Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҷарима қонуншиканиро коҳиш медиҳад?


Сар аз соли оянда дар Тоҷикистон наздик ба сад навъи ҷаримаҳо аз ду то шаст дарсад (фоиз) афзоиш меёбанд.

Мувофиқи муқаррароти нави Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон, аз нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ сар карда, то пинҳон доштани молиёт ва ё таъхир дар пардохти он, фурӯши маҳсулоти зераксизӣ, нигоҳдориву тиҷорати маводи муҳлати истеъмолаш гузашта ва умуман барои кирдорҳои хилофи қонун, мизони ҷаримабандӣ ба ҳисоби миёна 13 дарсад баланд хоҳад шуд.

Насрулло Маҳмудов, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳоро як амри зарурӣ донист. Ӯ гуфт, афзоиши ҷаримаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба зарурати пур кардани буҷаи давлат марбут нест, балки як чораи маҷбурист, ки шаҳрвандонро ба муроот (риоя)-и қонун одат медиҳад. Ӯ мегӯяд, ин навоварӣ мардумро водор мекунад, ки риояи қонунро пеша кунанд ва аз нақзи қонуну пардохти ҷаримаҳои калон худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол хабари боло рафтани ҷаримапулиҳо бахшҳои муайяни аҳолиро нигарон кардааст. Мирзо, як ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе, ба дафтари Радиои Озодӣ занг зада ва гуфт, ба воситаи зиёд кардани ҷарима масъулин мушкилоти ҳаёти мардумро дар кишвар бештар мекунанд. Ҷаноби Мирзо, ки аз ҳисоби кирокашӣ дар шаҳр хонаводаашро таъмин мекунад, афзуд, то ба ин рӯз маблағи даҳҳо навъи молиётро пардохт мекард ва барои гирифтани ҳар як санад пул месупорад. Ӯ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо нахоста, дар натиҷаи мондагии ҷисмонию руҳӣ қоидаро вайрон мекунад ва дар чунин ҳол афзоиши ҷарима аз рӯи инсоф нест.

Мирзо меафзояд, давлат бо ин васила мехоҳад, на муҷозоти вайронкунандагони қонунро сахттар кунад, балки ният дорад, хазинаро пур созад ва ин мардуми кишварро ҳарчи бештар муҳтоҷ ва бечора хоҳад кард.

Ба ин тартиб, бар асоси ислоҳоти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ минбаъд соҳибкорон ва корхонаҳои давлатӣ бештар мавриди ҷарима қарор хоҳанд гирифт. Масалан, барои интиқоли моли хатарнок ва ё калонҳаҷм бидуни асноди зарурӣ шахси масъул ва ё муассисаи давлатӣ, на дар ҳаҷми 7, балки 17 нишондиҳанда ҷарима пардохт хоҳад кард. Яъне, ба ҷойи 2000 сомонии ҷорӣ, 6000 сомонӣ мепардозад. Як нишондиҳанда дар Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ ба андозаи 40 сомонӣ муқаррар шудааст. Гуфта мешавад, дар пайи ин дигаргунӣ ба қонунгузорӣ дар соли оянда ба хазинаи давлат ба таври илова бештар аз 86 миллион сомонӣ ворид хоҳад шуд. Албатта, агар аҳолӣ ба ҳамин минвол нақзи қонуну қоидаҳоро идома диҳад.

Қонунгузорон умедворанд, ки ҳарос аз ҷаримаҳои калон мумкин аст, ин ададро ба маротиб коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG