Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмунҳои шаҳрдории Душанбе: Корманди ҳирфаӣ кист?


Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли чанд мақоми холӣ дар ҳукумат ва мудирияти Боғи ҳайвоноти пойтахт озмун эълон кардааст.

Пас аз марги ягона баҳмути Боғи ҳайвоноти Душанбе дар соли гузашта ва ба баҳси шабакаҳои иҷтимоӣ кашида шудани вазъи бади ин боғ, шаҳрдории Душанбе ба ҷустуҷӯи мудири муносиб баромадааст.

Шаҳрдорӣ дар як иттилоияе гуфтааст, мехоҳад аз тариқи як озмуни васеъ ба мудирияти ин боғ шахси ботаҷрибаро ҷалб кунад. Ҳамчунин, ҳукумати Душанбе мехоҳад, ба як силсила вазифаҳои дигар низ ба воситаи озмун шахсони шоистаро пайдо кунад. Аз ҷумла, сарони раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ, шӯъбаи нақлиёту мухобирот, умури дин ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт ва ғайраро. Дар ин росто имконияти бештари интихоб шудан ба ин вазифаҳоро онҳое доранд, ки донишгоҳҳои Тоҷикистонро то соли 1992 хатм карда ва ё дастпарвари макотиби олии хориҷи кишваранд.

Маҳмадулло Наимов, сарвари яке аз бахшҳои раёсати хидмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, чунин озмунҳо шаффофиятро дар интихоби мутахассисоне, ки воқеан метавонанд дар рушди соҳа саҳмгузор бошанд, таъмин мекунанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, "мақсад ҳам ҳамин аст, ки аз миёни 5-6 довталаби дар як вазифа ҳуҷҷатсупорида, беҳтаринҳо интихоб шаванд. Албатта, ҳолатҳои зиёди норозигӣ аз кори комиссиияи озмунӣ мушоҳида мешавад ва ин афрод ба мақомоти болотар муроҷиат мекунанд."

Бояд гуфт, ду ҳафта қабл аз сӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар пайи баргузории ҳамингуна озмун, ки муддати як моҳ идома дошт, раиси шабакаи телевизионии "Пойтахт" интихоб гардид. Аз миёни 12 номзад ба ин симмат Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки аз ин пештар раисии Радиои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, пазируфта шуд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шеваи баргузории ин озмун розист, зеро ҳайати комиссия мунсифона ба малакаву дониш ва таҷрибаи муддаиён баҳо доданд. Вай гуфт, "бояд ҳамеша ин кор тариқи озмун сурат бигирад. Дар сурати ғайр, ду нафар хешу табори худро даъват ва таъйин мекунанд, яъне шиносбозӣ мешавад. Вақте дар ҳайати комиссия 7 нафар аст ва дар он ҷо аз 50 нафар интихоб мекунанд, ҳар нафаре, ки тавонову ҳунарманд ва боистеъдод аст, бояд қабул шавад."

Мирбобои Мирраҳим
Мирбобои Мирраҳим
Ба гуфтаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор, дар баробари ӯ рӯзноманигорони дигари тоҷик аз қабили Гулнора Амиршоева, Сайдалии Раҳим, Мирбобои Мирраҳим, Комилҷон Холов ва дигарон барои соҳиб шудан ба ин вазифа талош кардаанд. Аммо чун ӯ нафаре будааст, ки консепсияи мушаххаси фаъолияти телевизиони қарни 21-ро пешниҳод кардааст, раҳбарии телевизиони "Пойтахт"-ро ба ӯ бовар намудаанд. Дар ҳамин ҳол, Мирбобои Мирраҳим, собиқ раиси Кумитаи садову симои Тоҷикистон, дар аввали солҳои 1990 эълони чунин озмунҳоро зоҳирпарастие беш намедонад.

Ӯ мегӯяд, ба хотири озмоиш ва бо як барномаи мушаххаси кори телевизион дар конкурс ширкат кард, аммо "чунин озмунҳо дурӯғанд ва танҳо ба хотири хок пошидан ба ниҳодҳои ахлоқиву демократӣ, ҳирфавию касбӣ доир мешаванд. Ҳайати комиссия аслан аз телевизон хабар надоштанд. Ба ман аслан суолҳои хандаовар медоданд, ки чаро Шумо ин қадар сол кор намекунед. Охир, ман барои он кор намекунам, ки ба ҳеҷ куҷо маро ба кор намепазиранд. Ман номзади илми фалсафа, соҳиби чандин филмнома ва аз соли 1975 дар радио ва телевизион кор кардам ва ҳоло бекор нишастаам. Чун на аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва шарҳи ҳолам баробар намеоям."

Бархе аз таҳлилгарон низ озмунҳои эълонкардаи шаҳрдории Душанберо навъе худнамоӣ мехонанд. Амният Абдулназаров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ин гуна озмунҳоро намешавад таҳаввулот дар умури мудурият унвон кард. Ба қавли мусоҳиби мо, "ба ҳамагон рӯшан аст, ки дар Тоҷикистон вазифаҳо чигуна тақсим мешаванд ва аз қабл, соҳибони ин вазифаҳо мушаххасанд."

Амният Абдуназаров
Амният Абдуназаров
Аммо аз тарафи дигар ҷаноби Абдулназаров, авлавият додан ба онҳое, ки то соли 1992 дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, нишонаи он медонад, ки бо ин ҳукумат дар 20 соли ахир заиф шудани ҳамаи соҳоҳаи кишварро эътироф мекунад: "Хубтар мебуд, ки раиси шаҳрҳо, вилоятҳо ва ноҳияҳоро ба мисли Русия ва дигар кишварҳои мардумсолор интихоб мекарданд. Лекин аз ҷониби дигар Маҳмадсаид Убайдуллоев аз дигар намояндагони ҳукумати кишвар фарқият дорад ва демократитар аст. Шояд ба он хотир, ки вай таҳсили аврупоӣ дорад."

Бо ин ҳама, нозирони умур мегӯянд, шаҳрдори Душанбе бо роҳандозии иқдомоте мехоҳад, то ҳар чӣ бештар таваҷҷӯҳ ва бовари мардумро дар ҷиҳати шаффофияти кори мудирият ҷалб кунад. Ҳатто соҳибназарон аз мулоқоти рӯ ба рӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев бо гурӯҳи фейсбукиён дар ду моҳи пеш ёд меоранд ва мегӯянд, шаҳрдори Душанбе тарҳҳоеро дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки то баргузории он соле боқӣ мондааст, рӯи даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG