Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На ҳаҷ, на ҳиҷоб ва ...риши шуморо метарошанд"


Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.
Лутфулло Бобобеков,сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Манъи сафари ҳаҷ ба афроди то 35-сола, баста шудани саррофиҳои хусусӣ, мушкилиҳо дар бунёди корхонаи тиллои Покрӯд дар Тоҷикистон дар расонаҳои хабарии олам бозтоби густaрда ёфтанд.

“Тоҷикистон. На ҳаҷ, на ҳиҷоб ва ...риши шуморо метарошанд” – нашрияи The Diplomat, чопи Ҷопон, дар матлабе зери ин унвон навиштааст, ки ҳарчанд озодии мазҳабӣ дар Қонуни асосии Тоҷикистон кафолат дода шудааст,аммо масоили мазҳабӣ дар ин кишвар аз сӯи давлат идора мешавад.

Бино ба навиштаи ин нашрия, то интихоботи парлумонии соли равон Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки он ҷо ҳизби сиёсии исломӣ дар парлумон намояндагӣ дошт. Баъд аз шикасти Ҳизби наҳзати ислом дар интихобот ва барои нахустин бор баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ аз парлумон берун мондани он, ба навиштаи The Diplomat, созмонҳои расмии динии кишвар пешниҳод карданд, ки ин ҳизб баста шавад ва ҳатто баъзеҳо хостори ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кардани он шуданд.

Нашрия ишора кардааст, ки дар Тоҷикистон донишҷӯдухтарон ҳаққи пӯшидани ҳиҷобро надоранд, ҷавонони то 18-сола ба маросимҳои динӣ, ба ҷуз, ҷаноза, роҳ дода намешаванд, баргузории ҷашнҳо, аз ҷумла, маросимҳои мазҳабие чун Мавлуди Паёмбар, танзим шудааст. Ба болои ин, назорати давлатӣ аз болои либоси шахсӣ шадид шуда, чанд ҳодисаи маҷбуран тарошидани риши шаҳрвандон ҳам сабт гардид.

Нашрияи ҷопонӣ ба он ҳам ишора кардааст, ки ахиран Кумитаи дини назди раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёрати ҳаҷ ба афроди то 35-соларо манъ кард. Муаллифи матлаб менависад, ки ин тасмим аз як тараф бо коҳиши квотаи Арабистони Саъудӣ барои зиёрати ҳаҷ рабт дорад ва аз сӯи дигар баёнгари тарси ҳукумат аз ҳарчӣ бештар ифротгаро шудани ҷавонон аст.

Нашрияи The Times of Central Asia навиштааст, ки тайи чанд рӯзи ахир баъд аз як тасмими Бонки миллии Тоҷикистон аз 1581 саррофӣ 818-тояш баста шуданд. Акнун дар Тоҷикистон фақат саррофиҳое боқӣ мондаанд, ки муталлиқ ба бонкҳои кишваранд. Бонки миллӣ тасмим барои бастани саррофиҳои хусусиро бо талоши ба эътидол овардани бозори асъор, қурби пули миллӣ - сомонӣ ва дифоъ аз манфиатҳои мизҷони бонкҳои Тоҷикистон рабт додааст, менависад нашрия. Як корманди бонк бидуни ифшои ному насабаш ба нашрия гуфтааст, ки муҳоҷирони корӣ маблағҳояшрғонро ба Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ интиқол медиҳанд, ҳамчунин мардум захираҳои пулии худро бо асъори хориҷӣ, пеш аз ҳам, доллари амрикоӣ нигаҳ медоранд. Ҳама гуна манъи хариду фурӯши озоди асъор боиси пайдо шудани “бозори сиёҳ”-и асъори хориҷӣ ва беқурбшавии пули миллӣ мегардад, таъкид кардааст мусоҳиби нашрия.

Назаралӣ Хоналиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, ҳам бо ин ақида розӣ шуд, ҳамзамон ба он нукта ҳам таъкид кардааст, ки "баъд аз коҳиши маблағҳои муҳоҷирони корӣ, асъори хориҷӣ ҳам камчин шудааст”. Ва ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршинос, чун воридот ба Тоҷикистон назар ба содирот аз кишвар панҷ баробар бештар аст, талабот ба асъори хориҷӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Сомонаи интернетии businesswire.com, бошад, бо такя ба ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited хабар додааст, ки бунёди корхонаи тавлиди тиллои Покруд тибқи нақша, яъне, дар моҳи августи соли 2015 анҷом нахоҳад ёфт ва тавлиди озмоишӣ дар моҳи ноябри соли равон ҳам сурат нахоҳад гирифт.

Масъулони ширкат гуфтаанд, ки бориши зиёди барф ва ярч дар Покрӯд боиси қатъи нерӯи барқ шуда, ҳамчунин дар интиқоли масолеҳи бинокорӣ барои бунёди корхона монеъа эҷод кардаанд. Ҳамчунин мушкили дарёфти раводиди Тоҷикистон барои мутахассисони хориҷӣ, ки бояд дар корхона таҷҳизоти асосиро васл кунанд, садди роҳи тибқи нақша бунёд кардани корхонаи тиллои Покрӯд шудааст. Сомона бо такя ба маълумоти расмӣ навиштааст, ки дар кони Покрӯд беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ва қаторкӯҳҳои Тиён-Шон воқеъ аст.

Тоҷикистон дар гузашта ҳам барои истихроҷи захираҳои маъдани худ, аз ҷумла тило аз сармояи хориҷӣ истифода мекард. Аз ҷумла корхонаи муштараки истихроҷи тилои «Зарафшон» нахуст бо иштироки ширкати бритониёӣ ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта буд, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро низ ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG