Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 миллион $ ҳаққи "духтари рақами 1"-и Каримов


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова
Як силсила асноде ки ахиран дар Шветсия нашр шуд, зоҳиран аз равобити аз равобити зичтари ширкати мухобиротии скандинавии TeliaSonera ва Гулнора Каримова - духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов дарак медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ин ширкати қисман мутааллиқ ба давлатҳои Шветсияву Норвегия ва Финландия ҳамчунон 300 миллион доллар пора доданаш ба Каримова танҳо ба хотири роҳ ёфтан ба бозори телефонҳои мобили Узбакистонро радд мекунад.

TeliaSonera мегӯяд, ба Гулнора Каримова пора надодааст, вале асноди тоза нашршуда шавоҳиди шайъиеро меорад, ки масъулони ширкат хеле фаъолона роҳҳои тамоси мустақим бо духтари президенти Узбакистонро меҷустанд. Дар ҳоле ки дар Шветсияву Швейтсария қазияҳои марбут ба шустушӯи пул аз сӯи наздикони Гулнора Каримова таҳқиқ мешавад, моҷарои TeliaSonera таваҷҷӯҳи ҳарчӣ бештареро ба худ ҷалб мекунад.

Санадҳое, ки дар ин ҳафта додситонҳои Шветсия ироа карданд, аз ҷумла мукотибаи
аз соли 2007-ро дар бар мегирад ва дар он дар бораи кушодани “чанд канал”-и тамос бо доираҳои ҳоким, аз ҷумла “мулоқоти имконпазир бо духтари рақами яки Каримов – Гулнора Каримова – ва ҳамкорони ӯ дар бахши мухобирот ба ҳамин зудӣ” сӯҳбат мешавад.

Эмейли навиштаи Серкан Элдер – мудири Fintur Holdings – як ширкати марбут ба TeliaSonera ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки то замоне ки “мо бо тими Каримова дар мавриди интихоби шарики маҳаллии мо ва тарзи идораи он ба як ҳусни тафоҳум даст наёбем”, набояд ба мулоқоти вазири мухобироти Узбакистон Аҳмадуллоҳ Орипов рафт.

Гулнора Каримова, ки дар 10 соли охир чанд курсии дипломатиро иваз кард, дар соли 2007 мушовири вазири хориҷаи Узбакистон буд ва дар асл ҳаққи дахолат дар музокироти сармоягузориҳои бузургро надошт. Вале духтари президент, ки дар мукотибаҳои дипломатӣ як “барони қароқчӣ” номаш мебаранд, кайҳост, “пуловар”-и хонаводаи Каримов аз ҳисоби “ларзондан”-и тоҷирони маҳалливу хориҷӣ дониста мешавад. Ҷамъи дороиҳои Каримовҳоро миллиардҳо доллар мешуморанд.

Номаи Серкан Элдер аз 13 ширкате ном мебарад, ки гӯё дар он замон пурра ё қисман ба Гулнора Каримова тааллуқ доштанд. Аз ҷумла чанд ширкати мухобиротӣ, бо шумули Уздунробита ҳам ёд шудааст, ки баъдан ба ширкати русии МТС фурӯхта шуд ва ҳукми Тошканд ба мусодираи амволи МТС дар соли 2012 хеле сару садо ҳам кард.

Як нуктаи ҷолиб, ки табиати соҳибкорӣ дар Узбакистонро ошкор мекунад, ҳамчун миёнҷӣ хидмат кардани раҳбари Уздунробита Беҳзод Аҳмадов байни Каримова ва рақиби ояндааш - TeliaSonera аст. Аҳмадов, ки дар пайи ҷанҷоли МТС тарки Узбакистон кард, баъди бозгашт ба фасод айбдор шуд ва сарнавишташ дигар маълум нест. Аҳмадов танҳо яке аз 4 гумонбар дар парвандаҳои шустушӯи пул аст, ки дар Шветсияву Швейтсария таҳқиқ мешаванд ва дар бонкҳои Женева беш аз 600 миллион доллари ӯро мунҷамид кардаанд.


Порае аз мукотибаи Гулнора Каримова бо масъулони Teliasonera
Порае аз мукотибаи Гулнора Каримова бо масъулони Teliasonera
Додситонҳои Шветсия дар ин ҳафта аз додгоҳ мусодираи 1,5 миллиард крони шведӣ(230 миллион доллар)-еро хостанд, ки ба ширкати гибралтарии Takilant пардохт шудааст. Вуруди TeliaSonera ба бозори Узбакистон тавассути ҳамин ширкати он замон таҳти раҳбарии Гаяне Авакиён – як шарики хеле ҷавони Гулнора Каримова - сурат гирифта буд. Ӯ ҳам аз 4 гумонбари парвандаи шустушӯи пул аст.

TeliaSonera ҳар навъ кӯтоҳиро дар фаъолияташ радд карда, дар баёнияи ахираш изҳори итминон кард, ки таҳқиқот даст надоштани ширкат дар ҳар навъ ришвадиҳиву шустушӯи пулро собит хоҳад кард. Ширкат пешниҳоди вазири давлатӣ дар мавриди муваққатан канор задани мақомҳои дахил дар муомилаи Узбакистонро ҳам радд кард.

Гулнора Каримова то ҳол қазияи TeliaSonera ё он бахши эмейли Серкан Элдерро, ки иддаои ӯ дар бораи доштани дипломи донишгоҳи мӯътабари Ҳарвардро “дурӯғ” меномад, шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG