Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбаҳор Боқиева: «Модар будан душвортар аз табиб будан аст»


Гулбаҳор Боқиева - дар марказ
Гулбаҳор Боқиева - дар марказ

Ин бор меҳмони мо гулбаҳор Боқиева, як донишманди тоҷик дар илми тибб аст, ки ахиран аз як намоишгоҳи илмӣ дар Кореяи ҷанубӣ бо се нишони тило баргашт.

Гулбаҳор Боқиева, олим ва ҷарроҳи тоҷик чанде қабл барои ихтироъҳояш дар Намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» дар ҷумҳурии Корея сазовори се медали тилло ва Мукофоти махсуси Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ шуд. Ин бонуи тоҷик, ки дастовардҳояш зиёд аст ва ӯ ҳатто хатнаи бачаҳоро анҷом медиҳад, дар сӯҳбат бо Озодӣ иқрор шуд, ки мушкилоти рӯзгораш низ кам нест…



Гулбаҳор Боқиева дар меҳмонии Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Гулбаҳор Боқиева

Гулбаҳор Боқиева 18 марти соли 1974 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 94-и ин ноҳияро хатм кардааст. Солҳои 1991-1993 дар Омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, то соли 2000-ум ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дар шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакони Беморхонаи Қарияи Боло фаъолият доштааст. Баъдан дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон, ординатураи клиникии кафедраи ҷарроҳии кӯдакон таҳсил кардааст. Ҳоло ҷарроҳии уролоҷии кӯдакон дар Беморхонаи Қарияи Боло аст ва ҳамзамон ба донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ дарс мегӯяд.
Номзади илми тиб, муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ. Як дарёфти тиббӣ ва нӯҳ ихтироъ дорад. Барои ихтироъҳояш дар Намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» дар ҷумҳурии Корея соли гузашта сазовори як медал ва имсол сазовори се медали тилло ва Ҷоизаи вижаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ гардид.
Озодӣ: Қабл аз ҳама, шуморо ба муносибати эътироф шудани ихтирои шумо дар Корея табрик мегӯем ва ҳамчунин бо ин ки сазовори медали тилло ва сертификат шудаед. Он чӣ ихтироъ буд ва аҳамияташ дар чист?

Гулбаҳор Боқиева:
Ихтирои ман ба мушкилоти бемориҳои уролоҷии кӯдакон, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд, марбут аст. Ман ҳамроҳи ҳамкоронам аз кафедраи уролоҷии кӯдакони донишгоҳи тиббӣ хостем ҳолати ин кӯдаконро каме сабук созем. Бо роҳбарии профессор Аъзам Азизов барои табобати склерози гарданаи масона дар кӯдакон асбобе ихтироъ кардем . Ихтирои мо одӣ, дастрас ва барои табобат таъсирбахш аст. Кормандони агентии миллии патент қарор доданд, ки маҳз ин ихтироъро пешниҳод созанд, чун мушкили моро дар самти ҷарроҳии уролоҷии кӯдакон медонистанд.
Мо ин василаро аллакай дар корамон истифода мебарем ва таъсирашро эҳсос мекунем. Аммо он ҳоло танҳо дар Душанбе, дар кафедраи мо истифода мешавад. Кӯдакон зуд шифо меёбанд, ягон оризаи манфӣ надорад. Мо онро ба табибони минтақавӣ ҳам тавсия мекунем. Аллакай онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Мо ба онҳо пешниҳод кардем, ки ройгон аз асбоби мо истифода баранд.

Озодӣ: Барои як зан дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон даст ба кори илмӣ задан ва гузашта аз ин ихтирое кардан кори осон нест, чун хонаву бачаву шавҳару... хулоса масъулиятҳои дигар, ки тамоми вақтро занро мегирад. Шумо барои расидан ба ҳадафи худ аз баҳри чӣ гузаштед?


Гулбаҳор Боқиева: Занҳое ҳастанд, ки ҳам зиндагии шахсӣ ва ҳам корро баробар пеш бурда метавонанд. Аммо ман дар мадди аввал карйераро гузоштам. Танҳо баъди ҳимояи кори илмӣ ба шавҳар баромадам. Шукри Худо, ҳоло соҳиби духтарчаам. Як солаву думоҳа шуд. Акнун албата, ҳам бо тарбияи кӯдак ва ҳам кори илмӣ баробар машғул мешавам.

Озодӣ: Тавре аз гузоришҳои дохилӣ ва хориҷӣ маълум мешавад, теъдоди маргу мир дар байни бачаҳо, махсусан бачаҳои навзод ҳоло низ зиёд аст ва ба назар намерасад, ки дар ин самт иқдомоти ҷиддие рӯи даст бошад. Иллаташ дар чист? Беҳунарии табибон ё омили дигар?

Гулбаҳор Боқиева:
Нуқси модарзодии кӯдакон дар минтақаи мо хеле зиёд ба чашм мерасад. Омилҳои зиёде ба ин таъсир мерасонанд. Аммо омилҳои иҷтимоӣ дар навбати аввал меистад. Баъдан таъминоти беморхонаҳо дар сатҳи зарурӣ нест. То ҳол барқу рӯшноии кофӣ надорем. Боз таъсири майхорагӣ, нашъамандӣ, бемориҳои занона дар ин ҷо эҳсос мешавад. Аз рӯи омор марги кӯдакон дар шаҳрҳо бештар аст. Вале баръакс ин маънои онро дорад, ки марги кӯдакон дар деҳот камтар ба қайд гирифта мешавад.

Озодӣ: Табиби кӯдакон будан шояд мушкилтарин бахши тибб бошад, ба он хотир, ки одами калон агар дарде дошта бошад, аломатҳои онро ба забон меорад ва кори табибро осон мекунад. Аммо кӯдакон ба ҷуз гиря ҳеҷ аломате намедиҳанд. Чаро шумо ин бахши соҳаи тибро интихоб кардед?

Гулбаҳор Боқиева:
Ман ҳоло ба донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳам дарс медиҳам. Ва ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки кӯдакон одамони пурмуаммоянд. Кӯдакон пуртоқатанд. Калонсолон метавонанд нишон диҳанд, ки куҷояшон дард мекунанд, аммо бачаҳо, хусусан навзодон танҳо ду аломати беморӣ доранд: Онҳо мегирянд ва ноором мешаванд. Мо бояд бемориҳои онҳоро фарқ карда тавонем, ташхиси дуруст гузорем. Ҳатто аз нигоҳи кӯдак, нафасгирӣ, набз ва гиряааш инро муайян кунем.
Ман ҳам мисли духтарони дигар мехостам табиби занҳо шавам. Вале нахуст омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда будам ва чун ҳамшираи тиббӣ дар шуъбаи уролоҷии кӯдакон кор мекардам. Кӯдаконро ман бештар дӯст доштам. Чун кӯдакон қадрдонанд ва ҷолибанд. Ҳамкорон ҳам писандам омаданд.

Озодӣ: Солҳои ахир бисёр падару модарон аз хизмарасонии табибон шикоят мекунанд ва мегӯянд, барои табиби имрӯзаи тоҷик пул аз савганди Ҳипократ муҳим аст ва онҳое, ки пул надоранд, маъмулан аз тараҳҳуми табибон маҳрум мемонанд. Шумо дар бораи ин танқидҳо чӣ мегӯед?


Манзиле ки донишманди тоҷик ба сар мебарад
Манзиле ки донишманди тоҷик ба сар мебарад
Гулбаҳор Боқиева:Албатта, чунин табибон ҳастанд ва ин рафторашон нодуруст аст. Ман қатъиян муқобили чунин муносибатам ва онҳоро маҳкум мекунам. Аммо на ҳама чунинанд. Ин гуна табибонро бо ангушт шуморидан мумкин аст. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ Калинин гуфта буд, ки табиби хубро халқ мехӯронад. Ҳастанд одамоне, ки худашон заҳмати табибонро қадр мекунанд, ҳастанд табибоне, ки ба касбашон иснод меоранд. Табиб бояд дар назди бемор шарт нагузорад. Вале аз ҷониби дигар, зиндагии табибон пур аз мушкилот аст. Маоши онҳо ниҳоят кам аст. Ҳар табиб хонавода дорад ва бояд зиндагии онҳоро таъмин кунад. На ҳама табибон зиндагии хуб доранд. Худи ман наздики 20 сол аст дар хобгоҳи оилавӣ зиндагӣ дорам. Ҳамроҳи модар, бародар ва хонаводаи ӯ. Мехоҳам хонаи алоҳидаи худро дошта бошам. Мукофотҳои баланд дораму хона не. Бо вуҷуди ин, фахр мекунам, ки моро дар Корея шинохтанд, корамонро қадр карданд. Мо нишон дода тавонистем, ки аз чумлаи бонувон ҳам ҷарроҳон ҳастанд.

Озодӣ: То имрӯз чанд амали ҷарроҳӣ анҷом додаед?

Гулбаҳор Боқиева:
Аз оғози кор наздики 60 амали ҷарроҳиро гузаронидаам. Писарчаҳоро хатна ҳам мекунам.

Озодӣ: Ин бароятон душвор нест?

Гулбаҳор Боқиева: Не, ман наметарсам. Албатта, чун мо дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ мекунем, ин амалро иҷро кардани занҳо қобили қабул нест. Вале ман ягона нестам. Боз бонувони дигар ҳам бо ин кор машғуланд.
Озодӣ: Дар солҳои ахир бисере аз ҳамкасбони шумо аз кор дар Тоҷикистон даст кашидан ва барои кор ба давлатҳои дигар рафтанд, ба назари шумо ин сафарҳои саросарӣ ба соҳаи беҳдошти Тоҷикистон таъсир доштаст?
Гулбаҳор Боқиева: Бале, баъди ҷанги шаҳрвандӣ бисёр табибон ба кишварҳои дигар барои кор рафтанд. Албатта, ин ҳолати риққатовар аст ҳам барои илм ва ҳам барои тиб. Нарасидани кадрҳои хуб эҳсос мешавад. Ҷавонон ҳоло соҳибихтисос нашудаанд ва аз ин беморон ранҷ мебаранд. Махсусан дар деҳот ин мушкилӣ эҳсос мешавад. Ман дар ноҳияҳои Шаҳритузу Бешкент будам. Он ҷо мушкилӣ хеле зиёд аст. Шароити дуруст, таҷҳизоти зарурӣ тамоман намерасад. Баъд бештари беморон то беморхона намераванд, чандин километр роҳ аст.

Озодӣ: Дар гузашта донишгоҳи тиббии Тоҷикистон беҳтарин табибонро тарбия мекард, аммо ҳоло вақте табибони тоҷик барои кор ба давлатҳои дигар, махсусан Русия мераванд, танҳо онҳе ба кор таъмин мешаванд, ки дипломи то соли 1992 ро дарёфт карда бошанд. Иллати ин дар чӣ аст?


Гулбаҳор Боқиева: Ман фикр мекунам, ки на ҳамеша чунин аст. Масалан, ман соли 2000-ум донишгоҳро хатм кардам. Дипломи моро дар Русия қабул мекунанд, аммо баъди бозсанҷӣ. Ҳимояи корҳои илмии мо тавассути комиссияи олии аттестатсионии Русия сурат мегирад. Ҳоло ман метавонам дар Русия кор кунам. Шояд дар соҳаҳои дигар чунин бошад. Аммо дипломи донишгоҳи тиббӣ ҳанӯз ҳам эътиборашро гум накардааст. Ҳастанд ҷавононе, ки баъдан дар Русия корҳои докторӣ ҳимоя мекунанд. Дар он ҷо ба қадри мутахассисон мерасанд. Ман ин ҷо таъмири хонаву ҳама корҳои дигарро бо маоши худам анҷом медиҳам. Аммо дар Русия мутахассиси хубро бо хона таъмин мекунанд, маоши баланд медиҳанд ва барояш имтиёзҳои дигар муқаррар мекунанд.

Озодӣ: Шумо ба фарқ аз бисёр ҳамкорони худ кор дар ватанро ихтиёр кардед ва ҳатто даст ба ихтирои асбоби муҳим задед. Барои кор ба Русия ё дигар кишварҳо нарафтед?

Гулбаҳор Боқиева:
Модарам бемор аст. Ман ӯро партофта рафта наметавонам. Вай ҳамеша зери назорати ман аст. Маро ҳам зиёд даъват мекунанд. Маро ба Австрия даъват карданд. Он ҷо барои такмили ихтисос рафта будам. Фарқи шароити Австрия аз Тоҷикистон замину осмон аст. Албатта, ман орзу дорам, ки дар чунин шароит кор кунам. Он ҷо фарроши беморхона беш аз 1000 евро мегирад. Ин ҷо маоши ман, ки номзади илм ҳастам, наздики сад доллар аст. Аламаовар аст, албатта.

Озодӣ: Шумо то имрӯз нӯҳ ихтироъ кардаед. Оё дар зиндагии шумо ҳам онҳо кӯмак кардаанд?

Гулбаҳор Боқиева:
Не, ман ягон хел таваҷҷӯҳро аз ҷониби ягон кас эҳсос накардаам. Манфиаташ танҳо дар саломатии кӯдакон аст. Вале ягон кӯмаки моддӣ надидаам. Ин мукофотҳо маблағ надоранд.

Озодӣ: Барои нигоҳубини кӯдакони худатон ва ташвишҳои хонаводагӣ вақт меёбед? Кӣ ба шумо кӯмак мекунад?


Гулбаҳор Боқиева: Ба ман хонаводаам кӯмак мекунад. Модарам, бародарам ва ҳамсару фарзандонаш дастгирӣ мекунанд. Чун ман дар вақташ ҳастиамро ба онҳо мебахшидам. Онҳо ҳам чун ман духтарчадор шудам, ӯро дӯст доштанд ва нигоҳубин мекунанд. Ҳоло ман дар рухсатии ҳомилагӣ ҳастам. Ният дорам дар кӯтоҳтарин фурсат ба кор бароям.

Озодӣ: Хастагиатонро чӣ гуна рафъ месозед?

Гулбаҳор Боқиева:
Хастагиам ҳам фараҳбахш аст. Чун ман кӯдаконро табобат мекунам. Вақте кӯдакон шифо меёбанд, шод мешавам. Агар табобат душвор гузарад, зиқ мешавам. Вақте модар шудам, эҳсос кардам, ки кӯдакони дигарро табобат кардан осонтар аст. Ҳангоми табобати кӯдакам худро гум мекардам ва он гоҳ фаҳмидам, ки модар будан чист. Ҳатто сӯзандору карда наметавонистам. Модар шудан кори бузург аст. Модар будан душвортар аз табиб будан аст.
XS
SM
MD
LG