Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик", "ТАЛКО" ва "Сангтӯда-1" - қарздорҳои асосӣ аз андоз


Кумитаи андози Тоҷикистон номи ширкатҳоеро, ки ба миқдори калон андози худро насупурдаанд, эълон кард.

Мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи душанбеи 20 июл зимни натиҷагирии фаъолияти ин ниҳод дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, номҳои ширкатҳои қарздори бузургҳаҷм аз андозро эълон кард.

Ба ин тартиб, ширкати “Барқи Тоҷик”, нерӯгоҳи“Сангтӯда -1”, корхонаҳои “ТАЛКО” ва “Алюминиум Сохтмон” ва чанде дигар, аз ҷумлаи ширкатҳое мебошанд, ки ба таъкиди мақомоти Кумитаи андоз, қарздори асосӣ аз андоз мебошанд.

Ба гузориши мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон, қарздории ширкати “Барқи тоҷик” аз андоз маблағи 153,2 миллион сомонӣ, ва ҳамин тавр нерӯгоҳи барқӣ-обии “Сангтӯда-1” – 33, 2 миллион сомонӣ, ширкатҳои “ТАЛКО” – 41, 6 миллион сомонӣ ва “Алюминиум сохтмон” – 10, 23 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, Кумитаи андоз мегӯяд, лозим медонанд, то дар нисбати корхонаҳо ва ширкатҳое, ки аз андоз қарздоранд, чораҳои зарурӣ биандешад. Дар ҳамин ҳол ба таъкиди мақомот дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ дар робита ба маҷбуран ситонидани андоз 1300 адад қарор содир шуда ва ба маблағи 611 миллион сомонӣ ба будҷа ворид шудааст.

Кӣ аз ҳама бештар аз андоз қарздор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

XS
SM
MD
LG