Хайруллоҳ Сафаров, директори генералии ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Роғун, ки дар маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Роғун сӯҳбат мекард, гуфт, «пуштибонии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва давлатҳои абарқудрат аз тарҳи Роғун нишон медиҳад, ки ин тарҳи муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа ҳаст.»
Ҷаноби Сафаров гуфт, «ҳоло аз кишварҳои ҳавзаи Ому хоҳиш карда шудааст, то дар ҷаласаи Алмато, ки 14-уми июли соли ҷорӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ баргузор мешавад, иштирок кунанд ва назарҳои худро дар робита ба бунёди Роғун иброз доранд.»
Ин масъули нерӯгоҳи Роғун зимни ҳисобот ба саҳмдорон гуфт, дар соли гузашта 543 миллион сомонӣ барои таъмиру барқарорсозӣ ва хариди таҷҳизот сарф шудааст ва ҳоло кор дар нерӯгоҳ бо ҷалби 1800 корманд дар ду баст идома дорад. Сафаров гуфт, саҳмияҳои Роғун дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ муайян шудааст, ки ҳоло на ҳамаи онҳо фурӯхта шудаанд.
Соли 2010 бо баргузории як маъракаи саҳмияфурӯшӣ ба мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар саҳмия фурӯхта шуд, вале баъди ҳамагӣ се моҳ Тоҷикистон маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.
Ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун ҳар сол як маротиба баргузор мешавад ва масъулини нерӯгоҳ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба саҳмдорон ҳисобот медиҳанд. Аммо ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳафтае пеш Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз нашри натоиҷи муқаддамотии ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон истиқбол кард.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо истиқбол аз нашри натоиҷи муқаддамотии ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон гуфта буд, ин санади Бонки ҷаҳонӣ як роҳнамои муҳим барои кишварҳои минтақа дар роҳи музокироти масоили марбут ба истифодаи захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Дар изҳороти сухангӯи дабири кулли СММ, ки рӯзи 19 июн дар сомонаи расмии Милали Муттаҳид нашр шудааст, ҳамчунин гуфта мешавад, ки ”дабири кулл аз мониаҳое, ки дар пеши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи таъмини ниёзмандиҳои энержии онҳо истодааст, хабар дорад ва аз талошҳои Бонки ҷаҳонӣ барои анҷоми ташхис ё экспертизаи мустақили тарҳи нирӯгоҳи Роғун қадрдонӣ мекунад.” Бан Ки Мун аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, "вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба дар ин масоил худдорӣ кунанд."
Ба эътиқоди раҳбари СММ, танҳо “бо роҳи музокирот метавон ба як роҳи ҳалли умумӣ ва мутавозине, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар бигирад, даст ёфт.” Бан Ки Мун гуфт, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ ва раҳбараш Мирослав Йенча омодаанд, дар роҳи ташкил ва баргузории чунин музокираҳо ба тарафҳои зидахл дар минтақа кумак кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар апрели соли 2010 зимни боздиди дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз ин кишвар талош карда буданд, то ӯро ба зарурати бунёди нирӯгоҳи Роғун мутақоид кунанд. Вале Бан Ки Мун қабл аз Тоҷикистон аз Узбакистон дидан карда буд ва мақомоти узбак ӯро ба ҳавзаи баҳри хушкидаи Арал бурданд, ки ба ақидаи онҳо, оқибати нирӯгоҳсозиҳои кишварҳои болообро ба чашми худ бубинад.
Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар хонда ва мегӯяд, ки танҳо баъди такмили нерӯгоҳ, кишвар метавонад аз бӯҳрони нафасгиркунандаи энержӣ дар фасли сармо халос шавад. Ҳоло аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо – маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел – ба лимити шадиди нирӯи барқ дучор мешаванд ва аксари қаламрави кишвар дар ин мавсим дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Бунёди даҳҳо нирӯгоҳи хурд ва ду нирӯгоҳи миёнаи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бори ин лимити барқро сабук карда натавонист. Дар Душанбе мӯътақиданд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар Тоҷикистон ба афсона табдил хоҳад ёфт.
Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Душанбе мегӯяд, ки ин иддаои кишварҳои поёноб асосе надорад.
Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.
Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.