Сафари ин ду дучархасавор, ки яке эронитабор ва дигаре олмонӣ ҳаст, дар шароите ба Бадахшон сурат гирифтааст, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи май бархе аз сафоратҳои муқими Тоҷикистон, шаҳрвандонашонро огоҳ карданд, аз сафари Бадахшон худдорӣ кунанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, Сулмоз аз таасуроту дидаҳои хеш дар ин сафари 17 рӯза қисса кард. Суоли аввалини мо ҳам ин буд, ки ҳадаф аз ин сафар то Бадахшон бо дучарха чӣ буд?
Сулмоз Муҳоҷир: Ман ба Бадахшон бо мошин ва ҳавопаймо сафар кардаам, он ҳам сафарҳои кӯтоҳмуддат. Мутаассифона, чунин сафар ба ман иҷоза намедод, ки бо мардум наздик бошам, гуфтугӯ кунам ва аз тарҳи зиндагишон бохабар бишавам, ба ин хотир тасмим гирифтем бо ин роҳ ба Бадахшон сафар кунем, то битавонем,дар қишлоқҳо бимонем бо мардум ғазо бихурем ва дар бораи зиндагии онҳо маълумоти бештар бигирем.
Ҳамчунин як ҳадафи дигари мо ин буд, ки мехостем сатҳи огоҳии мардумро дар бораи аутизм ё дармондагӣ бифаҳмем. Мутаассифона дар тӯли ин сафари дарозмуддат ҳамагӣ як нафар буд, ки медони ин чӣ беморӣ аст. Ман ва дӯстам аз Душанбе бо дучарха ба Хоруғ маркази Бадахшон рафтем ва аз он ҷо роҳамонро ба Вахон то шаҳри Лангар идома додем. Яке аз чизҳое, ки ман хеле ба он алоқаманд шудам ин буд, ки бо вуҷуди ин, ки мардум дар рустоҳои дурафтода ва баста зиндагӣ мекунанд, аммо аксарият қадршинос ҳастанд ва бо он чизе, ки доранд шукр мегӯянд.
Озодӣ: Оё мушкил набуд барои ду ҷавондухтар сафар бо дучарха ба як масофаи тулонӣ?
Сулмоз Муҳоҷир: Ман аз аввал як нигароние доштам, хусусан дар рӯзи аввали сафар нигарониам бисёр зиёд буд, чун намедонистам, ки метавонам ин сафарро анҷом бидиҳем ё на. Вале вақте сафарро шурӯъ кардем, дигар ором-ором рафтем. Агар ҳаво гарм буд, зери сояи як дарахте менишастему тарбуз мехурдем, агар ҳаво салқин буд, он рӯз кӯшиш мекардем бештар роҳ биравем.
Озодӣ: Шояд шумо ҳам қабл аз сафар аз ин ҳодисаву иттифоқҳое, ки дар Бадахшон рух дода буд, огоҳ будед, махсусан баъд аз ҳаводиси моҳи май ва ҳамчунин боздошт шудани як пажӯҳишгари ҷавон дар Хоруғ, ки ба ҷосусӣ гумонбар дониста мешуд. Сафари хориҷиҳо, сайёҳон ҳам ба ин минтақа каме мушкил шуда буд, барои шумо дар ин самт ягон мушкиле буд?
Сулмоз Муҳоҷир: Мо албатта дар бораи ин мушкилоти моҳи майи Хоруғ хабар доштем ва бархе аз дӯстонамон ҳам пешниҳод карданд, ки барномаи худро тағйир бидиҳему ба ягон минтақаи дигар равем. Мо ба роҳатӣ тавонистем аз сафорати Тоҷикистон дар Олмон виза бигирем, аммо мутаассифона, дар ин сафорат натавонистем якбора иҷозаи ворид шудан ба Бадахшонро бигирем. Вақте ба Душанбе расидем, ин кор чанд рӯз тӯл кашид ва нигарон будем, чун хеле диламон мехост ба Бадахшон биравем ва мутмаин набудем, ки ин кор қобили анҷом додан ҳаст ё на. Ва ба хотири ҳамин мо барномаи дигаре барои сафар ба Хуҷандро омода кардем, аммо хушбахтона барои сафар ба Хоруғ иҷозат гирифтем ва рафтем. Мардум ҳам бо мо бисёр озод буданд, эҳсос накардем, ки хатаре вуҷуд дорад ё касе мумкин аст моро азият бидиҳад. Вақте аз минтақаҳои пулисӣ ҳам мегузаштем, онҳо хеле боэҳтиром бо мо муносибат мекарданд ва кунҷкоб буданду мепурсиданд, ки мо чӣ кор мекунем, куҷо меравем, чар бо дучарха?
Озодӣ: Хуб мардум чиҳо мегуфтанд, бо шумо дар чӣ мавзӯҳое сӯҳбат мекарданд?
Сулмоз Муҳоҷир: Дар бораи иттифоқоте, ки дар Хоруғ пеш омад, дар қишлоқҳои дур аз Хоруғ бо ин ки дар Бадахшон ҳастанд, мардум ҳеҷ сӯҳбате намекарданд. Ман фикр мекунам Хоруғ марказ аст ва мардуми рустоҳо ҳам, ки дуртаранд аз марказ аз ин ҳодисаҳо ҳам дур буданд. Дар худи Хоруғ мардум кӯшиш мекарданд дар ин бора зиёд сӯҳбат накунанд. Фақат онҳо аз ин хушҳолӣ мекарданд, ки вазъ оромтар шудааст.
Озодӣ: Аслан зиндагии мардумро чӣ гуна дарёфтед шумо дар ин рустоҳои кӯҳистонии Тоҷикистон? Чӣ чизи ҷолибу наве дидед дар зиндагиву рӯзгори ин мардум?
Сулмоз Муҳоҷир: Дар Бадахшон вазъи зиндагии мардум бисёр содда ҳаст ва ман шефтаи ин соддагӣ ҳастам. Дили пок доранд ва зиндагиро комилан содда нигаҳ доштаанд, шояд ин ба хотире бошад, ки шароит онҳоро водор мекунад, аммо ба ҳар сурат зиёд шикояту норозигӣ намекунанд. Масалан, вақте гурусна мемондем, касе моро медид бе ягон суол ба мо нон медод ва мегуфт ба оби чашма зан ва бихӯр, ин ба ту қувват медиҳад барои дучархасаворӣ. Як пирамард дар рустое омаду ба мо гуфт, аз сурататон маълум аст, ки хеле хастаед, зери дарахти зардолуи
ман бишинед, истироҳат кунед бо мо чой нушед ва фардо ба сафар идома диҳед. Инҳо чизҳое ҳастанд, ки дар ҷойҳои дигари дунё ман надидам ва фақат дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои куҳистонӣ эҳсос кардам. Мо бисёр дар қишлоқҳо хоб мекардем, чун амният ин ҷо болотар аст, вақте ба рустоҳо мерасидем, мардум, хусусан кӯдакон омада дасти моро мегирифтанду ба хонаҳояшон мебурданд. Мо бо худамон хаймаву дигар чизҳои зарурӣ доштем, аммо инҳо чандон бароямон лозим нашуданд. Чун мардум мехостанд мо дар хонаи онҳо шабро рӯз кунем. Чизи аҷиби дигар ин буд, ки аз ҳар қишлоқе, ки мо рад мешуд, шумораи телефонҳои моро мегирифтанд ва занг мезаданду мепурсиданд, ки солимед, саломат расидед? Барои онҳо ин муҳим буд, ки сафари мо чӣ тур мегузарад? Барои дӯсти ман, ки аз Олмон аст, ин бисёр аҷиб буд.
Озодӣ: Сулмоз чӣ нақша доред? Бо ин ҳама маълумоту таасуроте, ки бо худ аз сафари беш аз даҳрӯзаатон овардед, чӣ кор мекунед?
Сулмоз Муҳоҷир: Медонед ин як нақшаи чандинсолаи ман буд, ҳадаф фақат шиносоӣ бо мардуми одии кӯҳистон, аммо дӯсти ман Ҷоссӣ, мегӯяд, дар Олмон зиндагӣ бисёр тез мегузарад, ҳама серкоранд ва барои ҳамдигар вақт намегузоранд. Ӯ дар Бадахшон мутаваҷҷеҳ шуд, ки чӣ қадар мардум метавонад бо ҳам меҳрубон ва самимӣ бошанд ва барои ҳамдигар вақт бигузоранд. Ва дид, ки ин чӣ қадар зиндагиро ширинтар бикунад. Ӯ акнун вақте ба Олмон бармегардад ин рафторро бо худ мебарад ва ба дигарон мерасонад.