Рустами Ҷонӣ рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфт,”мо пойфишорӣ мекунем, ки ҳарчизе ки мо гуфтем, воқеъият буд ва инки дармеафтанд имрӯз, ба хотири воқеъанигорист.“ Ӯ афзуд, аз ҳукми имрӯзаи додгоҳи Душанбе ба зинаи назоратии додгоҳи пойтахт ва агар дар ин ниҳод низ ба доди онҳо нарасанд, ба зинаҳои болотаре то Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10 июн шикояти нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро радд карда, ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин баҳси додгоҳиро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ин қазияро пушти дарҳои баста муҳокима ва ба нафъи Ҳукумов ҳалл кард, бо ҳукмаш аз 25 феврал нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро муваззаф кард, ки ба Рустам Ҳукумов 50 000 сомонӣ, муодили беш аз 10 000 доллар, ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. Аммо масъулони нашрияи “Имрӯз Нюс” ин ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд.
Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ки муттаассифона, дар додгоҳи шаҳрӣ низ натавонистанд ба адолат даст биёбанд. Муассиси “Имрӯз Нюс” аз ҷумла гуфт: “Мо ки бори дуюму бо ниҳодҳои додгоҳӣ сарукор гирифтем, маълум шуд, ки ҳамаашон аз рӯи як қоида амал мекунанд. Яъне мо чунин як эҳсоси беҳимоятӣ кардем. Вақте додрас ҳангоми баромадҳои мову баёни мавқеъи мо хобаш мегираду хоб мекашад ва дар вақти баромади ман мехезаду баромада меравад, ин маълум аст, ки ҳанӯз қабл аз шунидани мавқеъи мо қарор маълум буд.”
Аммо дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки нашрия далоилеро, ки воқеъӣ будани фактҳои омада дар матлаби "Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд" -ро собит кунад, оварда натавонист.
Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» аст, ки рӯзи 16 октябри соли 2012 чоп шудааст. Дар ин матлаб дар баробари баррасии қазияи боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешуд, ки аз қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, сарвари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз афроди пурнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.
Рустам Ҳукумов аммо бо ин даъво, ки дар матлаби "Имрӯз Нюс" эътибори ӯро паст задаву дар ҳаққаш туҳмат кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурд ва аз нашрия ҷуброи маънавӣ талаб кард.
Рустам Ҳукумов дар соли 2008 дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, номи ӯ дар соли 2011, дар рӯзҳои боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз маҳбас дар Русия раҳо ёфт ва ба Душанбе баргашт.
Дар маҳфилҳои хабарнигории Тоҷикистон баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро як ҳамлаи навбатӣ ба озодии баён унвон мекунанд. Ин қазия ҳамин тавр, мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистонро дигарбора зери суол мебарад ва ба фоидаи писари раиси ширкати роҳи оҳан ҳалл шудани ин баҳсро бисёриҳо аломати “рӯйихотирбинӣ”-и мақомоти додгоҳӣ додгоҳӣ меноманд. Ин масъала ҳам норӯшан мемонад, ки чаро Рустам Ҳукумов маҳз “Имрӯз Нюс”-ро ҳадаф қарор дод, ҳол он ки айни мавзӯъро даҳҳо нашрияи дигар дар Тоҷикистону Русия низ доман задаанд?
“Имрӯз Нюс” дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо нашрияест, ки ҳафтае 5 маротиба нашр мешавад. Аксарияти кулли расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон ҳафтае танҳо як маротиба чоп мешаванд.