Рустам Комилов, муфаттиши додситонии минтақаи Кӯлоб рӯзи 27 май ба Озодӣ гуфт, нисбати Собир Гиёев, сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Восеъ бо гумони издивоҷ бо ноболиғ парванда боз шудааст. Оқои Комилов афзуд: «Дар ҳақиқат мо бо гумони издивоҷ бо духтари ноболиғ парванда боз кардаем. Ҳоло ин мард танҳо гумонбар аст, барои ҳамин ман чизе бештар гуфта наметавонам. Агар гуноҳаш дар суд исбот шуд, ки ҳамин хел кор шудааст, ба матбуот хабар медиҳем. Лекин дар парвандаҳое, ки ҷабрдидаҳо ноболиғонанд, ба хотире ки онҳо бояд фардо дар ҷомеа зиндагӣ кунанд, набояд ҳама чиз ошкор шавад. Ба хусус маҳали зисташ. Инро қонун манъ мекунад.»
Бо наздикони ин духтари ноболиғ назди бинои додситонии минтақаи Кӯлоб вохӯрдам, аммо онҳо хеле асабонӣ буданд ва аз изҳори назар худдорӣ намуданд. Аммо як наздики Собир Гиёев гуфт, то замони боздошт сокинони деҳа аз ин ҳодиса хабар надоштанд ва то ҳол боварашон намеояд, ки чунин иттифоқ афтода бошад.
Раҳматулло Юсупов, раиси ҷамоате, ки ин ҳодиса рух додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин духтар дар хонавода фарзанди дуввум будааст ва то ҳол онҳо намефаҳманд, ки чаро атрофиён ба издивоҷи ӯ бо марди 34-сола розӣ шудаанд. Юсупов мегӯяд, падари ин духтар фавтидааст ва модараш ҳамроҳ бо панҷ фарзанд дар хонаи волидайни шавҳараш зиндагӣ мекард. Ин зан барои гирифтани замин барои бунёди манзили зист муроҷиат карда будааст ва ба гуфтаи раиси ҷамоат, ҳоло аризааш дар навбат қарор дорад.
“Ин духтар як моҳи ахир дар дарсҳо иштирок намекардааст. Баъди ин гап мо тафтиш кардем, ки пештар дар беморхона бистарӣ шуда будааст. Ҷарроҳии куррӯда кардаанд. Аз беморхона ҳамин мард ӯро гирифта бурдааст. Мо садҳо бор мавзӯъи манъи никоҳи ноболиғонро ташвиқ карда будем. Ҳатто дар ҳамин деҳа ҳам ҳамин гапҳоро гуфта будем, лекин ман ҳайронам, ки чӣ тавр мулло ҳамин ноболиғро никоҳ кардааст?” - гуфт оқои Юсупов.
Бархе аз сокинони ин деҳа аз ин мард Мулло Собир ном мебаранд. Вале яке аз наздикони Собир Гиёев бо номи Расул гуфт, ӯ даҳ сол пеш ба Донишкадаи исломӣ дохил шуда, дар соли дуввуми таҳсил бинобар иштирок накардан дар дарсҳо хориҷаш кардаанд ва ӯ дар ҳеҷ ҷо мулло набуд.
Дар ҳамин ҳол, Мустафо Сулаймонов, мудири шӯъбаи дини ҳукумати Восеъ мегӯяд, никоҳи духтари 14-сола ҳоло танҳо гумону овоза ҳаст. Аммо ӯ мегӯяд, нафаре, ки бо чунин гумон боздошт шудааст, танҳо як тоҷир аст ва домулло ном бурдани ӯ дуруст нест: «Дар қайди мо бо чунин ном домулло нест. Ин нафар ҳам дар ҳеҷ масҷид ҳам имоматӣ накардааст. Мо фаҳмидем, ки як мағозаи хурд дар ҳамон деҳа дорад ва мулло нест. Ин гап агар рост бошад, гуноҳи мулло ҳамин аст, ки ин тоҷирро бо духтари ноболиғ никоҳ кардааст. Лекин ҳангома кардан даркор нест, чунки ҳоло чизе маълум нест.»
Собир Гиёев рӯзи 25-уми май аз тарафи кормандони умури дохилаи ҳамин ноҳия бо гумони издивоҷ бо як духтари ноболиғ, ки ҳоло ҳомила аст, боздошт шудааст. Алишер Неъматов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ рӯзи 27 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Собир Гиёевро рӯзи 25 май боздошт карда, шоми 26 май ба боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб интиқол додаанд.
Лейтенант Зарифов, корманди шӯъбаи корҳои дорхилии шаҳри Кӯлоб гуфт, ки дар ҳақиқат Собир Гиёев дар боздоштгоҳ қарор дошта, қазияашро додситонии Кӯлоб таҳқиқ мекунад.
Нуралӣ Раҳмонов, як сокини деҳаи Дарвозаи Зулайхои ноҳияи Восеъ ба Озодӣ гуфт, ки Собир Гиёев чанд сол қабл бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддати зиндагии занушавҳарӣ аввал духтари калонӣ ва сипас духтари хурдии ҳамсарашро, ки хонандаи синфи 7 будааст, ба никоҳи худ медарорад. «Ин зан бо духтаронаш дар манзили алоҳида зиндагӣ дорад ва домулло Собир ба назди онҳо мерафту аз аҳволашон хабар мегирифт,» - гуфт ҳамсӯҳбати мо ва афзуд, «танҳо пас аз ҳомила шудани духтари хурдии ин зан, ки дигар ба мактаб намеомад, ҳамсояҳо огоҳ шуданд ва ба милиса хабар доданд.»
Моҷарои ахири никоҳ бо духтари 14- сола дар Восеъ дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон никоҳи духтаронро аз 18 сол боло иҷозат медиҳад.