Асноди бемории Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари собиқи ширкати “Роҳи оҳан”, барои санҷиш ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббии Вазорати тандурустӣ пешниҳод шудааст. Абдукарим Шехов - раиси Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин аснод дар дасти баррасист ва онҳо хулосаи худро дубора дар мавриди бемории Амонулло Ҳукуматулло пешниҳод хоҳанд кард.
Санҷиши бемории Амонулло Ҳукуматулло баъд аз он пеш омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳур ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб –раҳбари Оҷонсии зиддифасод дар Тоҷикистон аз таъини нафақаи маъюбӣ ва ҳангуфту "осмонӣ" барои афроди солим ва гузашта аз ин, баъзе аз мақомдорони тоҷик, изҳори нигаронӣ карданд.
Раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар нишасти хабарии 26 январ дар ин маврид аз Амонулло Ҳукуматулло - раиси пешини Роҳи оҳан ва Наталя Назаршоева – раиси собиқи “Тоҷиксодиротбонк” ном бурд, ки ба иттилои ӯ, дувумӣ 17 ҳазор сомонӣ нафақа доштааст. Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, Амонулло Ҳукуматулло 18 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад.
Абдукарим Шехов мегӯяд, таъини ҳаҷми нафақа, бахусус чунин нафақаи ҳангуфт, ба онҳо вобаста нест, аммо афзуд, “воқеан, бар асоси ҳуҷҷатҳо Амонулло Ҳукуматулло бемор аст. Ӯ бештар аз касалии қанду дарди қалб азият мекашад. Вобастагӣ ба инсулинт дорад”.
Аммо Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, нафақа аз рӯи маъюбиро онҳо танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ таъин мекунанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, раҳбари ин Оҷонсӣ, гуфтааст, баъд аз санҷиши кормандони Оҷонсии зиддифасод ҳоло якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ташхиси дубораи маъюбонро ба роҳ мондаанд.
Ин мавзӯъ рӯзи 28 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбати Маҷлиси Намояндагон, ҳангоми қабули тарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи таъмини нафақа, низ баҳс шуд, вале аз касе мушаххас ном нагирифтанд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон, барои назорат аз болои таъмини нафақаи сокинон даъват кард ва пешниҳод намуд, нафақаи одамоне, ки ҳанӯз дар соли 1994 бознишаста шудаву ҳоло ҳудуди 200 сомонӣ дарёфт мекунанду барои зиндагияшон кофӣ нест, боло бурда шавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 26 январ дар нишасти хабариаш гуфт, то имрӯз 10 827 нафар, ё 30 дарсад аз ҷамъи онҳое, ки нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, аз ин нафақа маҳрум карда шудаанд. Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, аз ин шумор 7 046 нафар комилан солим будаанд.
Раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, аз ҳисоби гирифтани нафақаҳои маъюбии ғайриқонунӣ ба ҷайби ҳукумат 14 миллиону 718 000 сомонӣ, муодили 2,7 миллион доллар зарар омадааст ва ин миллионҳо сомонӣ зарар расида, ба хазинаи давлат бояд барқарор карда шаванд. "Ин ҳамааш гуноҳи комиссияи тиббӣ ва фондест, ки нафақа таъин мекунад. Ҳатто баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки ду-се сол барои одами фавтида нафақа мегиранд. Инҷо кормандони бонк ҳам гунаҳкор ҳастанд,"-таъкид дошт раиси Оҷонсӣ.