Намояндаи аршади САҲА баҳсҳои ҷамъиятиро ҳаққи ҳар як ҷомиаи демократӣ дониста, гуфтааст, чунин баҳсҳо набояд бо таҳдиди муҷозоти молӣ ва он ҳам бо даъвоҳо дар бораи осеби мавҳум маҳдуд карда шаванд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврал бар асоси даъвои созмонҳои эҷодӣ хабарнигори ҳафтавори мустақили “Азия Плюс”-ро 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 5 000 доллар, ҷарима баст. Созмонҳои эҷодӣ як ҷумла дар як матлаби моҳи июни Тутубалинаро, ки иқтибос аз асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин буд, ҳамчун таҳқири қишри зиёии ҷамъияти Тоҷикистон шумруда, бо талаби товон ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
Дуня Миятович, ки ба манзури ширкат дар як анҷумани байналмилалии озодии матбуот дар Ню-Йорк қарор дорад, гуфт, агар марзи осеби маънавӣ мушаххас нашавад, ҳар назари мухолиф метавонад мавзӯъи даъвои ҷуброну товон шавад. Ба ақидаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, “ҷомиаи демократӣ бояд ба баҳсҳои ҷамъиятӣ бидуни таҳдид ба муҷозоти молӣ имкон бидиҳад.”
Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот таҳаввулоти марбут ба матбуот дар ҳамаи 57 кишвари узви ин созмонро назорат мекунад. Дуня Миятович қаблан ҳам чандин бор аз нақзи ҳуқуқи хабарнигорони мустақил ва поймол шудани аслҳои озодии матбуот дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Қасди Ленинро аз Тутубалина гирифтанд
Яке аз ҳуқуқдонҳои саршиноси тоҷик мегӯяд, бо гунаҳкор эълон кардани журналист Олга Тутубалина ва он ҳам барои такрори суханони Ленин, додгоҳ амалан доҳии коммунистони ҷаҳон Владимир Илич Уляновро низ айбдор шумурд.
Муовини раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, мавсум ба “Сипар” Абдуқаюм Юсуфов меафзояд, Тутубалина суханонеро такрор кард, ки аз ҷониби сарвари давлати Шӯравӣ наздик ба 100 сол пеш гуфта ва пасон борҳо нашру бознашр шудаанд. Агар он суханон ҷурми ҷиноӣ мебуданд, кайҳо ба мавзӯи баҳс ва ҳукми додгоҳ табдил ёфта, мамнӯъ эълон мешуданд ва имрӯз Тутубалина метавонист, ҳамчун шарики ҷурм ҷазо гирад: «Агар истифодаи сухани як нафар доҳӣ ё шахси шинохта ҷиноят бошад, пас дар ин қазия бояд ҳамҷавобгар Илич Ленин низ ҷалб мешуд. Бояд ӯро даъват мекарданд. Зеро сухани ӯ истифода шудааст. Дар асри 20 ба тамоми ҷаҳон маълум буд, ки интеллегенсия чӣ аст. Бинобар ин, имрӯз такрори он шаъну шарафи касеро паст намекунад. Инчунин агар мо ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон назар кунем, ин ҷо ягон чизе дида намешавад, ки асос барои гунаҳкор кардан ё ба додгоҳ кашидани касеро исбот карда тавонад.»
Аммо додраси додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сурайё Ҷобирова рӯзи сешанбеи 25-уми феврал ҳангоми эълони ҳукм гуфт, дар матлаби «Азия плюс» таҳқир дар ҳаққи зиёиён дида мешавад ва Олга Тутубалина ҳамчун муаллифи матлаб ва сардабири нашрия вазифадор аст, ки дар давоми ду ҳафта раддия чоп намояд. Рӯшан нест, ин раддия бояд чӣ шакл дошта бошад – сухани В.И. Ленин ғалат ва таҳқир аст ё истифодаи он нодуруст? Додгоҳ ҳамчунин нашрияи "Азия Плюс" ва Олга Тутубалинаро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Қарор аст, ин ҷарима байни даъвогарон -- Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, ки мегӯянд, баъд аз хондани матлаби ӯ зарари маънавӣ дидаанд, тақсим шуда, ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ хоҳад расид. Ин ҳам маълум нест, ҳаққи зиёиёни дигар, ки дар ҳайати созмониу иттиҳодияҳои худ эътироз кардаанд, чӣ гуна пардохт хоҳад шуд.
Аммо Олга Тутубалина, муаллифи блоги «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён», ки дар робита ба бозгашти шоир Бозор Собир ба ватан бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нахустин суханони ӯ, ки аҳзоби сиёсӣ ва нашрияҳои мустақил даркор нестанд, суханони Ленин – «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати миллатанд» -ро иқтибос карда буд, мегӯяд, худашро гунаҳкор намешуморад ва аз ин ҳукм ба додгоҳи зинаи боло шикоят хоҳад бурд: «Ман умед доштам, ки додгоҳ ҳалномаи одилона мебарорад, аммо мутаасифона ин умеди ман бароварда нашуд. Ҳукм ин аст, ки мо ба ҳар нафаре аз онҳо 10 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 30 ҳазор сомонӣ пардохт намоем ва тавре ман фаҳмидам, мо бояд ҳамчунин худамон ба матлаби худ раддия нависем. Албатта мо ин ҳукмро дар нашрия баррасӣ мекунем ва бо раҳбарият ҳам матраҳ хоҳем кард ва бо машварати ҳуқуқдонҳо ба эҳтимоли зиёд ба зинаҳои болоии суд шикояти коссатсионӣ мебарем.»
Ҳукми додгоҳро раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов низ ноодилона хонд. Вай афзуд: «Ин фикри шахсии Тутубалина буд, ки тавассути матбуот баён карда ва гуфтаи Ленинро ҳамчун иқтибос дар мақолаи худ истифода намудааст.» Ҳарчанд ҷаноби Сатторов ба додгоҳ кашидани хабарнигорро як падидаи маъмулӣ донист, ҳуқуқдони Абдуқаюм Юсуфов даъвои зиёиёнро «баҳона»-е унвон кард ва афзуд, зоҳиран аз онҳо хоста шудааст, ки бо ин роҳ ҳузури худро дар ҷомеа нишон диҳанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе ҳам аз ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар нисбати хабарнигори "Азия Плюc" нигаронӣ кард ва гуфт, ки он ба озодии матбуот дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Дар изҳороти сафорати Амрико, ки имрӯз пахш шуд, омадааст, ки рӯзноманигор дар навиштани матлаб танҳо аз ҳаққи озодии баён истифода кардааст. Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки кишвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша аз озодии баён, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят менамояд.
Дар ҳоле ки Рустам Устобоев, вакили мудофеи зиёиён ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ чун вакили дифоъ аз ҳалномаи додгоҳ қаноатманд аст, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ аз шарҳи воқеа худдорӣ намуд ва гуфт, танҳо пас аз дидани ҳалнома метавонад дар ин бора изҳори назар кунад. Аммо вай гуфт, маблағеро, ки чун зарари маънавӣ рӯёнида мешавад, зиёиён ба ятимхонаҳо хоҳанд дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин баҳси додгоҳӣ даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, онро дар ин даъво Академияи илмҳо, иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тиббӣ, Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ карда, онҳо аз додгоҳ ба андозаи 200 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доштанд.
Созмонҳои ҳомии матбуот ин даъво ва даъвоҳои дигареро, ки дар додгоҳҳои Тоҷикистон алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорони маҳаллӣ баррасӣ мешаванд, як василаи саркӯби матбуоти мустақил ва озодии баён дар Тоҷикистон мешуморанд.