Бино бар ақидаи соҳибназарон, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар соли ҷорӣ дар раддабандии мансабдороне, ки суханонашро хосу ом иқтибос мекунанд, дар ҷои аввал буд.
Журналисти тоҷик, Орзу Исоев мегӯяд: “Изҳороти хандадори аввали Бег Зуҳуров дар мавриди қатъи алоқа бо Бадахшон буд, ки гуфт як тири дайду тамоми системаи алоқа бо ин минтақаро аз кор баровард. Дуввум, ӯ аз роҳбарияти шабакаи иҷтимоии Фейсбук пурсон шуд, ки оё дар Тоҷикистон андоз месупоранд ё на? Ин ду хабар дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт ва ҷаҳониён дар симои Бег Зуҳуров ба Тоҷикистон механдиданд.”
Ҷаноби Исоев афзуд, агар дар Тоҷикистон низ мисли Русия барои гуфтаҳои хандадор ва шубҳабарангез ҷоизаи “Калуши нуқрагин” медоданд, он ҳатман ба ҷаноби Зуҳуров тақдим мегашт. Аммо Зуҳуров ягона мансабдоре набуд, ки бо тасмиму гуфторҳои ногаҳонӣ ва танзомезаш мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, дар миёнаҳои сол як саҳфаи махсуси худро дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” боз ва бо фаъолони ин шабака як вохӯрӣ бо номи “Бидуни миёнаравҳо”-ро баргузор кард. Дар ин дидор ҷаноби Убайдуллоев ба суолҳои бепарда ва ошкорои фаъолони “Фейсбук” посух дод, ки бархе аз ин посухҳо хотирмон буданд. Масалан, ӯ ба суоли сокинони пойтахт дар мавриди буридани арчаҳои шаҳр чунин посух дод: “Кадоматон дар расонаҳо навиштед, ки арча дар як сол танҳо 3 сантиметр дароз мешавад, аммо баъзе чизҳое ҳастанд, ки дар умрашон дигар дароз намешаванд!”
Ҳамчунин як ҷумлаи дигари Убайдуллоев дар ин вохӯрӣ то дер вирди забонҳо буд: “Барои он ки мисли амрикоиҳо зиндагӣ кунем, монанди онҳо кор кардан даркор!”
Бо истеъфои Абдуҷаббор Раҳмонов аз маснади вазири маориф таваҷҷуҳи хоссаи мардум болои тасмимҳои ногаҳонию нофаҳмои ин ниҳод камтар шуд. Вале бо вуҷуди ин, бархе аз гуфтаҳои мансабдорони вазорати маориф то дер боз аз сӯи расонаҳои маҳаллӣ иқтибос мешуд. Масалан, ин гуфтаи муовини вазири маориф Фарҳод Раҳимов дар мавриди ришватситонӣ: “То замоне, ки донишҷӯён ба устодон пора медиҳанд, онҳо мегиранд.”
Мансабдорони мақомоти қудратӣ низ бо вуҷуди кам зоҳир шуданашон дар маҳзари ом, якчанд тасмиму пешниҳодҳои аҷибе карданд. Масалан Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар моҳи май изҳор дошт ки: ” Бояд масъалаи хариди ашёи хоми маводи мухаддир ва афюнро аз деҳқонони афғон ба мақсади несту нобуд кардани он ва истифода дар соҳаи формакология, дида баромад.”
Пас аз ин гуфтаи ҷаноби Раҳимов расонаҳои Русия шубҳа карданд, ки магар ин вазири тоҷик мехоҳад мақомоти расмиро ба тиҷорати маводи мухаддир ҷалб кунад?
Ҳамчунин масъулони соҳаи тандурустӣ низ, ки соли ҷорӣ бештар зери тозиёнаи танқиди матбуоти мустақил қарор доштанд, дар посухҳои пурэҳсосашон ба ин расонаҳо як зумра гапҳои хандадор ва хотиромон навиштанд. Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар яке аз чунин ҷавобҳо ин гуна далел овард: “Духтуре, ки суруди миллиро кишварашро намедонад, диагнози дуруст монда наметавонад”.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони сатҳи поёнии Ҳукумати Тоҷикистон низ аз қабили раисони ноҳияҳо низ бо пешниҳоду гуфтаҳои булаҷаби худ мардумро ҳайрон карданд.
Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, моҳи июни соли равон барои коҳиши талоқ чунин пешниҳод кард: «Хуб мешуд, ки пеш аз ақди никоҳи расмӣ писару духтар дар шоҳидии волидони худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва духтар сертификати бокирагиро гирад. Комилан дуруст мешуд, ки дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора қарори дахлдоре қабул шавад. Дар он сурат мақомоти САҲШ қабл аз бақайдгирии никоҳи ҷавонон маълумотномаи тиббии номзадҳоро талаб мекарданд.»
Ҳамин тариқ, суханони хотирмони сол дар кишвар зиёд буданд, аммо кадоме онҳо дар ҳамин сол мемонаду кадоме дар соли нав бо шаклу тобиши нав такрор хоҳад шуд, вақт нишон хоҳад дод.