Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1000 муроҷиат ба Шӯрои уламо дар робита ба моҷароҳо ва талоқ бо СМС


Соли гузашта беш аз 1000 нафар занон дар робита ба моҷаро ва азҳампошии оилаҳояшон ба Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки миёни онҳо заноне, ки аз шавҳарони худ бо телефон ва СМС талоқ гирифтаанд, низ ҳастанд.

Ҷамолиддин Хомӯшов, сардори бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 14-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки даҳҳо нафар занон ба ин ниҳод арз карданд, ки шавҳаронашон дар ҳолати сархушӣ ва бо сабабҳои дигар аз тариқи телефон ва ё СМС онҳоро талоқ додаанд.

Ба гуфтаи оқои Хомӯшов, «мо ба баъзе аз шавҳароне, ки баъди ин аъмоли худ пушаймон шуда, барои идомаи зиндагӣ ба мо муроҷиат кардаанд, маслиҳат медиҳем ва вақте, ки дар ҳолати мастӣ талоқ сурат мегирад, ин қабул нахоҳад шуд ва хонавода метавонад ба зиндагии худ идома диҳад.»

Дар расидагӣ ба ин суол, ки ба сурати умум талоқ додан аз тариқи телефон ва ё СМС аз нигоҳи шаръӣ дуруст аст, сардори Шуъбаи фатво гуфт, ки дар мазҳаби ҳанафӣ барои талоқ шоҳид зарур надорад ва аз ин рӯ аз тариқи телефон, СМС ва ё ҳар чизи дигар қабул аст: "Аммо ба ҳар ҳол, баъди рух додани ин ҳолат мо аз шавҳари зан пурсон мешавем, ки оё огоҳона талоқ додааст ё сабабе дар миён ҷой дошт ва агар сабабе ё иллате набошад, пас ин талоқ қабул аст.»

Шӯрои уламо барои ҳифзи хонавода ва зиндагии якҷояи зану шавҳар, ки маслиҳатҳои муфид медиҳад ва хусусан ҷавонҳоро даъват мекунад, ки дар эҷоди оила ҷиддӣ муносибат дошта бошанд. Шӯрои уламо таъкид мекунад, ки аксари заноне, ки шикоят мекунанд, аз хонаводаҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон дар Русия зиндагиву кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Барфимоҳ Ғаниева, сарвари созмони иҷтимоии «Хайрхоҳи замон», ки беш аз понздаҳ сол ба ин сӯ бо масоили муҳоҷират ва хонаводаҳои муҳоҷирон сари кор дорад, дар робита ба оқибатҳои ин гуна талоқҳо мегӯяд, афзоиши талоқ метавонад ба зиндагии минбаъдаи занҳо хеле таъсири бад расонад: «Занҳое ҳастанд, ки ба ҷиноят даст мезананд, танфурӯшӣ мекунанд, ба мардикорӣ рафтан мехоҳанд. Яъне, онҳо ҳам роҳи даромад мекобанд, то зиндагии худу фарзандашонро таъмин кунанд».

Ба гуфтаи масъулонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба кумита 213 аризаи хаттӣ ва 467 арзи шифоҳӣ ворид шудааст, ки бештари он ба масоили моҷаро ва азҳампошии хонаводаҳо рабт мегирад.
XS
SM
MD
LG