Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Саидов: "Куштори язнаи президент фармоишӣ буд"


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон.

Раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар робита ба парвандаҳои Холмӯъмин Сафаров, Умаралӣ Қувватов ва Низомхон Ҷӯраев посух дод.

Фаттоҳ Саидов куштори Холмӯъмин Сафаров, сарвари Хоҷагии ҷангал ва шикор, низ язнаи раисҷумҳури Тоҷикистонро «сирф фармоишӣ» номида, гуфт ин ҷиноят
ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар Корхонаи тиллои Шугнов рабт дорад: «Ҳамчун собиқ корманди раёсати мубориза алайҳи ҷинноятҳои иқтисодӣ ё УБЭП – и вазорати корҳои дохилӣ банда 17 рӯз дар он корхона тафтишот гузаронда будам. Мо аз як ҳаҷми муайяни хок 3 килову 200 грам тилло ҳосил кардем, аммо раҳбарони он ба давлат ҳамагӣ 800 – 900 грам медоданд. Он замони вазнин буд, ба корхона наздик рафта ҳам намешуд. Ҳоло роҳбари ин корхона, ки аз
Холмӯъмин Сафаров, дар тобистони соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.
Холмӯъмин Сафаров, дар тобистони соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.
хешовандони Сафаров аст, ҳамон афродро аз кор пеш кардааст. Ин куштор фармоишӣ ва ба хотири тарсонидани касе аст. Азбаски ин парванда дар дасти мо набуд, аммо ҳамчун корманди собиқи хадамоти фаврӣ назари ман чунин аст.»

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон шаҳрванд Диловаршоҳ Қосимовро бо иттиҳоми қатли Холмӯъмин Сафаровро ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Бино бар маълумоти расмӣ, рӯшан нест, муфаттишон қазияро ба Корхонаи тилои Шугнов бастагӣ додаанд ё не ва изҳороти Фаттоҳ Саидов ба таҳқиқи воқеа чӣ тағйир ворид хоҳад кард. Гурӯҳи тафтишотии қазия ба ин изҳорот вокуниш накардааст. Язнаи президенти Тоҷикистон ва раҳбари муассисаи Хоҷагии ҷангал ва шикор, Холмӯъмин Сафарови 57-сола, моҳи июни соли 2012 дар Душанбе кушта шуд.

Суоли дуюм ба қазияи Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони «Гуруҳи 24», ки дар Дубай бо дархости Тоҷикистон боздошт шудааст, дахл дошт. Ҷаноби Саидов гуфт, Қувватов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад ва парванда алайҳи ӯ бо аризаи шаҳрвандони Чин, Афғонистон ва Тоҷикистон боз шудааст. Ба гуфтаи ӯ, далоили дигаре мавҷуданд, ки тибқи онҳо Қувватов шаҳрвандони хориҷиро гаравгон гирифтааст.

Аммо Қувватов, ки дар боздоштгоҳи Дубай қарор дорад, иттиҳомоти давлати Тоҷикистонро рад карда, изҳор медорад, иддао дар мавриди қаллобӣ ангезаи сиёсӣ дорад ва аз мухолифатҳои ӯ бо ҳукумати феълии Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Умаралӣ Қувватов ҳамоно дар боздошгоҳе дар Дубай ба сар мебарад.
Умаралӣ Қувватов ҳамоно дар боздошгоҳе дар Дубай ба сар мебарад.
Ҳамоҳангсози дифои Қувватов дар Дубай, Николай Николаев, гуфт: «Гап дар сари он аст, ки дар Душанбе аз кам мондани фурсат дар ташвиш афтодаанд. Аз ин хотир, ҳоло дар Душанбе мекӯшанд, ки иттиҳомоти нав ба нав эҷод кунанд. Ман бо Умаралӣ дар тамос шудам ва гуфтам, ки алайҳи ту боз ҷиноятҳои ҷиддитаре эълон кардаанд. Вай бадоҳатан гуфт, ҳайрон намешавад агар ӯро дар кӯшиши хӯрдани кӯдакон, табаддулоти давлатӣ, терроризми байнулмилалӣ ҳам гунаҳкор кунанд. Ин суханони худи ӯст.»

Ҷаноби Қувватов, 23-юми декабри соли гузашта бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар Дубай боздошт шуда, масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Фаттоҳ Саидов ҳамчунин дар мавриди парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи Корхонаи кимиёи Исфара, изҳори назар карда, гуфт, ӯ ба ҷуз ҷиноёти иқтисодӣ дар қочоқи спирт ва куштори инсон муттаҳам мешавад, аммо таҳқиқи ин иттиҳомот ҳанӯз анҷом нашудааст. Вай афзуд, маблағҳое, ки Ҷӯраев барои ҷиноятҳои иқтисодиаш барқарор кардааст, ҷазои ӯро сабук мекунанд, аммо ҷавобгарии ӯ барои қочоқи спирт ва кушторро тафтишот маълум хоҳад кард.
Низомхон Ҷӯраев дар чанд моҳи пеш ба таври мармузона аз Русия ба Тоҷикистон интиқоло дода шуд.
Низомхон Ҷӯраев дар чанд моҳи пеш ба таври мармузона аз Русия ба Тоҷикистон интиқоло дода шуд.

Аммо Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Ҷӯраев мегӯяд, ҳанӯз ҳаҷми зарари молиявии расонидаи Ҷӯраев муайян нашуда, ӯ аллакай 10 миллион сомонӣ пешпардохт кардааст.

Низомхон Ҷӯраев аз соли 2007 таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарор дошт. Моҳи августи соли 2010 бо дархости Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд ва 29-уми марти соли 2011 дар Маскав ғайб зада, моҳи апрел тариқи телевизиони давлатии Тоҷикистон дар Душанбе рӯ зад. Ҷӯраев он замон изҳор дошт, ки ихтиёран ба Тоҷикистон омадааст, чун ба бегуноҳияш бовар дорад ва мақомот ваъда додаанд, ки парванди ӯ мунсифона баррасӣ хоҳад шуд. Қисмате аз парвандаҳо алайҳи Ҷӯраев ҳанӯз моҳи майи соли гузашта ба додгоҳ фиристода шудаанд, вале пажӯҳиш ҳамоно идома дорад.

Сабаби ба дарозо кашидани парвандаи Ҷӯраевро Фаттоҳ Саидов шарҳ дода, гуфт, азбаски аксари шоҳидони парванда дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, овардану пурсуҷӯи онҳо вақти зиёд гирифт, аммо парванда ҳамин рӯзҳо ба суд супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG