Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билол Мақсудов иддао дорад, ки латукӯб шудааст


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Истанбул ба Душанбе истирдод шудааст, иддао дорад, ки ӯро дар боздоштгоҳ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта ва дар нисбаташ бадрафторӣ карданд.

Билол Мақсудов, бародари Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелбарории Душанбе шикоят дорад, ки кормандони вазорати дохила ӯро 27 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд, бо ӯ бадрафторӣ карданд ва нагузоштанд, ки вакилони мудофеъ мулоқот кунанд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ахиран Мақсуд Билоловро пас аз боздошташ аз тарафи пулиси байналмилалалӣ -- "Интерпол", аз Истанбул ба Душанбе истирдод карданд. Билол Мақсудов, бародари Эмом Мақсудов, Директори корхонаи кабелбарории Душанбе мебошад. Кормандони мақомоти интизомӣ соли 2010 зимни як амалиёт мошинеро бо 57 килограм маводи мухаддир пайдо карданд, ки ӯро ба Мақсудов Билол марбут донистанд.

Яке аз вакилони мудофеи Билол Мақсудов рӯзи 16 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, баъди он, ки кормандони вазорати корҳои дохилӣ ӯро аз Истанбул ба Душанбе оварданд, иҷозат надодаанд, ки наздикон ва вакилони мудофеаш аз вай хабар гиранд. Вай гуфтааст, ки 27 рӯз ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ шуда, аз тарафи нозирони боздоштгоҳ мавриди озору лутту кӯб қарор гирифтааст.

Билол Мақсуд феълан ду вакили мудофеъ дорад ва аз онҳо хоҳиш кардааст, ки ба номи Додситони кулл Шерхон Салимзода аз рӯи рафтори ғайриқонунии кормандони умури дохила шикоят нависанд, ки ба чи далел ӯро 27 рӯзи бидуни огоҳии наздиконаш ва вакилони мудофеъ нигоҳдорӣ намуда, латтукӯб кардаанд.

Аммо вакили мудофеи вай гуфт, вақте онҳо бо Билол Мақсудов мулоқот карданд, осори латтукӯб мушоҳида намешуд, зеро бадрафторӣ дар нисбати вай дар рӯзҳои аввали истирдодаш аз Истанбул ба Душанбе сурат гирифтааст.

Феълан Билол Мақсудов бо моддаи 200 қисми 4, (хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир ба миқдори калон) ва бо моддаи 227( авбошӣ) муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG