Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои табобати силкасалҳо як беморхонаи махсус бунёд кард. Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 18-уми июн ба "Озодӣ" гуфт, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа бинои як беморхонаи махсуси табобати сил сохта шудааст ва феълан таъмиру тармими дохили он идома дорад. Ин беморхона пас аз беморхонаи табобатии сил дар ноҳияи Восеъ дуввумин табобатгоҳи хоси сил дар вилояти Хатлон буда дар он бемор ба муддати 8 моҳ табобати ҳатмӣ мегирад. Хонум Ғоибова афзуд, «вазорати тандурустӣ ҳоло дар фикри инаст, ки муддати 8 моҳ барои беморони сил машғулиятҳое фароҳам созанд, то ки онҳо ба ғайри гирифтани табобат тамоми рӯз бекор нанишинанд ва бо машғулиятҳое ба мисли дӯзандагӣ барои занон ва машғулиятҳои дигар барои мардон фароҳам оварда шавад.»
Ҳадаф аз бунёди ин беморхона таҳти назорати ҳамаҷониба қарор додани вазъи сил дар вилояти Хатлон буда ва ҳамзамон барномаҳои коҳиши мизони силро иҷро кардан мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати тандрустии Тоҷикистон, то соли 2009 дар миёни ҳар 100 ҳазор нафар бештар аз 88 нафар гирифтори сил буд, ҳамакнун ин рақам дар соли 2011 то 78 нафар коҳиш ёфт. Аммо мутаассифона марг бар асари беморӣ дар Тоҷикистон назар ба гузашта афзоиш ёфтааст. Тибқи омори вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон соли 2012 ба ҳисоби миёна аз сад ҳазор аҳолӣ 4 нафар ба иллати гирифторӣ ба бемории сил фавтидаанд. Ба гуфтаи вазорат, ҳарчанд дар ду соли ахир гирифторӣ ба бемории сил камтар шудааст, вале бинобар душвор боқӣ мондани вазъи иҷтимоӣ ва норасоии хӯроки серғизо, шумораи мубталоёни ин беморӣ ба миқдори қобили мулоҳиза коҳиш наёфтаанд.