Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати нақлиёт парвози ҳавопаймоҳои "МА-60"-ро манъ кард


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз қатъи парвози ҳавопаймоҳои тамғаи МА-60 барои интиқоли мусофирон хабар дод.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 29 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар ҳодисае, ҳавопаймпои МА-60 парвоз карда натавонист, ба ин далел парвози ин гуна ҳавопаймоҳо манъ карда шуд."

Ҷаноби Ҳакимов таъкид кард, ки "то замоне, ки сабабҳои аз ҳаракат мондани ҳавопаймои МА-60 мушаххас нашавад, парвоз бо ин ҳавопаймоҳо иҷозат дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол Алишер Рустамов, сардори Раёсати нақлиёти ҳавоии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ дар ин нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, пас аз як ҳодисаи парвоз накардани тайёраи МА-60-и ширкати Тоҷикэйр, вазорат парвози ин ҳавопаймоҳоро то таҳқиқи омилҳои ин ҳодиса пурра мутаваққиф кардааст.

Ба гуфтаи Рустамов, ҳоло вазорат интизори омадани мутахассисони чинӣ ҳаст, ки сабаби рух додани чунин ҳолатро таҳқиқ намоянд. Ин масъули вазорати нақлиёт кай ва дар кадом хатсайр рух додани чунин ҳодисаро шарҳ надод.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ягона ширкатест, ки дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҳавопаймоҳои МА-60 истеҳсоли Чин истифода мекунад. Дигар кишварҳои ИДМ кайфият ва бехатарии ин ҳавопайморо барои парвоз то ба ҳол эътироф накардаанд. ]

Ширкати "Тоҷик эйр" соли 2011 бо қарзи «Эксимбонк»-Чин ду ҳавопаймои навъи МА-60-и истеҳсоли Чинро харидорӣ карда буд. Ҳавопаймои "МА-60" гунаи навсозишудае аз ҳавопаймои сохти шӯравии "АН-24" буда, дар маҷмӯъ 56 мусофирро ҳамл мекунад.

Дарозии парвози ин ҳавопаймоҳо 1,3 ҳазор километр буда, дар хатсайрҳои кӯтоҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алмаато ва Машҳади Эрон мусофир мекашанд.
XS
SM
MD
LG