Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки сафари вазири дифои Ҳиндустон ба Тоҷикистон имкон дорад дар авоили моҳи июл сурат бигирад, вале ҳанӯз рӯзаш дақиқ нашудааст ва то замоне, ки ташриф наёрад, вазорати хабар пахш нахоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки матбуоти Ҳиндустон хабари сафарро бо барномаи он пахш кардаанд ва навиштаанд, ки вазир бемористони дорои 50 ҷойро дар ҷануби кишвар ифтитоҳ хоҳад кард. Матбуоти Ҳиндустон таваҷҷуҳи Деҳлӣ ба манотиқи марзии Тоҷикистонро ба хирӯҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон марбут кардаанд.
Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ки воқеан дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мутахассисони низомии Ҳиндустон як бемористони дорои 50 катро бунёд карда истодаанд ва дар назар аст, ки Аракапарамбил Энтони зимни сафараш ба Тоҷикистон онро ифтитоҳ намояд. Бунёди ин беморхона тибқи як қарордод миёни Вазорати дифои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соли 2011 оғоз шуда буд.
Дар солҳои 90-ум низ Вазорати дифои Ҳиндустон дар ноҳияи марзии Фархор, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон як беморхонаи ҳарбӣ бунёд карда буд, ки дар он низомиёни захмии Эътилофи зидди гуруҳи Толибон ва Ал -қоида табобат мешуданд. Ин шифохонаи низомӣ то соли 2001 фаъолият дошт ва асосан ба Эътилофи Шимол дар Афғонистон хизмати тиббӣ мерасонд ва ба қавле, пас аз ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанаш сарвари Эътилоф Аҳмадшоҳи Масъуд низ ба ин шифохона оварда шудааст.
Баъд аз вуруди эътилофи байнулмилал ба Афғонистон ва суқути режими Толибон дар соли 2001 Ҳиндустон шифохонаи низомии Фархорро раҳо кард. Ба иттилои мақомоти ҳиндӣ, ҳоло дар чор вилояти Афғонистон -- Кобул, Қандаҳор, Ҷалолобод ва Ҳирот ҳамчунин шифохонаҳои Корпуси тиббии артиши Ҳиндустон фаъолият доранд.
Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва тасмими дигарбора аз сар гирифтани кори шифохонаи низомӣ ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар соли 2014 рабт дода мешавад. Мақомоти Ҳинд ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар ин робита Ҳинд ҳузури низомиаш дар Афғонистонро ба таври густарда тақвият хоҳад дод.
Тавре вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши низомӣ аз соли 2002 оғоз шудаанд. Дар чаҳорчубаи ҳамкории дуҷониба мутахассисони низомии Ҳиндустон фурудгоҳи низомии Айниро таъмир карданд, ки дар соли 2010 ба истифода дода шуд ва маблағи он ба 70 миллион доллар баробар будааст.