Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш имомхатиби масҷид боздошт шуд


Рашод қорӣ
Рашод қорӣ

Имомхатиби яке аз масҷидҳои бузурги ҷануби Қирғизистон ба эҳтимоли узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт шудааст. Ин ҳизб дар Қирғизистон ҳақи фаъолият надорад. Жениш Аширбаев-корманди дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилояти Ӯш гуфт, ин имомхатиб аз мардум даъват мекард, ки халифати исломӣ бунёд кунанд ва ба Сурия ба “ҷиҳод” раванд.

Хабаргузории Қирғизистон бо номи Турмуш аз ин имом Рашодхон ном бурдааст. Рашод қорӣ Камолов имомхатиби масҷиди Сарахсий дар ноҳияи Қара Суу мебошад. Камоловро мақомот баъд аз он боздошт карданд, ки ҷонибдорони вай дар Қара Суу тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Рафиқ қорӣ Камолов-падари Камолов низ дар ҳамин масҷид имомхатиб буд ва соли 2006 дар як амалиёти нируҳои амниятии Узбакистон дар қаламрави Қирғизистон парронда шуд.

XS
SM
MD
LG