Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, "даври дуғу пӯписа гузаштааст"


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)

Шаҳрдории Душанбе аз раҳбари ҲНИТ хост, барои изҳори назараш дар бораи буридани дарахтон дар пойтахт узр пурсад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз ҷавоби шаҳрдории Душанбе ба матлаби "10 сол пас Душанбе "урён" мешавад", ки дар торнамои Бунгоҳи хабарии "Тоҷнюз" нашр шудааст, изҳори тааҷҷуб кардаву гуфт, "мояи ҳайронии ман аст, ки вақтҳои охир ҳама сӯҳбатҳо, сафарҳо ва мулоқоту мусоҳибаҳои мо бо асабоният қабул мешавад."

Қаблан ҷаноби Кабирӣ дар бораи буридани дарахтон дар пойтахти кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ мегӯяд, "бо он ки далели асабонияти мақомотро намефаҳмам, аммо вакил ва ҳатто як сокини одӣ ҳақ дорад, ки нисбат ба будидани дарахтони шаҳри худ нигаронӣ кунад."

Шаҳрдории Душанбе дар ҷавоби худ ба матлаби Кабирӣ гуфтаҳои овардаашро дурӯғу беасос дониста ва ҳатто онро тӯҳмату бӯҳтон хондааст. Ин аст, ки шаҳрдорӣ аз раҳбари ҲНИТ хостааст, то тариқи расонаҳо узр пурсад, вагарна ӯро барои ин тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ хоҳанд кашонд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо он ки зиёд бовар надорад, ин қазия то ба додгоҳ кашида шавад, бар ин аст, ки "даври дуғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд."

Посухи шаҳрдории Душанбе ба Муҳиддин Кабирӣ

Раҳбари ҲНИТ сабаби чунин амалкарди мақомот ва ҳукуматдоронро дар "эрка кардани онҳо тавассути ҳизбу ҳаракатҳо ва шаҳрвандон" мебинад ва мегӯяд, "шояд айби мост, ки онҳоро муддати 10-15 сол фақат таърифу тавсиф кардем ва ҳамакнун камтарин интиқодро таҳаммул карда наметавонанд."

Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе
Муҳиддин Кабирӣ дар баробари иддаои шаҳрдорӣ, ки раҳбари ҲНИТ барои тӯҳмату бӯҳтонаш узр пурсад ва дар акси ҳол ба додгоҳ кашида хоҳад шуд, гуфт, "ҳеҷ гуна тӯҳмату буҳтонро дар матлабаш намебинад ва вазифаи вакил гуфтану матраҳ кардани масъала аст, дигарон вазифаи худро бояд анҷом диҳанд. Аммо агар лозим медонанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд, пас, марҳамат ба додгоҳ муроҷиат кунанд."

Ҳушдори шаҳрдории Душанбе барои ба додгоҳ кашондани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар ҳолест, ки чанд соле пеш низ шаҳрдории пойтахт марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди мухолифони давлат ва раҳбари собиқи ҲНИТ-ро барои он ки ба таври умумӣ гуфта буд, дар бахши обрасонии пойтахт баъзе ҳолатҳои коррупсионӣ вуҷуд дорад, ба додгоҳ кашонда буданд.

Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдорӣ нашр кард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG