Мирзозамон, як сокини миёнсоли Точикистон, мегӯяд, рӯзҳои иду ҷашн ва баъзан дар лаҳзаҳои фориғ аз кор, пинҳон аз чашми хамсояҳову наздикон шароб менӯшад ва ҳамеша мекӯшад, ки сархуш будаш ба дигарон аён нашавад. Фарзандонаш солҳои ахир ба шаробнӯшии ӯ мухолифат нишон медиҳанд ва аз ӯ қотеъона талаб мекунанд, ки як шахси намозхону тақводор шавад.
«Хайр барои баровардани ғами дилу вақтхӯшӣ баъзан менӯшем. Давраҳои пеш дигар буд, мо дар байни русзабонҳо ва дигар миллатҳо тарбият ёфтаву кор кардаем, вале ҳоло ҷамъият дигар шудааст. Масалан фарзандони ман имрӯз ягон нафараш шароб наменӯшад ва ба майнӯшии ман ҳам зидданд, мегӯянд аслан нанӯшед, ҳатто дар рӯзҳои ҷашну идҳо ҳам. Ҳоло ҳатто аксар ҳамон афроде, ҳам ки дар гузашта шароб менӯшиданд, Ҳаҷ рафтаву омада тарки ин кор кардаанд.»
Ба кавли ин ҳамсӯҳбати мо, агар солҳои гузашта шаробнӯшӣ як василаи роиҷи фароғату хушҳолӣ ва рафъи хастагиҳо буд, солҳои он ба як амали шармовар табдил шуда, атрофиён ба шаробнӯш бо нафрат менигаранд ва аз сӯҳбат бо ӯ парҳез мекунанд.
Пажӯҳишҳо ҳам дар солҳои ахир аз коҳиш ёфтани истифодаи маҳсулоти машруботӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳанд. Барои мисол, як назарпурсӣ дар 2 соли қабл маълум карда буд, ки истеъмоли солонаи машрубот ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистону ҳамагӣ 2 литрро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар аксар дигар кишварҳо ин нишондиҳанда болотар аз 10 литр будааст. Аммо бинобар як гузориши тозаи созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар соли гузашта истифодаи машрубот дар Тоҷикистон боз ҳам поин рафта, ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1 литр шудааст.
Абдулло, як соҳибкори тоҷик, ки дар маркази шаҳр супермаркет ё мағозаи бузурги худро дорад, мегӯяд дар 2-3 соли ахир савдои маҳсулоти спиртӣ ба маротиб суст шудааст. Бинобар ин, шумор ва номгӯи шароб дар рафҳои ин мағоза ҳам кам карда шудааст. Харидорони аслӣ имрӯз аксаран хориҷиён будаанд. Абдулло мегӯяд, ин вазъ онҳоро ҳам ба фикри дигар қабул накардани маҳсулоти спиртӣ барои фурӯш бурдааст:
«Масалан ҳамин 5 сол пеш фурӯши маҳсулоти спиртӣ хеле хуб буд, харидор зиёд буд, имрӯз харидор ҳаст, аммо ғолибан аз ҳисоби хориҷиён ва ё дар ҷашну идҳо. Аммо дар рӯзҳои дигар аз сӯйи сокинони кишвар талабот ба шароб хеле кам шудааст. Мо ҳам мебинем, агар аз ҳисоби хориҷиён ҳам кам шавад харидор, маҷбурем дигар фурӯши нӯшокиҳои спиртиро куллан қатъ кунем.»
Воқеан ҳоло дар кишвар шумори мағозаву тарабхонаҳое, ҳам ки истеъмолу фурӯши май дар онҳо манъ аст, бештар мешавад. Тибқи нишондодҳо, коҳиши истифодаи машрубот дар дохил ва мушкили содироти он, солҳои ахир, боиси ба маротиб кам шудани тавлиди ин маҳсулот шудааст. Бозори маҳаллиро имрӯз асосан машруботи тавлиди Русия пур кардааст. Масъулин ҳам мегӯянд, имрӯз бештар маҳсулоти спиртӣ барои истифода дар соҳаи тибб истеҳсол мешавад.
Аммо Хушбахт Самадов, сармуттахассиси раёсати саноати хӯроквории вазорати энержӣ ва саноат мегӯяд, дар ин авохир корхонаҳои истеҳсоли машрубот талош доранд, ки истеҳсолотро боло бубаранд: «Дар 2 моҳи соли равон, 5 ҳазор декалитр шароб истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1, 7 ҳазор декалитр зиёд мебошад. Яъне нақша ба 195 фоиз иҷро шудааст. Дар кишвар имрӯз 24 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд ва дар 2 моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи ин корхонаҳо беш аз 9 ҳазор декалитр арақ истеҳсол шудааст.» 100 декалитр баробари як тонна аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи соҳибназарон дар солҳои 80-уми асри гузашта Тоҷикистон 13 миллион декалитр шароб ё май истеҳсол мекард, ки аксараш ба хориҷа содир мешуд. Барои мисол, майи машҳури «Ғончӣ» дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби 19 медали сифат шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар муқоиса бо замони шӯравӣ, истеҳсоли шароб дар Тоҷикистон 200 маротиба поён рафтааст.
Вакилони Кумитаи энержӣ ва саноат ва сохтмони Маҷлиси намояндагон дар авоили соли равон рӯйи лоиҳаи як қонуни наве кор мекарданд, ки мақсадаш ҳифзи бозори дохилӣ аз маҳсулоти пастсифати спиртӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ буд. Яке аз пешниҳодҳои ин лоиҳа манъи хариду фурӯши машрубот ба ҷавонони то 21 сола буд. Аммо ба гуфтаи Мусаябшоҳ Назриев, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони ин тарҳ, ин пешниҳод, ки ҳадафаш дур нигаҳ доштани ҷавонон аз шароб буд, ҷонибдорони зиёде пайдо накард ва қабул нашуд.
«Ин лоиҳа ба сессия нарафта баргардонида шуд. Ҳадафи мо истеҳсоли кам, вале сифати хуби маҳсулот буд. Мо пешниҳод кардем, ки назорати истеҳсолу фурӯши машрубот шадидтар шавад ва сифат беҳтар. Ҳозир ҳатто ҳамон маҳсулоте, ҳам ки дар Русия ва дигар кишварҳо истеҳсол мешаванд, баъзан сифати хуб надоранд.»
Аммо таҳлилгарону сокинони кишвар омили аслии кам шудани талабгорони шаробро ба мазҳабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистон рабт медиҳанд. Зимни сӯҳбат бо мо як сокини ҳудудан 40- солаи шаҳр, ки худро Мурод муаррифӣ кард, гуфт, дар ҷавонӣ шароб менӯшид, аммо беш аз 10 сол аст, ки ягон навъи машруботро ба даҳон набурдааст. Мурод меафзояд. «Аслан наменӯшам дар тӯй ҷашнҳо ҳам. Чун намоз мехонам ва ягон фоидаи арақро надидаам ман. Аз ин нӯшокӣ зарар асту фоида не. Ба назари ман, ин хуб аст, ки мардум оҳиста- оҳиста аз нӯшидани машрубот даст мекашанд.»
Ба ҳамин тартиб, майнӯшӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба як кори айб табдил меёбад. Як мусоҳиби мо гуфт, 25 сол пеш дар тӯйи арӯсиаш барои меҳмонон 120 шиша арақ оварда буд, вале соле пеш, вақте писарашро хонадор мекард, барои 140 меҳмони тӯй ҳамагӣ 12 шиша арақ рафт.