Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 маҷрӯҳи садамаи қатор дар Узбакистон ҳоло ҳам бистарӣ ҳастанд


Маҷрӯҳони садамаи қатори Тоҷикистон дар Узбакистон. Госпитали низомии Чкалов.
Маҷрӯҳони садамаи қатори Тоҷикистон дар Узбакистон. Госпитали низомии Чкалов.

Аз 45 мусофире, ки дар садамаи қатори Тоҷикистон дар Узбакистон маҷруҳ шуданд, 10 нафар то ҳол дар беморхона таҳти назорати табибон қарор доранд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки 35 сарбоз аз маҷмуи 44 нафар маҷруҳони садамаи қатораи Тоҷикистон дар Узбакистон, дар дармонгоҳи низомии горнизони ҳарбии Хуҷанд табобат мегирафтанд, сиҳат ёфтанд ва ба қисмҳои ҳарбӣ барои адои хизмат баргаштанд.

Маҳмадалиев афзуд, «бо масъулини шифохонаи ҳарбӣ дар тамос шудам, онҳо гуфтанд, ки 35 нафар комилан табобат ёфтанд ва 10 нафари дигар феълан таҳти муоинаи пизишкҳо қарор доранд, ки дар зарфи 10 рӯзи дигар онҳо низ ҷавоб дода мешаванд.»

Қатори Душанбе-Конибодом бо 267 мусофир, ки ҳудуди 200 нафараш наваскарон будаанд, субҳи 10-уми октябр, соатҳои тақрибан 10-15 дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон дучори садама шуд. Дар ин садама 8 вагони ин қатор тахриб шуда, ҳудуди 45 мусофир, аз ҷумла 35 наваскари Вазорати дифоъ маҷруҳ шуд. Аксари мусофирон наваскароне будаанд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом мешуданд.

Як рӯз баъд аз ин ҳодиса вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи худ вазъи садамаи вагонҳои Тоҷикистон дар мавзеъи Ҷизахи Узбакистонро баррасӣ кард ва вуҷуди куммиссиюни якҷониба аз тарафи Тошкандро рад намуд.

Қурбон Саидов, сардори Хадамоти бехатарии роҳи оҳани вазорати нақлиёт гуфт, ки вақте вагонҳои Тоҷикистонро дар роҳи оҳани қаламрави Узбакистон тепловози Узбакистон мебурд ва ин ҳодиса дар қаламраи ҳамон кишвар сурат гирифтааст, ва мувофиқи меъёри байналмиллал ҷониби Узбакистон ҳам уҳдадор шудааст, ки аз ҳисоби худаш ҳамаи вагонҳоро таъмир кунад ва ҳамъ ҷуброни дигар зарарҳоро пардозад ва аз Тоҷикистон расман узр пурсад.

Ҷониби Узбакситон ҳам таъмири вагонҳову ҷуброни зарари садамаро бар ӯҳда гирифтааст.
Навори сарбозони маҷрӯҳи тоҷик аснои бозгашти онҳо ба ватан
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:07 0:00
XS
SM
MD
LG