Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои марзбонӣ: "Пули ҷарроҳии Шаҳболро хоҳем дод"


Шаҳбол Мирзоев.
Шаҳбол Мирзоев.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки маблағи ҷарроҳии сарбоз Шаҳбол Мирзоевро ин ниҳод пардохт хоҳад кард.

Масъулони хадамоти тиббӣ - ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМТ рӯзи сешанбеи 8 апрел дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки "барои ҷарроҳии марҳалаи аввали Шаҳбол маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ мешавад ва ҳатман ин маблағ аз сӯи ин ниҳод пардохт хоҳад шуд."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол пизишкони бемористони Ибни Сино дар маркази шаҳри Душанбе маблағи марҳалаи аввали ҷарроҳии писарашро 56 ҳазор сомонӣ ё муодили беш аз 11 ҳазор доллар гуфтаанд.

Масъулони хадамоти тиббӣ - ҳарбии сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ -и Тоҷикистон мегӯянд, ки "Шаҳбол - сарбози ин сарраёсат аст ва мо вазифадор ҳастем, ки ӯро табобат кунем. Барои ҳамин, сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ тасмим надорад, ки аз ягон ниҳод ё шахси дигар маблағ барои табобати Шаҳболол пайдо кунад. Ҳама хароҷотро бар дӯш мегирад."

Ҳатто ба таъкиди ин масъулон, дар сурати ба хориҷи кишвар низ фиристода шудани Шаҳбол барои табобат ва ҷарроҳӣ, сарраёсати марзбонӣ ҳама хароҷотро пурра пардохт мекунад. Ба гуфтаи ин масъулон, то кунун табобати Шаҳбол дар бемористони Қарияи Боло ба таври ройгон сурат мегирад ва ҳамаи хароҷоти табобатро сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ бо кӯмаки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Ба иттилои ин масъулон, то кунун фармондеҳ ва муовинони фармондеҳи сарраёсати нируҳои марзбонӣ Шаҳболро аёдат кардаанд ва ҳар рӯз як нафар аз ҳолу аҳволи ин сарбози бемор хабар мегирад. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 21 март, дар рӯзи иди Наврӯз аз Шаҳбол Мирзоев дар бемористон аёдат кард, ваъда дода буд, ки табобати ӯро чӣ "дар дохил ва чӣ дар хориҷ" ин ниҳод пурра бар ӯҳда хоҳад гирифт.

Ҳамчунин масъулони хадамоти тиббӣ - ҳарбии сарраёсати нируҳои марзбонии КДАМ -и Тоҷикистон ворид шудани мактуби расмии Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол ба ин ниҳодро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дархости падари сарбоз барои кӯмак пурра ҳалли худро пайдо мекунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол зимни ироаи мактуб ба сарраёсати нируҳои марзбонии КДАМ хостори кӯмак дар табобат, ба хусус барои анҷоми марҳалаи аввали ҷарроҳӣ дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе шудаааст. Пизишкони эронӣ пас аз ошноӣ бо томографияи ахири Шаҳбол Мирзоев барои ҷароҳии гарданаш изҳори омодагӣ кардаанд ва пас аз дарёфти маблағ ин амал анҷом дода хоҳад шуд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона овардаанд ва ҳамакнун як моҳи расо аст, ки дар бемористогни Қарияи Боло бистарӣ аст.

Аммо нирӯҳои марзбонӣ дар изҳороти худ аз 20 март хабарҳои нашршуда дар бораи бар асари латтукӯб дар маҳалли хидмат маъюб шудани сарбози қатории қисми ҳарбии 2620-и нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоевро беасос хонда, гуфт, Усмоналӣ Ғайратов қасдан Шаҳбол Мирзоевро зада маъюб накардааст, балки барои бартариашро дар назди дигарон нишон додан бо ӯ ... гуштӣ гирифтааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG