Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар паёме ба Чорумин ҳамоиши кишварҳои гурӯҳи «Дили Осиё» барои ҳимоят аз «раванди Истамбул дар робита ба Афғонистон» бори дигар ташаббусҳои Тоҷикистонро барои ҳифзи субот, бозсозӣ ва рушди Афғонистон дар миён гузошт. Дар ин нишаст, ки рӯзи 31-уми октябр дар Пекин, пойтахти Чин ҷараён гирифт, раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, сарвазири Чин Ли Кэтсян, ҳайтаҳои баландпоя аз 14 кишвари узви барномаи «Дили Осиё», 16 кишвари ҳомии ин раванд ва 12 созмони байнулмилалӣ ширкат доранд. Дар он роҳҳои мусоадати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон баррасӣ мешаванд.
Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳамсоягони ҳамҷавори Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба ёрмандӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар, ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризми фаромиллӣ, омӯзониши мутахассисон даъват кардааст.
Дар ҳошияи ҳамоиши Пекин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар дидоре бо ҳамтои чиноии худ Ван И равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ кард. Бино бар хабаре дар торнамои Сафорати Тоҷикистон дар Чин, ду кишвар дар масъалаи Афғонистон бо ҳам ҳамкории наздик доранд. Ван И ба нақши истисноии Тоҷикистон дар имдоди ҷаҳонӣ ба Афғонистон баҳои баланд дод ва изҳори умедворӣ кард, ки Чин ва Тоҷикистон бо таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ба эҳёи осоишта ва гузори нарми Афғонистон ба сулҳу суботи доимӣ кӯмак хоҳанд кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи нишасти Пекин ҳамчунин бо ҳамтои қирғизи худ Эрлан Абдилдаев мулоқот дошт.