Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов рӯзи 29-уми январ ба "Озодӣ" гуфт, ки дар Дубай як ҳайати ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон барои истирдоди зерҳимояи ӯ Умаралӣ Қувватов, санадҳоро омода мекунанд.
Николай Николаев афзуд, ки дар Додситонии Дубай раиси Намояндагии Интерполи Тоҷикистон Ҷамшед Машрабов ва раиси консулгарии Тоҷикистонро дидааст, ки дар пайи ҷамъоварии санадҳо, бо мақомоти Имороти Мутаҳидаи Араб музокира мебаранд.
Ба қавли вакили мудофеъ Николаев, ҳайате, ки аз Тоҷикистон омадааст, мехоҳад бидуни баргузор шудани мурофиаи додгоҳӣ, аз тариқи созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди таслими ҷинояткорон, Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон истирдод кунанд.
Дар мавриди баргузории баҳси Додгоҳи дар Дубай, Николай Николаев гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд мурофиаи додгоҳӣ сурат хоҳад гирифт. Давраи аввали муҳлати нигоҳдории Умаралӣ Қуватов дар боздоштгоҳи Дубай 3-юми феврал ба охир мерасад, аммо ба қавли Николай Николаев, тибқи қарори додситонӣ, то 15 рӯзи дигар тамдид шудааст.
То кадом андоза масъалаи истирдоди Умаралӣ амалишаванда аст, Николай Николаев бо назардошти қарордоди сиёсии ду кишвар гуфт, тибқи моддаи 30-юми Қонуни Иморати Мутаҳидаи Араб дар хусуси манъи истирдод, зикр шудааст, шахсе ки бо ангезаи сиёсӣ дар кишвараш марг ва шиканҷа ӯро интизор аст, истирдод карда нахоҳад шуд. Аммо Николай Николаев меафзояд, ки мақомоти Тоҷикистон дар инҷо тамоми нерӯи худро сарф карда истодааст, ки Умаралӣ ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Ин дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Умаралӣ Қувватов, аз сӯи мақомоти Иморати Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзиш қарор дорад.
Вай афзуд, ки агар онҳо пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи Умаралӣ Қувватов розӣ шаванд, ӯ ҳатман ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Вазири корҳои дохилӣ ёдовар шуд, ки ин дархост аз тарафи Додситонии кулл тибқи созишномаи байниҳукуматии ду кишвар дар хусуси таслими ҷинояткорон, ба Иморати Муттаҳидаи Араб фиристода шудааст.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, соли гузашта 2 ҳазору 924 нафар афроди дар пайгардқарордошта, аз ҷумла 1 ҳазору 294 нафарашон, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон 9-уми январи соли равон, зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки чанд рӯзи қабл мақомоти зидахл дар ин маврид ба мақомоти зидахли Имороти Муттаҳидаи Араб дархост фиристодаанд. Умаралӣ Қувватовро 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт карданд. Созишномаи миёни Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо, 5 соли пеш имзо шуда буд.