Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоб ба САҲА чӣ хоҳанд гуфт?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Баъд аз зуҳри сешанбеи 28-уми май мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо сафири нави САҲА баргузор мешавад.

Ин мулоқот бо даъвати намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки рӯзи 28 май намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҳамаи ҳизбҳои расмиро ба мулоқот даъват кардааст. Аммо оқои Ғаффоров роҷеъ ба масоили мавриди баррасӣ дар ин мулоқот чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол як намояндаи Сомони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, ки раҳбари Намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон Маркус Мюллер ба тозагӣ кори худро оғоз кардааст ва мехоҳад бо аҳзоби сиёсӣ ва барномаву ҳадафҳои онҳо ошно шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин мулоқот яке аз масъалаҳое, ки дар миён хоҳанд гузошт сарнавишти раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикисони нав Зайд Саидов хоҳад буд, ки ба таври ғайриқонунӣ ва қабл аз бекор кардани масунияти вакилӣ боздошт шуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, намояндаи Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи гузашта парлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистонро комилан рад кард ва ин як амали ғайридемократии ҳам порулмон ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар мулоқоти мазкур бо намояндаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар миён хоҳад гузошт.

Дар мулоқот бо сафири САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер ҳамаи раҳбарон ва намояндагони 8 ҳизби расмии кишвар ширкат хоҳад кард.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР ХОҲАД ШУД
XS
SM
MD
LG