Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 3-юми май дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи байнулмилалии озодии баён дар шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар журналистикаи тоҷик меъёрҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, инъикоси воқеъбинонаи ҳаводис аз байн мераванд:
«Мо мебинем, ки имрӯз рӯзноманигорони мо ба афсар табдил ёфтан доранд. Яъне он объективизме, ки журналистика бояд дошта бошад, аз байн рафта истодааст. Журналистика имрӯз як силоҳ истифода мешавад. Ҳангоме, пештар моро ҳокимияти 4-ум мегуфтанд, имрӯз мо ба ҳокимияти аввал табдил ёфтан дорем.»
Нигарониҳо аз коҳиш ёфтан ё аз байн рафтани меъёрҳои журналистика дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки масъулони сохтору ниҳодҳои гуногун ҳам ғайривоқеӣ будани бархе аз матолиби нашрияҳои кишвар интиқод мекунанд.
Усмоналӣ Холиқов, прокурори аршади Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Додситонии кули Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, агар танқиди хабарнигорони тоҷик созанда, саҳеҳ ва беғаразона бошад, қобили қабул аст ва мо низ бояд аз пай ислоҳи он шавем. Аммо ӯ афзуд, гоҳҳо ба назар мерасад, ки рӯзноманигорон бидуни санҷидани дурустии ин ё он ҳодиса, матлаб нашр мекунанд. Усмоналӣ Холиқов ба унвони намуна аз чанд расона ном бурд ва гуфт: «Бинобар ин гумон мекунам ба хотири гарм кардани бозори худ ва ҷалби харидорон, набояд рӯзноманигорон ба ин гуна амалҳо даст зананд. Зеро ҳарфи дурӯғ ба тӯҳмату таҳқир бурда мерасонад.»
Аммо ин дар ҳолест, ки рӯзноманигорон низ аз муносибати сарду бемасъулонаи мансабдорони тоҷик ва мушкили дастрасӣ ба иттилоот изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба андешаи рӯзноманигорон, як сабаби якҷониба будани матлабҳо, маҳз сари вақт иттилоъ надодани мақомоти Тоҷикистон аст.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хӯрдагирии мақомдорони тоҷик нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, бештари баҳси додгоҳиеро, ки миёни рӯзноманигорон ва масъулони ин ё он ниҳод ба миён меояд, метавон бидуни додгоҳ ҳал кард, аммо аз чӣ бошад, ки мансабдорон аксар вақт ин нуқтаро ба инобат намегиранд. Нуриддин Қаршибоев афзуд, аз ҷумла, қазияи додгоҳиеро, ки миёни ҳафтаномаи «Самак» ва Иттифоқи нависандагон ба миён омада буд, метавонистанд аз роҳи мусолиҳа ҳаллу фасл кунанд:
«Ҳафтаномаи «Самак» ба ҷой Иттифоқи рассомон хато карда, Иттифоқи нависандагон навиштааст, ки дар шумораи баъдии ҳафтанома тасҳеҳ дода шуд. Дар баробари тасҳеҳ, нашрия боз ҷавобияи Иттифоқи нависандагонро низ нашр кард, аммо ба ин ҳам қонеъ нашуда, Аскар Ҳаким ҳафтаномаи «Самак»-ро ба додгоҳ кашид. Дар ҳоле, ки нашрия тасҳеҳ медиҳад, дигар чӣ ҳоҷати ба суд муроҷиат кардан аст?»
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон мушкили умдаи рӯзноманигорони тоҷик дастрасӣ надоштан ба иттилоот боқӣ мемонад. Ба хусус, мақомоти қудратӣ, бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ сарпечӣ мекунанд.
Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии «Индем» гуфт, ки ӯ қабл аз Рӯзи байнулмилалии озодии баён бо як қатор рӯзноманигорон сӯҳбати ошкоро анҷом дод ва чанд мушкили умдаи журналистикаи тоҷикро дақиқ кард. Ба қавли ӯ, маълум шуд, ки сабаби ба суолҳои нашрияҳо посух надодани мансабдорони тоҷик дар камсаводӣ ва тарсуии онҳост:
«Қонунгузории ҷорӣ дар ин бахши муҳими ҷамъиятӣ мисли дигар соҳаҳои муҳим ба таври бояду шояд иҷро намешавад. Сабабҳои ин албатта гуногунанд, вале аксари ҳамсӯҳбатони ман авлавият надоштани иҷрои талаботи қонун аз ҷониби ҳокимияти иҷроияро сабаби асосӣ дар ин муҳит ном бурданд.»
Зимнан, дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи байнулмиллии озодии баён дар шаҳри Душанбе, гурӯҳи рӯзноманигорон ва масъулони намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ низ ҳузур ва дар баррасии дастоварду мушкилот ва камбудии ВАО-и тоҷик ширкат карданд. Ҳамзамон дар ҳамоиш зикр гардид, ки соли гузашта 13 мавриди ба додгоҳ кашондани нашрияҳои мустақили тоҷик ба қайд гирифта шудааст.