Ҳарчанд бархе аз онҳо мегӯянд, ин ҳаво ба рӯҳияи идонаашон таъсир надоштааст, бархи дигар изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки барномаҳояшон барҳам хӯрд. Ин дар ҳолест, ки сарду барфӣ шудани ҳавои Тоҷикистон дар рӯзи ид аз пеш маълум буд.
Фариштамоҳ, сокини Душанбе иди худро дар ҷамъи наздикон ва дар ҳавлии волидайн пешвоз мегирад. Вай мегӯяд, ҳамасола дар хонадони падар бо ширкати ҳамаи фарзандон як барномаи оилавие таҳия мешавад, ки ба шумули ғизоҳои гуногун рақсу тарона ва саҳнаҳои аз сӯи хурдтаракони хонавода омодашударо низ дарбар мегирад:
«Барф буд, об шуд, боз борон шуд, боз барф… Ин беҳтарин тӯҳфаҳо ҳастанд аз Худованд. Бубинед, ки мо занҳо чун боду ҳаво чӣ гуна тағйирёбанда ҳастем. Яъне мо метавонем шод бошем, ғамгин бошем, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, наздикони худро бо чеҳраи боз пешвоз гирем.»
Аммо Муҳайё, сокини дигари пойтахт мегӯяд, боду ҳаво нақшаҳои ӯву оилаашро барбод дод, зеро онҳо дар ин рӯз мехостанд ба сайри шаҳр бароянд: «Шаб чун хобидем, баҳор буд, субҳ хестем, ки зимистон шудааст. Ҳоло дар хонаем. Як бор ҳаво кушод, хуш шудем, ки офтоб мешавад. Аммо боз борон омаду пас барф. Ҳамин хел, ҳамаи нақшаҳои мо барбод рафтанд.»
Аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 8-уми март рӯзи истироҳат эълом шудааст ва одатан мардум онро дар оила ҷашн мегиранд. Тантанаҳои расмӣ дар Душанбе рӯзи қабл баргузор шуда, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар Кохи Борбад бо занони фаъоли кишвар мулоқот кард. Дар ҳамин ҷо як консерти идона низ ҷараён гирифт.
Аммо иддае аз дастандаркорони консертҳову дигар шабнишиниҳои худро дар ин рӯз баргузор мекунанд. Дар Душанбе консерти бародарон Суҳроб ва Олим Маҳмудовҳо бахшида ба Рӯзи модар баргузор мешавад.
Ҳамчунин бори аввал бо пуштибонии ҳукумати шаҳри Душанбе ва аз сӯи ҳафтаномаи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг» шабнишинии фарҳангӣ – тафреҳӣ таҳти унвони «Дискои солҳои 80» баргузор мешавад.
Зафар Абдуллоев, яке аз ташаббускорон ин маҳфил ба Радиои Озодӣ гуфт, боду ҳаво ба маъракаи онҳо таъсире надорад ва мухолифате аз сӯи ягон нафар то ба ҳол садо надодааст. Вай гуфт, шабнишинӣ пуриздиҳом хоҳад шуд: «Ин бори аввал аст, ки дар Душанбе чунин маърака баргузор мешавад. Хилофи интизориҳои мо 200 билете, ки барои шабнишинӣ доштем, ҳамагӣ бо қимати 90 сомонӣ сари нафар фурӯхта шудаанд. Ҳоло қариб ҳамин қадари дигар хоҳишманд дорем. Намедонем, ки чӣ кор кунем.»
Дар қиёс бо солҳои қаблӣ таҷлили 8 март – иди бонувон имсол дар расонаҳои Тоҷикистон баҳсеро ҳам ба бор наовард. Ба қавли коршиносон, далели ин чор сол пеш табдили ном кардани ин ид ба Рӯзи модар аст, ки аз сӯи ҳукумат амалӣ шуд.
Зимнан, шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон дар барномаҳои худ асосан ба ситоиши модар тамаркуз кардаанд ва таронаҳо низ асосан ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, ки ба қавли коршиносон, як гуна пиёда кардани сиёсати ҳукумат ба хотири маҳз Рӯзи модар будани ин ид аст.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ХАТЛОН