблағ сарф шудааст ва бояд заҳмату талошҳо ба эътибор гирифта шавад.

Иддаи дигари коршиносони тоҷик арзёбии ахири Роғунро ба маънии «бозӣ» -и ин созмони байналмилалӣ бо манофеъи кишварҳои минтақа унвон мекунанд. Зеро ба таъкиди онҳо, мухолифати Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун имкон намедиҳад, то Бонки Ҷаҳонӣ назари дақиқу амиқи худро баён кунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар гузориши Pöyry Energy Ltd. омадааст, агар тавсияе дар гузориш ва ё арзёбие аз таъсироти муҳити зистии Роғун ҳаст, онҳо муқаддамотианд ва онҳоро набояд ҳамчун хулосаи ниҳоӣ пазируфт.
XS
SM
MD
LG