Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳайкал”-и нотамоми Эрон дар Тоҷикистон


Қарор аст нақби мошингузари “Истиқлол”-и Тоҷикистон, ки ҷанубу шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, аз 15 июни соли ҷорӣ барои корҳои таъмир баста шавад.

Дар ин бора Наримон Ризоӣ-намояндаи вазорати нируи Эрон дар нақби “Истиқлол” хабар дод. Ба гуфтаи намояндаи Эрон, корҳои таъмир дар дохили нақб 90 рӯз давом хоҳад кард ва дар ин муддат бояд ширкати сохтмонии “Собир”-и Эрон бетонрезии кафи нақб, деворҳои паҳлӯӣ ва сақфи онро ба поён расонад, чароғҳо ба сурати муназзам дар дохили нақб насб шаванд. Оқои Ризоӣ афзуд, дар давоми 90 рӯз дохили нақби “Истиқлол” мисли нақбҳои “Шаҳристон” ва “Шар-Шар”-и Тоҷикистон хоҳад шуд, нақбҳое, ки ширкатҳои чиноӣ сохтаанд.

Дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмонӣ 15 соат, яъне аз соати 6 субҳ то соати 22 шаб рафту омади нақлиёт тавассути нақб баста мешавад, вале соатҳои шабона барои мошинҳои борбар, аз қабили “КамАЗ”-ҳо як шаб аз тарафи шимол ва шаби дигар аз тарафи ҷануб ҳаракат бо навбат аз як ҷониб иҷоза дода мешавад. Вале рафту омади нақлиёти саворӣ ё нақлиёти сабук аз роҳи ағбаиАнзоб сурат мегирад.

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки аз саргаҳи ин ағба сӯҳбат мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз тарафи шимол роҳи пешин то сари ағба поккорӣ ва таъмир шудааст ва дар рӯзҳои боқимонда қисмати ҷанубии он низ то Майхура поккорӣ ва ба роҳи аслӣ васл хоҳад шуд.

Солҳои гузашта низ чанд бор корҳои таъмир дар дохили нақб эълон шуда буд ва ба натиҷае нарасид. Оқои Ризоӣ сабаб меорад, ки “дар солҳои пеш фишори ҳукумату мардум бар ин буд, ки ҳамзамон мошинҳо аз ин роҳ бираванд, барои ҳамин ҳамкорӣ нашуд. Имсол ҳама ҳамкорӣ доранд. Ҳукумат, пулис ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ба ин ҷо омадаанд, то ҳамоҳангӣ ба вуҷуд ояд ва мо 95 дарсад қавл медиҳем, ки кори он ба анҷом бирасад ва давлати Эрон ҳам ду сол аст ин ҳадафро дунбол мекунад”.

Оқои Ризоӣ гуфт, ки дар гузашта ҳамаи корҳои нақб дар ихтиёри ширкати “Собир” буд, вале ҳоло давлати Эрон вайро намояндаи худ дар ин нақб таъин кардааст. “Чун бо ин нақб обрӯи давлати Эрон дар Тоҷикистон матраҳ аст, мо маҷбурем сохтмони ин нақбро мисли нақбҳои дигари Эрон такмил кунем” ва он мисли нақбҳои “Шаҳристон” ва “Шар-Шар”-и Тоҷикистон хоҳад шуд. Баъд аз хатми корҳои сохтмонӣ бахши рӯшноӣ ва ҳавокашӣ хоҳад монд, ки Эрон 50 дарсади ҳазинаи онро низ пардохт хоҳад кард.

Баъд аз сохтмони нақбҳои “Шаҳристон” ва “Шар-Шар” тавассути чиноиҳо мардуми Тоҷикистон тавоноии Эрон дар сохтмони “Истиқлол”-ро зери суол бурданд ва аз ин ҷо сару садоҳо ба гардиш даромад, ки Эрон ё тавони такмили ин нақбро надорад ва ё ҳавсалаи онро. Оқои Ризоӣ эътироф мекунад, ки Эрон натавонистааст сари вақт сохтмони онро пурра анҷом диҳад ва ҳоло умедвор аст, ки мардум бо онҳо ҳамкорӣ кунанд, яъне бо рафту омади нақлиёт ба кори онҳо халал нарасонанд, то баҳси обрӯи Эрон дигар матраҳ нашавад ва “пулҳое, ки барои ин нақб ворид мешавад, дар роҳи дуруст истифода шавад”.

Ҷониби Эрон ва Тоҷикистон 3 миллион долларӣ ҷудо кардаанд ва истифодаи ин маблағ акнун оғоз хоҳад шуд. Гузашта аз ин, ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки 8 миллион долларии дигар барои такмили корҳои ниҳоии нақб, аз қабили рушноӣ ва таҷҳизоти ҳавокаш ҷудо кунанд. Оқои Ризоӣ-намояндаи давлати Эрон мегӯяд, ба ин тартиб барои ниҳоӣ кардани сохтмони нақб 22 миллион доллари дигар пешбинӣ шудааст. Қарор аст масъалаҳои молӣ ва такмили корҳои сохтмонӣ дар ҷараёни боздиди Ҳамид Читчиён–вазири нируи Эрон аз Тоҷикистон баррасӣ шавад. Бозиди мазкур баъд аз се ҳафтаи дигар сурат мегирад.

Ба ақидаи Саид Асғарӣ, муҳандиси эронӣ дар Тоҷикистон, такмили корҳои сохтмонӣ дар нақб “кори печидае нест, ин кор шуданӣ ҳаст, роҳҳояш ҳам пайдо мешавад ва он муттаносиб ба будҷаест, ки он ҷо сарф мешавад. Ин тавр нест, ки ҳеҷ роҳи ҳали фаннӣ надошта бошад”. Вале оқои Асғарӣ шароити ҷуғрофиёии маҳалро барои сохтмони нақб мушкилзо медонад.

Аммо Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон сабаби тӯл кашидани сохтмони нақбро бо шароити вақти Тоҷикистон иртибот медиҳад: “Дар он давр вазъият ва талабот дигар буд ва мо кӯшиш мекардем, ки ҳар чӣ зудтар нақбро шикоф кунему гузарем ва бо шимол иртиботи доимӣ пайдо кунем. Он вақт корро аз рӯи лоиҳаи аввалӣ сар карданд. Таҷҳизоти пешрафтаи фаннӣ вуҷуд надошт. Сохтмони нақби иловагии ҳавокаш дар назар гирифта нашуда буд. Ҳоло ин лоиҳа бо назардошти шароити пешомада дигар шудааст”.

Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов

Низом Ҳакимов, вазири пешни нақлиёти Тоҷикстон 29 июли соли 2013 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт буд: “Мо ба ҳукумат бо пешниҳоди ҳалли ниҳоии созишномаи миёни вазорати нақлиёт ва ширкати эронии “Собир” муроҷиат кардем. Агар онҳо кор карданӣ набошанд, бигзор ҷойро барои дигарон холӣ кунанд”. Вай таъкид карда буд, ки дар сурати ҷудо нашудани маблағ аз сӯи Эрон, Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушди Исломӣ, Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон (JICA) омодаанд барои такмили корҳо дар “Истиқлол” пул бидиҳанд.

Ҷаноби Ганҷалзода, вазири нақлиёт эътироф мекунад, ки чунин фикрҳо дар гузашта буд, вале акнун Эрон омода аст, ки маблағ ҷудо кунад ва ин маблағ 50 дарсад аз ҷониби Эрон ва 50 дарсади дигар аз ҷониби Тоҷикистон пардохт мешавад. Тоҷикистон дар мавриди “Истиқлол” ин нуктаро дар назар мегирад, ки Эрон дар солҳои мушкил ба кӯмаки Тоҷикистон омад, дар солҳое, ки кишваре ба ин кор розӣ набуд.

Ҷониби Эрон аз оғоз то ҳол тӯл кашидани корҳои сохтмониро бо набуди роҳи фаръӣ ё алтернативӣ пайванд медиҳад, то ҳаракати нақлиёт аз он роҳ анҷом бигирад ва ба ҷараёни корҳо халал ворид нашавад, он гуна, ки чиноиҳо ҳангоми сохтмони нақбҳо дар Тоҷикистон карданд.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари умури Эрон дар Душанбе мегӯяд, чун он вақт “Эрон бисёр хушаш меомад, ки дар Тоҷикистон ба номи худ як пружаи бисёр муҳим дошта бошад, пеш аз замони лозим баҳрабардории ин пружа эълон шуд , вале баъд аз он муддате мардум натавонистанд аз он рафту омад кунанд.

Бо гузашти тақрибан як даҳсола ин тарҳи нотамом дар ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони як тарҳи номуваффақи эронӣ шинохта мешавад ва ҳамин тавр роҳҳо ва нақбҳое, ки Чин дар Тоҷикистон сохтааст ба унвони тарҳи чинӣ мешиносанд ва бо ҳам қиёс мекунанд.

Нақби “Истиқлол” 23 марти соли 2006 баъд аз сӯрох кардани кӯҳ ва нотамом ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 1989 дар охирин солҳои Шӯравии пешин шурӯъ шуда буд, вале баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба сабаби нооромиҳо ва камбуди сармоя сохтмони он боздошта шуд ва танҳо соли 2003 бо ёрии молӣ ва фаннии Эрон ширкати сохтмонии “Собир”-и Эрон кори он аз сар гирифта шуд. Эрон 31 миллион доллар ихтисос дод, ки 10 миллиони он кӯмаки ройгон ба Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳоло дар зеҳнҳо ин тасаввур нақш бастааст, ки гӯё ин нақб чеҳраи Эрон дар Тоҷикистон аст ё “ҳайкал”-и нотамоми Эрон дар Тоҷикистон. Ба ин далел ҳатто ҳар кори хубе, ки Эрон дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, ин “ҳайкал”-и нотамом симои Эронро тира ҷилва медиҳад. Вале ин бор ваъдаҳо қатъист ва тибқи ин ваъдаҳо то поёни соли ҷорӣ ин “ғор” ба нақб ё тунелли “комилҳуқуқ” табдил хоҳад шуд. Оё чунин хоҳад шуд?

XS
SM
MD
LG