Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 10 июл хабар дод, ки вазъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар пайи тирпаррониҳои рӯзи 10 июл дар марзи Исфараву Бодканд шадид боқӣ мемонад, вале фармондеҳони нирӯҳои марзбонии ҳарду кишвар дар пайи як сӯҳбати телефонӣ ҷиҳати оташбас тавофуқ кардаанд.
Гуфта мешавад, гуфтугӯи телефонии фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон полковник Раҳимбердӣ Дуйшенбиев бо ҳамтои тоҷикаш генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рӯзи 10 июл сурат гирифтааст. Марзбонони қирғиз мегӯянд, "дар натиҷаи музокирот ба воҳидҳои марзбонии ҷонибҳо иловатан фармони оташбас дода шуд." Вале, меафзояд дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонии Қирғизистон, "бо ин вуҷуд, аз ҷониби Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт ба сӯи мавқеъҳои низомиҳои қирғиз тир кушода мешавад."
Маълумоти омада дар изҳороти марзбонҳои Қирғизистонро ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ ё рад накардааст.
Нахустин шарҳи фармондеҳи марзбонҳои тоҷик
Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки шаҳрвандон ва марзбонони тоҷикро масъули тирпаррониҳои имрӯза дар марзи Исфараву Бодканд меномад, гуфт, ин паҳлуи қазияро дар ҳоли ҳозир шарҳ намедиҳад, чунки “ин ҳодисаро кумиссиюни дутарафа таҳқиқ карда истодааст. Мо ҳоло чизе гуфта наметавонем, бояд кумиссиюни дутарафа маълум кунад, ки чӣ гуузашту гунаҳкор кист.”
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфт, таҳқиқот бояд маълум кунад, ки “марзбонҳои қирғиз аз кадом сабаб ба тарафи шаҳрвандони оддие, ки ягон яроқ надоштанд, тир кушодаанд.” Оқои Раҳмоналӣ гуфт, талош дорад, то фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Қирғизистонро ба музокирот дар ҷои ҳодиса даъват кунад ва қазияро дар ҷояш ҳалл кунанд.
Нотаи расмии Тоҷикистон ба Қирғизистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як нотаи расмӣ аз Қирғизистон дар бораи тирпарронии рӯзи 10 июл шарҳ талаб кардааст. Марзбонҳои қирғиз дар ҳарду тирпарронии имрӯза шаҳрвандон ва марзбонҳои тоҷикро айбдор мекунанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба тирпарронии рӯзи 10 июл, ки соати 11-30 дар қаламрави хоҷагии коооперативии “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд рух додааст, ба ҷониби Қирғизистон нотаи тасмӣ фиристода, шарҳи ин ҳаводисро талаб кардааст.
Вазорати хориҷа дар иттилоияе, ки баъд аз зӯҳри 10 июл нашр кард, мегӯяд, марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи Тамдиқ нисбат ба аҳолии осоишта, ки ба тармими қубури об машғул буданд, бадрафторӣ зоҳир карда, "нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид. Дар натиҷаи ин амал, 7 сокини осоишта ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид."
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки "аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд." Душанбе дар бораи аз сӯи «бархе» ниҳодҳои Қирғизистон поймол шудани тавофуқоти бадастомада дар бораи минтақаҳои баҳсӣ изҳори таассуф карда, мегӯя, дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса ҳайатҳои давлатӣ ба раҳбарии муовинҳои сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев фаъолият доранд.
Хабарнигори Озодӣ дар Исфара
Дар пасманзари таниши нав хабарнигори Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз Исфара гузориш дод, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара баъд аз асри 10 июл пушти дарҳои баста шурӯъ шуда, баъди чанде ҳайатҳо барои идомаи музокира ба шаҳри Қайроқум рафтаанд, то баҳҳоро дар як шароити, ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, "оромтар" идома диҳанд. Ҳайатҳоро муовинони сарвазирони ҳарду кишвар Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев раҳбарӣ мекунанд. Дар назар буд, дар нишасти Исфара, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд, масъалаи сохтмони роҳу пулҳо дар мавзеҳои баҳсии марз баррасӣ мешуд, аммо баъди ҳаводиси рӯзи 10 июл масъалаи тирпаррониҳо баҳси роҳро аз меҳвари музокироти ҷонибҳо танг кардааст.
Дар беморхонаи марказии Исфара ба хабарнигори Озодӣ гуфтаанд, ҳоло 2 нафар аз захмиён дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Бахтовар Ҷӯрабекзодаи 30-сола аз ҳарду пояш ва Ҳазрат Қозиеви 33-сола аз як пояш тир хӯрдаанд. 5 захмии дигар дар шӯъбаҳои дигари бемористони Исфара таҳти табобат будаанд. Наздикони захмхӯрдаҳо ҳам дар паси беморхона интизори хуб шудани вазъи саломатии наздикони худанд.
Гузориши муфассали хабарнигори Озодӣ бо аксу видео аз Исфара субҳи ҷумъа, 11 июл нашр хоҳад шуд. Бо Радиои Озодӣ бимонед!
Ҷ.Сангинов: Посгоҳи марзбонҳои қирғиз дар Бедак қонунӣ набуд
Муовини якуми раиси вилояти Суғд масъулияти тирандозии имрӯзаро ба дӯши марзбонҳои қирғиз бор кард. Ҷониби Қирғизистон баръакс ангушти иттиҳом ба сӯи сокинони Ворух ва марзбонони тоҷик баланд кардааст.
Ҷумъабой Сангинов, муовини якуми раиси вилояти Суғд баъд аз зӯҳри 10 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "вазъ дар марзи Исфараву Бодканд бо назардошти ҳодисае ки рух дод, ҳозир мураккаб аст, лекин тарафҳо вазъиятро идора карда истодаанд." Оқои Сангинов масъулияти тирандозиро ба дӯши марзбонҳои қирғиз бор кард, ки ба гуфтаи ӯ, ба таври ғайриқонунӣ дар посгоҳи Бедак мустақар шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бораи аз инҷо бардоштани посгоҳи марзбонҳои қирғиз кайҳо тавофуқ шуда буд, "лекин мутаассифона, то ҳол ин посгоҳро набардоштаанд."
Муовини якуми раиси вилояти Суғд, ки ҳоло дар минтақаи байни ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворухи Исфара қарор дорад, гуфт, сокини ҷамоати Ворух Сафоиддин Шаропов , баъди 20 дақиқаи тир хӯрдан ҳалок шуда, 7 нафар ҳоло дар бемористонанд. Ӯ вазъи ду захмиро сангин номид.
Тирпарронии дуюм дар марзи Исфараву Бодканд
Дафтари матбуоти Хадамоти Қирғизистон аз тирпарронии дувум дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳод марзбонҳои тоҷикро айбдор кард, ки "бо нақзи ҳама меъёрҳои қонуни байналмилалӣ" рӯзи 10 июл алакай бори дуюм алайҳи марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи "Тамдиқ" тир кушодаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонҳои тоҷик аз миномёту гранатомёт оташ кушодаанд, вале дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ бас шудааст ва "намояндагони нирӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ба маҳалли тирпарронӣ рафтаанд."
Марзбонҳои Қирғизистон мегӯянд, дар робита ба тирпаррониҳои рӯзи 10 июл дар мавзеи Тамдиқ нирӯҳои марзбонии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон ба режими шадиди хидмат гузаштаанд ва "роҳи Оқсой -Тамдиқро бо мақсади роҳ надодан ба ташдиди низоъ муваққатан бастаанд."
Ин дувумин мавриди гузоришшудаи тирпарронӣ дар ин қитъаи марз аст, вале нирӯҳои марзбонӣ ва мақомоти дигариТоҷикистон то ҳол дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар тирпарронии дувум оё касе осеб дидааст ё на.
Ҳукумати Исфара: Дар Ворух 1 кас кушта ва 7 тан захмӣ шудааст
Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, дар тирпарронии имрӯза дар марзи Исфара бо Бодканди Қирғизистон як нафар кушта ва 7 нафар захмӣ шудаанд: "Нафари кушташуда сокини Ворух Шаропов Сафоиддин, соли таваллудаш 1978 мебошад. 5 тан аз захмиёнро ба бемористони марказии шаҳри Исфара овардаанд ва ҳоло онҳо таҳти ҷарроҳӣ қарор доранд. Ду захмии дигар дар бемористони Воруханд. Ҳамаи инҳо захми тир бардоштаанд, касе як захм, касе - ду захм." Қаблан манобеи дигар шумори захмиён дар тирпарронии рӯзи 10 июл дар минтақаи Бедаки ҷамоати Ворухи Исфараро аз 5 то ҳудуди 10 нафар мегуфтанд.
Ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфт, ба тарафи мардуме, ки аз тариқи ҳашар як лӯлаи ҳанӯз 10 сол пеш сохташудаи обгузарро тармим мекарданд, марзбонони Қирғизистон, ки онҳоро, ба гуфтаи ин манбаъ, нирӯҳои вижа ҳамроҳӣ мекарданд, тир кушодаанд. Ӯ масъулияти тирандозиро ба дӯши онҳо бор кард, ки ба гуфтаи ӯ, рафтори "пархошҷӯёна" доштаанд. Ин манбаъ мегӯяд, тирпарронӣ дар маҳаллаи Бедак, дар минтақае сурат гирифтааст, ки 500 метр дохили марзи Тоҷикистон аст.
Ин намояндаи ҳукумати Исфара гуфт, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии муовинони сарвазирҳои ҳарду кишвар Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Қарор буд, ин музокироти аз пеш барномарезишуда баъд аз зӯҳри 10 июл дар шаҳри Исфара оғоз ба кор кунад.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз Бодканд гузориш додааст, ки сокинони руси Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба дунболи тирпарронии имрӯза роҳи Бодканд -Оқсой, танҳо масиреро, ки ин рустои қирғизии воқеъ дар байни Хоҷаи Аъло ва Ворухро бо маркази вилояти Бодканд мепайваст, бастаанд.
Таҷаммӯи сокинони Ворух
Як сокини ҷамоати Ворух, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 10 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар маркази ҷамоати Ворух сокинон таҷаммӯъ карда, аз мақомот таҳқиқи ин ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоеро, ки ба сӯи мардуми осоишта тир кушодаанд, талаб доранд. Хабари таҷаммӯи мардум дар маркази Ворух аз сӯи мақомот ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Ба гуфтаи сокинони Ворух, нафаре ки дар тирпарронии рӯзи 10 июл дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз тири сарҳадбонҳои қирғиз кушта шуд, Сафоиддин ном дошта, 3 фарзанди хурдсол доштааст. Як сокини Ворух гуфт, Сафоиддин ҳамроҳи гурӯҳи ҳамдеҳагонаш бо тариқи ҳашар лӯла мехобониданд, ки сарҳадбонҳои қирғиз ҳозир шуда, гуфтаанд ҷойи кори онҳо замини баҳсӣ аст ва аз ин рӯ, корро қатъ ва ин маҳаллро тарк кунанд. Баъди як раддубадал марзбонҳо, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, ба тарафи мардуми ҳашаракӣ тир кушодаанд.
Тирпарронӣ дар Ворух дар тафсири марзбонҳои қирғиз
Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳодисаро каме дигар гуна тасвир мекунад. Ин ниҳод хабари тирпарронӣ дар марзи ноҳияи Бодканди ин кишвар бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро тасдиқ кард ва гуфт, тирпарронӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз дар минтақаи Тамдиқи ноҳияи Бодканд сурат гирифтааст. Марзбонони қирғиз мегӯянд, "амалҳои ғайриқонунии шаҳрҳвандони Тоҷикистон"-ро сабаби ин тирпарронӣ номидааст.
Бино ба тафсири хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҳудуди 30 шаҳранди Тоҷикистон мехостанд аз рӯди Каравшин дар қаламрави Қирғизистон ба рустои Бедаки ҷазирақаламрави Ворух лӯла бикашонанд: "Нирӯҳои марзбонҳои Қирғизистон ба маҳалли лӯлагузаронӣ омада, талаб карданд, ки корро қаъ кунанд, чунки ин маҳалл сабт нашудааст. Дар посух шаҳрвандони тоҷик марзбонҳои қирғизро сангборон карданд. Марзбонҳои қирғиз ба хотири роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик ба ҳаво тир кушодаанд."
Бино бар ин манбаъ ба дунбол, як гурӯҳи марзбонҳои Тоҷикистон, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса қарор доштааст, ба сӯи марзбонҳои қирғиз тир мекушояд ва "дар натиҷа байни марзбонҳои ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифт. Ба хотири пешгирӣ аз ташдиди низоъ баргузории мулоқоти намояндагони марзбонии ҳарду ҷониб дар назар дошта шудааст. Бино ба ҳисобҳои пешакӣ, дар ҷараёни ин ҳодиса аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надида ва захмӣ ҳам нашудааст."
Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон ва раҳбари ҳайати он кишвар дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон, рӯзи 10 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст. Маматалиев гуфт, ки ӯ имрӯз барои идомаи музокироти масоили марзӣ ба Исфара меравад, вале яқинан мавзӯи асосии музокироти онҳо баррасии вазъ дар пайи тирпарронии навбатӣ дар марзи Исфараву Бодканд хоҳад шуд.
Навбатдори ШКД Исфара: 1 кас кушта шудааст
Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Исфара рӯзи 10 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари даргирӣ дар марзи ин ноҳия бо Қирғизистонро тасдиқ кард ва гуфт, сарҳадбонҳои қирғиз соатҳои тақрибан 11 ба сӯи як гурӯҳи сокинони Ворух тир кушодаанд ва дар натиҷа як нафар кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Ӯ афзуд, ин ҳодиса дар маҳали Бедаки ҷамоати Ворух рух додааст ва мақомоти интизомиву амниятӣ ба хотири таҳқиқи қазия ба маҳали ин тирпаронӣ рафтаанд.
Хабари тирпаррониро ибтидо сокинони ҷамоати Ворух ба Озодӣ расонданд. Ба гуфтаи онҳо, соати 11-и рӯзи 10-уми июл ҳарбиёни Қирғизистон ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мавзеи Бедак машғули кишоварзӣ буданд, тир кушода, 1 нафарро ба ҳалокат расонданд ва 7 тани дигарро захмӣ карданд.Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати бо Ворух ҳамсояи Чоркӯҳ ба Озодӣ гуфт, ду тан аз захмиён дар бемористони шаҳри Исфара дар вазъи вазнин қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз дар Исфара масъалаҳои марзиро баррасӣ кунанд. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд субҳи 10 июл ба Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистонро дар ин музокирот муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон раҳбарӣ мекунад.
Хабари тирпарронӣ дар Бедак дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон мегуфт, рӯзи 10 июл ба сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош-Тамдиқ оғоз мекунанд. Сохтмони ин роҳ дар моҳи январ низ ба як тирпарронии дигар дар марзи Исфараву Бодканд сабаб шуд, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт ва боиси ҷиддитарин таниш дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Аммо Ҷумъабой Сангинов субҳи 10 июл гуфт, сохтани ин роҳ то замони тавофуқи ҷонибҳо бар сари масираш ба таъхир гузошта шудааст. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух низ ба Озодӣ гуфт, имрӯз дар ин роҳ кадом корҳои сохтмонӣ ваё таҷаммӯи коргарону техникаи роҳсозӣ мушоҳида нашудааст.
Марзи Исфараву Бодканд доғтарин нуқтаи марзи 971-километрии Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. То ҳол аз 971 километр марзи ду кишвар танҳо 504 километраш таъин ва аломатгузорӣ шудааст ва аксари нуқтаҳои баҳсии таъин ва аломатгузорӣ нашудаи ин марз ҳам дар марзи Исфараву Бодканд мебошад.