Фарзонаи Шоҳназар - як сокини Душанбе мегӯяд, Қонуни танзими расму оинро бештар мардуми камбизоат риоят мекунанд ва он ҳам зери назари мақомот. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ҳолатҳое шудааст, ки “коммиссияҳои танзим” ҷашнҳои арӯсӣ ваё базми дигари афродеро, ки беш аз меъёр харҷ кардаанд ё беш аз меъёр меҳмон доштаанд, мақомоти расмӣ ба ҳам мезананд, яъне деги ошро мебаранд ва базму шодиро манъ мекунанд.
Вале ба гуфтаи Фарзона, хеле кам шудааст, ки ин “коммиссияҳои танзим” ба ҷашни фарди сарватманд ё мансабдоре сар бихалонанд. Фарзона мегӯяд, борҳо шоҳиди бевоситаи ду-се рӯз барои духтарҳои худ базмҳое, ба мисли “чойгаштак” барпо кардани чунин афроди ба истилоҳ “обрӯманд” шудааст, вале агарчӣ қонуни танзим «чойгаштак» манъ мекунад, касе аз пойи чунин тӯйдорон намегирад: “Ёфтаанд чанд камбағалро, ки ба духтарат чаро яхдон харидӣ? Ё чаро 30 кило неву 40 кило биринҷ андохтаӣ барои ош?”
Ҳукумати Тоҷикистон қонуни танзими расму оинро дар соли 2007 қабул кард. Ҳадаф аз он коҳиш додани хароҷоти тӯю азои мардум гуфта мешуд. Ин қонун шумори меҳмонони тӯю азоро аз 140 бо 200 нафар ва тӯли баргузории чунин маросимро 3 соат ва барои нақзи ин шароит то 800 доллар ҷарима муқаррар кардааст. Тибқи ин қонун, ҳар нафаре ки маросими тӯй ё азо оростан мехоҳад, бояд аз пеш аз мақомот расман иҷозат гирифта, таъомнома ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷеро, ки мехоҳад истифода барад, бояд дар мақомот “ок” кунад.
Мунтақидон ин қонунро дахолат дар ҳарими ҳаёти хусусии мардум ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ унвон мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки ахиран натоиҷи 6 соли иҷрои қонуни танзимро баррасӣ кард, мегӯяд, дар ин 6 сол ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар афзудааст, ки ин ҳам аз “мева”-ҳои қонуни танзим аст. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ин омор асоси воқеӣ надорад ва сарчашмаи афзоиши пасандози аҳолӣ низ дигар аст.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, пасандозҳое, ки шаҳрвандон аз ҳисоби кам шудани маъракаҳои бемаънӣ ба даст меоранд, барои баланд бурдани сатҳи зиндагӣ, таълиму тарбияи фарзандон, сохтмони манзили истиқоматӣ, хариди ҷиҳози хона ва дигар заруриёти зиндагӣ истифода мешавад. Як ҳосили дигари шашсолаи қонун, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, сарфаи 8 миллиард сомонӣ аз ҳисоби коҳиши расму ойинҳои беҳуда будааст.
Аммо Ҷовид Муқим, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, қабули ин қонун мухолифи усулҳои демократия буд, зеро дахолат ба зиндагии хусусии инсон аст. Вақте шаҳрвандон маблағро бо меҳнати худ ба даст меоранд, набояд касе онҳоро манъ кунад, ки ту маблағатро харҷ накун. Ҷовиди Муқим мегӯяд, ҳамасола ҳисобот медиҳанд, ин қадар маблағ сарфа шуд, вале ин ҷо суоле ба миён меояд, чӣ тавр сарфа шудааст? Магар механизми муайяне ҳаст, ки гуфта тавонанд, чӣ қадар маблағ дар тӯйҳо харҷ накардаанду чӣ андозаи дигар дар худоиҳо? Ин таҳлилгар афзуд: «Қабул карданд қонунро, пас биёед, бубинем, ки оё он амалӣ мешавад? Ин як даричаеро кушод барои коррупсия. Чандин нафарон масъули танзим дар ноҳияву маҳаллаҳо шуданд. Онҳо маош мегиранд, барои нигоҳ доштанашон маблағ масраф мешавад. Аз ҷониби дигар, ҳама қариб инро мебинад, аксари масъулоне, ки дар маҳаллаҳо ҳастанд, ришва мегиранд. Барои он ки иҷозат медиҳанд аз меъёр зиёд дар маросимҳо ширкат кунанд. Аз шаҳрвандон ягон чӣ «мекананд» ё чашм мепӯшанд. Қонуншиканӣ болои қонуншиканӣ шуда истодааст.»
Ҷовиди Муқим низ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо далели риоя накардани қонуни мазкур асосан мардуми камбағал ё ба истилоҳи маъруф, бесоҳибро ҷарима мекунанд, вале “коммиссияҳои танзим” ба давлатмардону давлатмандоне, ки дар тарабхонаҳо барои 300 то 500 нафар соатҳо тӯй медиҳанд, кор намегирад.
Аммо коршиноси Маркази тадқиқотии стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдии Собир мӯътақид аст, ки қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дуруст ва саривақтӣ буд, зеро фишори хароҷоти беш аз ҳадди тӯю азоро барои бахусус мардуми камбизоат хеле коҳиш дод. Маҳдии Собир меафзояд, ки ин қонунро дар Душанбеву Хатлон ва суғд бештар риоя мекунанд: «Ин масъалаҳо танҳо дар водии Рашт ба танзим дароварда нашудааст, балки хароҷоти тӯю азо дар онҷо баръакс бештар шудааст.»
Қонуни баҳсбарангез «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» соли 2007 қабул шуд. Мавҷи нави интиқодҳо аз қонуни танзими расму оин дар ҳолест, ки тайи дастикам ду моҳи охир назорат бар тӯю маросими мардум аз сӯи мақомот башиддат бештар шудаааст. Қариб ҳар рӯз дар телевизионҳои давлатӣ аз чигуна ҷилавгирӣ кардани “коммиссияҳои танзим” аз тӯй ё худоии серхарҷ дар пойтахт ва ҳатто дар навоҳии дурдасте, чун Қабодиён, гузоришҳо пахш мешаванд.
Вале бо вуҷуди интиқодҳо, бархе, бахусус дар миёни қишри камбизоат хушҳоланд, ки метавонанд ҷашну арӯсии худро бо харҷи камтар ва бидуни худнамоии беш аз ҳадд баргузор кунанд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бо қабули ин қонун, шумори издивоҷҳо дар кишвар ду баробар афзудааст.