Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талотуми Ховари Миёна меҳвари баҳси Обама ва Ромнӣ


Нооромиҳо дар Ховари Миёна, Афғонистону Покистон ва барномаи ҳастаии Эрон, меҳвари баҳси саввуми Обама ва Ромнӣ буд.

Дар ҷараёни мунозираи ниҳоӣ, ки тақрибан 90 дақиқа идома дошт, ҳам Барак Обама ва ҳам Митт Ромнӣ-номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико қавл доданд, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд ва намегузоранд, ки Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад.

Обама гуфт: “Дар масъалаи Эрон, то замоне, ки ман раиси ҷумҳури Амрико ҳастам, Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ нахоҳад шуд. Вақте, ки ба курсии раёсат нишастам, дар ин бора возеҳ гуфта будам. Мо бар зидди Эрон қавитарин эътилоф ташкил ва ҷиддитарин таҳримҳо ҷорӣ кардем ва ҳоло он аз домани иқтисоди Эрон гирифтааст. Арзиши пули миллии онҳо 80 дарсад поин рафт. Истихроҷи нафти онҳо ба сатҳи 20 соли пеш расидааст, ба солҳое, ки Эрон бар зидди Ироқ ҷанг мекард. Ҳоло иқтисоди онҳо пой дароз кардааст. Мо барои он ба чунин тасмим даст задем, ки силоҳи ҳастаии Эрон хатаре ба амнияти миллии мо ва хатаре ба амнияти милии Исроил аст”.

Обама гуфт, ки Амрико дар оянда ҳамчунон муттаҳиди стратегии Исроил боқӣ хоҳад монд. Ин мунозираи ниҳоӣ, ки то ду ҳафта вақт ба интихоботи раёсати
умҳурии Амрико дар аёлати Флорида дар донишгоҳи Линнаи шаҳри Бока Ратон баргузор шуд, ба масъалаҳои сиёсати хориҷии ин кишвар ихтисос дошт. Барак Обама изҳор дошт, ки Митт Ромнӣ омода нест фармондеҳии кулли неуҳои Амрикоро бар ӯҳда бигирад. Аммо Ромнӣ изҳор дошт, ки ҷойгоҳи Амрико дар давраи раёсати Обама дар ҷаҳон заифтар шудааст.

Ҳар ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико ба тавофуқ расиданд, ки дар соли 2014 нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон бароварда шаванд ва ин хуруҷ бояд тибқи нақшаи пешбинишуда анҷом бигирад. Обама ва Ромнӣ эътироф карданд, ки Амрико бо Покистон муносиботи хуб надорад. Ромнӣ Покистонро кишвари ноком хонд ва гуфт, бояд ин кишварро ташвиқ кард, ки дорои ҳукумати собит шавад:

“Покистон барои минтақа, барои ҷаҳон ва барои мо муҳим аст, барои он ки 100 кулоҳаки ҳастаӣ дорад ва шитоб дорад, ки кулоҳакҳои бештар созад. Онҳо дар ояндаи наздик аз Британия бештар хоҳанд дошт. Онҳо ҳамчунин шабакаи Ҳаққониро доранд, Толибон дар он кишвар фаъолият мекунанд. Ва агар Покистон қисмат шавад, ба кишвари ноком мубаддал хоҳад шуд ва барои Афғонистон ва барои мо фавқулода хатарнок хоҳад буд. Барои ҳамин мо ба Покистон бояд ҳамчунон кӯмак кунем ва он ба сӯи ташкили ҳукумати собиттар роҳ пеш бигирад”.

Масъалаҳои “Баҳори Араб”, Ховари Миёна, Афғонистону Покистон ва барномаҳои ҳастаии Эрон аз ҷумлаи мавзӯъҳои баҳси ҷонибҳо буд. Ҳамкорӣ бо Чин низ ба унвони яке дигар аз масъалаҳои марбут ба муносиботи байналмиллилии Амрико дар ин мунозира матраҳ шуд. Ҳар ду номзад хостори тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин шуданд, вале бо назардошти дидгоҳҳои хоси худ.

Ин мунозира дар ҳоле баргузор мешавад, ки вақтҳои ахир ин ду номзад дар Амрико дар миёни интихобкунандагон аз эътибори яксон бархӯрдоранд.
Назархоҳиҳо нишон додаанд, ки ҳам Обама ва ҳам Ромнӣ дар миёни интихобкунандагон тақрибан 47 дарсадӣ ҷонибдор доранд.

Баъд аз анҷоми мунозираи ҷонибҳо баъзе таҳлилгарон ба зудӣ изҳори назар карданд. Онҳо мегӯянд, ҳам Митт Ромеӣ ва ҳам Барак Обама имконро аз даст доданд ва натавонистанд дар бораи нақши бештари Амрикоро ба унвони кишвари аслӣ ё раҳбар дар ҷаҳон нишон диҳанд.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG