Маҳмуди Аҳмадинажод, ки рӯзи 27 июн дар Теҳрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дидор дошт, бо таъкид ба муштаракоти ду кишвар гуфтааст, "дӯстии Эрону Тоҷикистон як дӯстии истисноист ва ин ду кишвар ду узви як бадананд."
Хабаргузории Форснюс аз қавли Аҳмадинажод овардааст, ки ин ду кишвар бояд ба хотири густариши минбаъдаи равобит ҳамчунон аз дасти ҳамдигар бигиранд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон низ ба навбаи худ равобити Душанбе бо Теҳронро хеле хуб тавсиф карда, гуфтааст, Ҷумҳурии исломӣ равобиташ бо Тоҷикистонро бо дарназардошти муштаракоти фарҳангии ду кишвар густариш медиҳад. Ҳамроҳхон Зарифӣ изҳори умед кардааст, ки ин равобит дар оянда низ тавсиъаи бештар пайдо кунад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки бо сафаре дар Теҳрон қарор дорад, қаблан бо ҳамтои эрониаш Алиакбар Солеҳӣ низ мулоқот дошт. Рӯзномаи “Tehran Times”-чопи Теҳрон дар шумораи рӯзи чаҳоршанбеи худ зери унвони “Эрон бо Тоҷикистон равобити олии сиёсӣ дорад” мақолаеро роҷеъ ба натиҷаҳои мулоқоти Зарифӣ ва Солеҳӣ ба нашр расондааст.
Дар як нишасти муштараки хабарӣ баъд аз мулоқоти ҷонибҳо дар Теҳрон оқои Солеҳӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин ду кишвар бо якдигар равобити “олӣ”-и сиёсӣ доранд. Вай ҳамчунин хостори тавсеаи муносиботи ин ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ шуд.
Ба навиштаи “Tehran Times”, оқои Солеҳӣ гуфтааст, ин ду кишвар дар бахши иқтисод, аз қабили судури газ ва фаровардаҳои нафтии Эрон, бунёди роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди миёни ду кишвар тарҳҳои муштарак доранд.
Оқои Солеҳӣ аз ҳимояти Тоҷикистон дар мулоқотҳои гуногуни байналмиллалӣ аз ҳақи Эрон дар истифодаи сулҳомези нируи ҳастаӣ изҳори сипос кардааст.
Дар ин нишасти хабарӣ рӯзноманигорон аз Алӣ Акбар Солеҳӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ва мулоқот бо кишварҳои панҷ 5 бар иловаи як ё 5+1 суол карданд. Вай дар посух гуфт, Ҳасани Рӯҳонӣ - раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар бораи вақти баргузории мулоқоти оянда тасмим мегирад ва афзуд, баргузории ин гуна мулоқот дар марҳилаи гузори байналмиллалӣ кори содае нахоҳад буд.
“Tehran Times” навиштааст, Ҳамроҳхон Зарифӣ мардуми Эронро бо интихобот ва ширкаташон дар он шодбош гуфт ва интихоботи 14 июни раёсати ҷумҳурии Эронро озоду одилона арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин табрикоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот ба Ҳасани Рӯҳонӣ расонд.
Оқои Зарифӣ аз муносиботи ҳасанаи миёни кишварҳои форсизабон, яъне Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон ситоиш кард ва хостори иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодии миёни ин кишварҳо шуд.
Рӯзномаи “Tehran Times” навиштааст, вазирони корҳои хориҷаи Эрону Тоҷикистон як силсила ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расондаанд. Вале аз ин ёддоштҳои тафоҳум ном бурда намешавад.
Эрон бо беш аз 200 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 21 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол(Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нирӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад.
Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.
Тоҷикистон дар ивази кумакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба ҳаққи Эрон барои таъқиби барномаи ҳастаӣ ва зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид.
Албатта, дар ин миён мунтақидон чунин як омадани манофеъи як низоми худкомаи дунявӣ бо як режими сарсахти мазҳабиро, ки Эрон аст, ба чолиш кашида, мегуфтанд, Теҳрон мебоист дар ивази ёриҳои иқтисодиаш Душанберо ба мулоимтар кардани сиёсатҳои динситезонааш ташвиқ кунад. Гурӯҳи дигар, бахусус тундравони мазҳабӣ аз эҳтимоли дар Тоҷикистони аксаран суннимазҳаб майдони бештар пайдо кардани мубаллиғони мазҳаби дар Эрон ҳокими шиъа изҳори нигаронӣ мекарданд.
Расми ифтитоҳи нақби Истиқлол дар соли 2006 дар ҳузури Аҳмадинажод ва Раҳмон доир шуд. Қарор буд, Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми ифтитоҳи чархаи дувуми нирӯгоҳи Сангтӯда-2, ки мебоист, ба истилоҳ тоҷи 8 соли равобити танготанги ӯву Раҳмон мешуд, низ ширкат кунад. Аммо ин маросим чанд дафъа ба таъхир уфтод ва инак, бо баргузории интихоботи ҷадид дар Эрон ва маълум шудани исми ҷойгузини Аҳмадинажод яқин шуд, ки ин тоҷро акнун ба сари Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳанд гузошт.
Нозирони умур мегӯянд, Ҳасан Рӯҳонӣ шояд чунин дӯстии наздикеро, ки Аҳмадинажод бо Раҳмон дошт, нишон надиҳад, вале ба ҳайси як нафари амалгаро ва огоҳ аз вазъияти Тоҷикистон Эронро дар истгоҳи бародарӣ бо Тоҷикистон ҳифз хоҳад кард. Аз тарафи дигар ҳарду тарҳи асосии Эрон дар Тоҷикистон – ҳам нақби Истиқлол ва ҳам Сангтӯда-2 – ниҳолҳоеянд, ки дар замони дар Эрон сари қудрат будани ислоҳталабон шинонда шуданд, вале меваашро Аҳмадинажоди усулгаро хӯрд.
Бо вуҷуди суханҳои баланд дар бораи дӯстиву бародарӣ ва мулоқотҳои бешумор амалан дар ин 8 соли ҳамкорӣ бо Аҳмадинажод байни Тоҷикистону Эрон ягон қарордоди бузурге имзо нашуд, ки имрӯз ҳамчун ёдгори бевоситаи ин даврон боқӣ бимонад. Як иллати ин, албатта, фишори таҳримҳо ва дар инзивоъи рӯзторӯз бештари байналмилалӣ қарор гирифтани Эрон буд, ки сарсахтона аз барномаҳои ҳастаияш даст кашиданӣ нест.
Маҳмуди Аҳмадинажод чунин кӯлбори ба сурати умум пурмеваеро дар равобити Тоҷикистону Эрон ба Ҳасани Рӯҳонӣ мерос мегузорад. Ҳасани Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи рӯзи 14 июн пирӯз шуд, рӯзи 3 август Аҳмадинажодро дар мақоми раисиҷумҳури Эрон иваз мекунад.