Дар пайи тағйироти кадрии 6 июл, Сӯҳроб Рауфов раҳбари нави Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Самариддини Айниддинро иваз кардааст ва мегӯяд, ки бо омаданаш дар кори шабака тағйирот хоҳад кард. Сӯҳроб Рауфов то ин дам дар телевизиони "Ҷаҳоннамо" кор мекард.
Сӯҳроб Рауфов: "Тағйирот ҳатман дар назар аст ва ба ин мақом таъин шуданам низ ба ҳамин хотир буд. То ин дам дар шабакаи иттилоотии "Ҷаҳоннамо" кор мекардам, ки форматаш фарқ мекунад. Аз ин хотир, ҳоло дар ҷараёни омӯзиши шароити ҳайати эҷодӣ ва телевизион ҳастам. Алакай чанд тарҳи нави барномаҳо рӯи мизи кориям ҳаст, ки инҳоро омӯхтан даркор. Аммо навоварӣ ҳатман мешавад. Вазифаи мо низ аз он иборат аст, ки барномаҳои ҷолибу замонавии бештарро таҳия ва пешниҳод кунем ва аз ин ҳисоб аудиторияи шабакаро зиёд намоем."
Радиои Озодӣ: Аммо такя рӯи кадом барномаҳо хоҳад буд: сиёсӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ?
Сӯҳроб Рауфов: "Дар мадди аввал - итилоот. Он рӯйдоде, ки ҳам дар дохил ва хориҷ ба амал меояд, бояд оммаи кишвар аз он огаҳ бошад. Аз тарафи дигар, равандҳои ахир, аз ҷумла гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳо ва гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва пешгирӣ аз ин тамоюл, дар навбати аввал қарор хоҳад гирифт. Баъдан ҳам гузоришҳои таҳлилӣ ва барномаҳои таҳлилии иқтисодӣ мешавад. Шоу-барномаҳо бевосита бо иштироки худи ҷавонон низ сурат хоҳад гирифт. Яъне, мақсади мо бештар ҷалб кардани ҷавонон ба телевизион ва ширкати фаъолонаи онҳо дар барномаҳост. Бигузор, муҳокимаронӣ васеъ бошад ва онҳо назари худро дар бораи ин ва ё он падидаи ҷомеа иброз намоянд."
Радиои Озодӣ: Дар кори баъдии Шабакаи аввал фаврияти хабарҳо чӣ мавқеъ хоҳад дошт? Зеро то имрӯз бинандаи тоҷик аз он шикоят мекунад, ки кори телевизион танҳо аз рақсу бозӣ ва ё хабарҳои хориҷӣ иборат аст ва онҳо хабарҳои доғи дохилиро асосан аз расонаҳои итилоотии мустақил ва сомонаҳои интернетӣ мегиранд...
Сӯҳроб Рауфов: "Ба ростӣ дар назди мо чунин вазифа гузошта шудааст, ки пеш аз ҳама мардумро мо бояд бо хабарҳои дохили кишвар огоҳ намоем ва баъдан ба ахбори хориҷӣ тавваҷӯҳ намоем. Албатта, дар инъикоси хабарҳо дар дохили кишвар ягон монеа ва мушкилӣ вуҷуд надорад, балки баръакс мо бояд ҳавасманд бошем, ки мардуми кишварро аз ҳаёти имрӯзаи воқеии Тоҷикистон огоҳ намоем. Зеро хабарҳои хориҷӣ бе ин ҳам дар интренет ва телевизионҳои моҳвораӣ дастрас аст, лекин дар мадди аввал мардум бояд аз проблема ва мушкилоти дохили кишвар бохабар бошад."
Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки чӣ қадар собиқаи корӣ доред дар телевизион ва оё таъин шудан ба ин мақом то куҷо бароятон ғайриинтизор буд?
Сӯҳроб Рауфов: "Заминаи фаъолияти ман дар телевизион ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ буд ва ман барнома ҳам мебурдам. Баъд аз хатми донишгоҳ тӯли ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонии бахши шаҳрии радиои Тоҷикистон, ки баъдан номи “Садои Душанбе”-ро гирифт, кор кардам. Дар соли 2005 корро дар телевизон дар бахши хориҷии идораҳои барномаҳои иттилоотӣ шурӯъ кардам, ки як сол баъд барномаи иттилоотӣ-таҳлилии Тоҷикистонро ба зиммаи ман гузоштанд. Соли 2008-ум бо таъсиси муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ба ҳайси муовини якуми раҳбари ин шабака ба иҷрои вазифа оғоз намуда, то имрӯз дар он ҷо кор мекардам. Ман дар соҳаи телевизион собиқаи зиёди корӣ дорам, вале интизори онро надоштам, ки раҳбари Шабакаи аввал таъин мешавам."
Радиои Озодӣ: Чун Шабакаи аввал аз расонаи аслии давлатии Тоҷикистон аст, бори масъулият бароятон вазнинӣ нахоҳад кард?
Сӯҳроб Рауфов: "Ман алакай баробари интихоб шудан ба ин вазифа ҳис кардам, масъулияте, ки дар “Ҷаҳоннамо” доштам, ҳоло даҳчанд мешавад. Дигар ҳаёти ман ҳамин телевизион мешавад. Шарт ва талаботи кор ҳамин аст."