Муборакшо Абдуллоев, довталаб аз ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, баъди нашри матлаб дар Радиои Озодӣ ва шикояташ ба мақомотҳои дахлдор, соҳиби квотаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино шуд. Масъулини вазорати маориф ва илми Тоҷикистон танҳо баъд аз шикояти Муборакшо тасмим гирифтанд барои довталабони ин минтақа имтиҳони такрорӣ баргузор кунанд.
Муборакшо Абдуллоев, довталаби квота аз ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, пас аз соҳиб шудан ба квотаи президентӣ шояд дар оянда ягона табибе хоҳад шуд, ки барои мардуми ин маҳал хизмат мекунад. Маҳалле, ки дар зимистон роҳҳояш то маркази ноҳия баста мешаванд ва гоҳо беморонро бо замбар то фосилаи 15-20 километр ба беморхонаи маркази ноҳия ё шаҳри Кӯлоб мебаранд.
Имсол ҳам ба хотири аз байн бурдани ин мушкил бо як қарори ҳукумат ба чанд ҷамоати ба табиб эҳтиёҷманди Шӯрообод 10 квота, аз ҷумла барои аввалин бор 3 квота ба ҷамоати Даштиҷум ихтисос дода шуд. Вале замони тақсими квотаҳо, довталабон ва сокинони ин минтақа аз шеваи тақсими ноодилонаи он шикоят доштанд.
Муборакшо ҳам он замон аз ин норозиён буд, ки муваффақ нашуд яке аз ин квотаҳоро соҳиб шавад, ҳарчанд ба гуфтаи худаш ба донишаш бовар дошт. Ҳарчанд ӯ мегӯяд, ӯ барои соҳиб шудан ба квота аз мактаби деҳа ва аз назди падару модар дур, дар мактаби беҳтари ноҳия таҳсили илм кард, вале он замон масъулини маорифи Шӯрообод ва онҳе, ки масъули тақсими квотаҳо буданд, аз сатҳи пасти дониши добталабон шикоят доштанд.
Муваффақ шудани ин довталаб ба квотаи таҳсил дар ҳолест, ки ӯ қаблан гуфта буд, барои ба даст овардани квота, ки ҳаққи мардуми деҳаи Даштиҷум аст, то охир мубориза хоҳад бурд.
Ин аввалин нигарониву шикоят аз шеваи тақсими квотаҳо миёни довталабон нест. Агар квота сар аз соли 2007 барои рафъи камбуди мутахассис дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳамчун имтиёз ба довталабон пешниҳод мешуд ва то соли 2011 саҳмия барои духтарони кӯҳистон ва аз оилаҳои камбизоат буд, баъдан ин имтиёз писаронро низ фаро гирифт. Аммо давоми ин 8 сол ҳамеша нигарониву шикояти волидону довталабон аз тақсими ноодилонаи квотаи президентӣ дар минтақаҳо расонаӣ мешавад.
Ахиран Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, минбаъд барои ихтисосҳое мисли ҳуқуқшиносӣ, молияю қарз ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, ки дар бозори меҳнат талабот надоранд, квотаҳои таҳсил дода намешавад. Вай гуфт, вазорат дар пайи ислоҳоти тақсими квотаҳо бештар ихтисосҳои иборат аз фанҳои дақиқро ба назар мегирад.
Тибқи омори вазорати маориф ва илм, барои соли таҳсили 2015-2016 дар муассисаҳои олии таълимӣ, квотаи президентӣ ба 1 ҳазору 312 нафар, аз ҷумла барои духтарон 678 ҷой ва барои писарон 634 ҷой ҷудо шудааст, ки нисбати соли гузашта 21 адад зиёд мебошад.