Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули муҳоҷирони корӣ ба зиндагиашон кӯмак мекунад?


Тақрибан аз 10 муҳоҷири кории кишварҳои Шӯравии пешин 4 нафари онҳо гуфтаанд, ки баъд аз бозгашт аз муҳоҷират бо пулҳои овардаашон натавонистаанд зиндагии хонаводаии худро беҳтар кунанд.

Ожонси амрикоии Gallup дар ин бора рӯзи панҷшанбе натиҷаҳои назарсанҷии худро ба табъ расондааст. Ин ожонс дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозу Молдова аз 19 000 нафар дар ин бора назар хостааст.

Назархоҳӣ нишон додааст, ки муҳоҷирони кории Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон аз кори худ дар муҳоҷират қонеъ будаанд.

Дар ин кишварҳо 66 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки пулҳои овардаи онҳо ба зиндагии хонаводаашон кӯмак кардааст.

Аммо дар Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистону Молдова гуфтаанд, ки кӯмаки ин пулҳо чандон муассир нест. 40 дарсади муҳоҷирони кории ин кишварҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирати корӣ барои касбомӯзӣ кӯмак кардааст ва аз ин муҳоҷирон тақрибан 20 дарсадаш гуфтаанд, ки касбҳои омӯхтаи онҳо дар пайдо кардани кор ёрӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG