Чанде аз сокинони деҳаҳои аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр тахрибшудаи шаҳри Ваҳдат, мегӯянд шаби якшанбеи 1-уми ба 2-уми декабр аз тарси он ки боз заминларзаи сахт рух медиҳад, то поси шаб дар берун бо изтироб истодаанд.
Сокинон мегӯянд ду рӯз қабл хабаре паҳн шуда буд, ки рӯзи якшанбеи 1-уми декабр дар нақби Чормағзак барои корҳои роҳсозӣ таркишҳо анҷом дода мешавад ва эҳтимо аст дар пайи ин зилзилаи сахт рух диҳад.
Як сокини деҳаи Арбобдара, ки худро Салоҳиддин Сафаров, муаррафӣ кард, тақрибан дар соати 22-00-и шаби якшанбе ба радиои Озодӣ занг зада гуфт, ки пас аз занги телефонии як наздикашон аз Русия гуё ки дар дар деҳаҳои Арбобдараву Чуртаки шаҳри Ваҳдат боз заминларза рух хоҳад дод. Ба гуфти вай даҳҳо нафар сокинони он то соати 12-00 дар беруни манзилҳо дар зери борон мунтазир истодаанд.
Як сокини дигари ин деҳа гуфт, ки баъзе аз мардум аз тарси он, ки дар наздикии нақби "Чормағзак" барои сохтмони роҳ таркишҳо анҷом дода мешудааст, сокинони деҳаи Чуртаки шаҳри Ваҳдат бо ин фикр, ки аз зарби инфиҷор имкони ба вуқуъ пайвастани зилилза аст дар роҳи мошингард аз соати 20-00 то 12-00-и якшанбе дар зери борон мунтазир истодаанд.
Ҳамсуҳбатҳои мо мегӯянд, ки то замони аз пойтахт пайдо кардани хабари дақиқ дар мавриди рух надодани зилзила ба манзилҳои худ барнагаштаанд.
Ба қавли сокинони деҳаҳои Арбобдараву Найдарав ва Чуртак, пас аз рух додани зилзила дар ин мавзеъ то ҳол овозаҳо дар мавриди ин ки дар ин минтақа заминларзаи шадид рух хоҳад дод, идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон паз заминларзаи 10-ноябр дар ин мавзеъҳо хабар дода буд, ки тайи як шабонарӯз се маротиба замин ҷунбидааст, аммо хисорот асосан зимни зилзилаи соати 10 – и субҳи 10-уми ноябр дар навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ёвон ба миён омадаанд. Дар ду мавриди дигар, соати 17-и рӯзи 10-уми ноябр ва соати 7-и рӯзи 11-уми ноябр хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба ин манбаъ, маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расид, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Аммо сокинони гирду атрофи Ваҳдат Рӯдакӣ ва Ёвон мегӯянд пас аз заминҷунбии 10-уми ноябр то ҳол ҳар шаб 1-2 маротиба заминларзаро ҳис мекунанд, вале бо ҷунбиши андак.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари 3 заминҷунбии як шабонарӯз, дар ноҳияи Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хона қисман валангор гардидаанд. Вале сокинон мегӯянд шумораи хонаҳои зарардида аз ин зилзила зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, ки дар мавзеъҳои Арбобдараву Найдарав ва Чуртак феълан мақмомоти ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба таъмиру сохтмони манзхилҳо шурӯъ кардааст.