Орифшо Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, қувваи заминларза 2,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил медод. Маркази он дар 250 километрии шарқи Душанбе дар қаторкӯҳҳои Помир воқеъ дар ҳудуди вилояти Бадахшон дар наздикии марз бо Чин ва Қирғизистон ҷойгир буд. Ба иттилои манбаъ, бар асари ин ҳодиса хисорот ё талафоте ба қайд гирифта нашудааст.
Субҳи имрӯз хабаргузории Tengrinews такя ба иттилои Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иттилоъ дода буд, ки ҷунбиши қишри замин бо қувваи 5,1 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер соати 10:12 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Аммо ба гуфти Орифшо Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин хабар чандон ба воқеият мувофиқат намекунад. Зеро қувваи заминҷунбӣ дар маркази он на 5,1, балки 2,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил медод.
Азбаски қувваи ҷунбиши замин дар маркази он чандон зиёд набуд, аз ин рӯ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар заминларза ба қайд гирифта нашуд, - афзуд Нозимов.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо, бар асари заминларза дар қисмати ҷанубу шарқи Чин 20 нафар ҳалок ва 700 манзили истиқоматӣ вайрону валангор гардидаанд. Қувваи заминларза 5,5 балл аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Ин офати табиӣ ба мавзеи аҳолинишини Юнани Чин хисороти бештар ворид кардааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, бар асари ин заминларза 2,5 ҳазор бино қисман зарар дидаанд. Ба мавзеи зарардида гурӯҳи наҷотбахшон ва мутахассисони бахши сейсмологӣ сафарбар шудаанд.