Мунаққидон мегӯянд, ки он як бахши барномаи саркӯб кардани норозиёни сисёсии Кохи Кремлин аст.
Дар Думаи Давлатӣ 375 нафар ба ҷонибдорӣ ва 2 нафар бар зидди ин пешнавис рай доданд. Дар пешнавис мӯҳлати зиндон низ пешбинӣ шудааст ва ононе, ки ба таври махфӣ дар бораи сирри давлатӣ маълумот ба даст меоранд, то 8 сол ба зиндон андохта мешаванд. Дар пешнависи нави қонун мафҳуми хиёнат ба Ватан ё ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ роҷеъ ба амнияти хориҷии Русия “хилофи Қонуни Асосӣ, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ” арзёбӣ шудааст.
Дар пешнависи нав, ки онро Хадамоти Федеролии Амният таҳия кардааст, хиёнат ба Ватан мафҳумҳои дигарро низ дар бар гирифтааст. Масалан, “расондани кӯмакҳои молӣ, техникӣ ва машваратӣ” ба кишвари хориҷӣ ё созмони байналмиллалӣ низ хиёнат ба Ватан дониста шудааст. Дар он ҳамчунин дар бораи талошҳои номаълуми созмонҳои байналмиллалӣ барои ба даст овардани маълумоти сиррӣ дар бораи давлати Русия “аз роҳҳои ғайриқонунӣ” нукоте дарҷ шудааст.
Дар пешнавис омадааст, созмонҳои чандмиллиятӣ, ки аз маълумот дар бораи сирри давлатӣ суд мебаранд, бояд ба феҳристи алоҳида ворид шаванд. Дар феҳристи пешин танҳо номи ҳукуматҳо ва созмонҳои хориҷӣ оварда шуда буд.
Дар оғози моҳи ҷорӣ Маскав ба USAID ё Ожонси Рушди Байналмиллалии Амрико дастур дод, ки намояндагии худро дар Маскав бибандад. Маскав Вашингтонро муттаҳам карда буд, ки Амрико кӯмакҳои байналмиллалии худ ба Русияро барои мудохила дар умури сисёсии Русия ва таъсир расондан ба интихобот истифода мекунад.
Ҳизби “Справедливая Россия” ё “Русияи Одил”, ки аз мухолифони Кремл ба шумор меравад, аз ин тағйироти ворида интиқод кард ва гуфт, тибқи ин пешнависи қонун тақрибан ҳар шаҳрванди Русия метавонад бо ҳар гуна тамос бо хориҷиён барои хиёнат ба Ватан муттаҳам шавад. Владимир Лукин-Омбудсмени Русия, ки аз сӯи Владимир Путин-раиси ҷумҳур таъйин шудааст, ба мунаққидони ин пешнавис ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки бандҳои ин пешнавис ба муқаррароти байналмиллалӣ ва қонунҳои Русия муғойират дорад.
Павел Чиков-раҳбари гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия мавсум ба “Агора” ба радиои Озодӣ гуфт, акнун ҳар гуна шикояти шаҳрвандони Русия ба созмонҳои байналмиллалӣ хиёнат ба Ватан талаққӣ мешавад: “Масалан, акнун шикоят ба Кумиссиюни ҳуқуқи башари СММ ё ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, ки мумкин маълумоте дошта бошад ва он чун маълумоти хатарнок барои Русия мавриди назари ФСБ қарор гирад, хиёнати давлатӣ дониста мешавад”.
Ин пешнависи қонун бояд дар Шӯрои Федератсия низ ба тасвиб расад ва дар он Владимир Путин-раиси ҷумҳур имзо гузорад.