Донишҷӯёни барандаи идрорпулии квотаи “Дурахшандагон” ҳар моҳ ба маблағи 100 доллари амрикоӣ стипендия мегиранд.
Аврангзеб Имомов, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи энергетикии Маскав рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба РО гуфт, 100 доллар стипендияе, ки ба онҳо Вазорати маорифи Тоҷикистон медиҳад, ҳатто барои хариди хӯроки якмоҳа кифоя нест: “100 доллар стипендияе, ки ба мо медиҳанд хеле кам аст ва барои зиндагӣ дар Маскав барин шаҳри калон кифоя нест. Ин пул ҳатто аз маоши ҳадди ақали зиндагии Русия дида хеле камтар аст. Мо талаб надорем, ки ба мо 1000 доллар стипендия диҳанд, ба мо ҳамон қадар пуле диҳанд, ки барои хӯроки донишҷӯиямон расад, кифоя аст.”
Аврангзеб афзуд, ки ҳатто донишҷӯёни кишварҳои нодори Африқо низ, назири Нигерияву Зимбабве аз онҳо се маротиба зиёдтар, яъне 300 долларӣ стипендия мегиранд. Ба гуфтаи Аврангзеб, онҳо ба манзури кӯмак ба ҳамдигар дар донишгоҳ “Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик”-ро таъсис додаанд ва ба донишҷӯёни алоҳида, ки мушкили молӣ доранд, кӯмак мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Одинаев, сардори раёсати робитаҳои байналмиллалии Вазорати маориф дар сӯҳбат ба РО гуфт, давлат барои таҳсили барандагони квотаи президенти барои ҷавонони лаёқатманд мавсум ба “Дарахшандагон” маблағҳои ҳангуфте масраф мекунанд ва ин ҷавонон бояд аз ин шукрона кунанд:
“Ин тоҷики моро 1000 доллар ҳам диҳӣ кам аст мегӯяд, нафс ҳудуд надорад. Бо назардошти имкониятҳои молии давлат, Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми ин стипендияро, ки аз фонди захиравии Президент пардохт мешавад, 100 доллар муқаррар кардааст. Намешавад, ки бо хоҳиши ҳар нафар мо ҳаҷми ин стипендияро боло барем. Бигзор волидайн ҳам дар таҳсили фарзандашон саҳми худро гузоранд ва ҳамаи масъулиятро ба дӯши давлат вогузор накунанд!”
Ҷаноби Одинаев афзуд, ки тариқи квотаи президентии “Дурахшандагон” ҳудуди 300 нафар дар беҳтарин донишгоҳҳои хориҷа таҳсил мекунанд ва давлат хароҷоти таҳсили роҳкиро, ҷои хоб ва суғуртаи тиббиро бар дӯш гирифтааст ва бар замми ин, 100 доллар стипендия медиҳад. Одинаев иброз дошт, ки ҳангоми додани квотаи “Дурахшандагон”, як қарордоди сеҷониба миёни Вазорати маориф, худи донишҷӯ ва волидайни ӯ баста мешавад, ки мувофиқи он барандаи ин квота муваззаф аст баъди хатми донишгоҳ панҷ сол дар Тоҷикистон фаъолият кунад.
Ба гуфтаи Одинаев, бо ин вуҷуд бархе аз донишҷӯён кӯшиш мекунанд дар кишвари таҳсилкардаашон бимонанд ва ба Тоҷикистон барнагарданд: “Ахиран як донишҷӯ, ки барандаи ин ковотаи “Дурахшандагон” буд ва донишгоҳро дар Русия хатм кард зани рус гирифта аз омадан ба Тоҷикистон худдорӣ кард. Мо тариқи суд ӯро аз Русия ба Тоҷикистон фаро хонда талаб кардем, ки 50 ҳазор долларе, ки Ҳукумат барои таҳсили вай харҷ карда буд, баргардонад.”
Зимнан, стипендияи байналмилалии президентии "Дурахшандагон", ки бо тасмими Ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2009 таъсис ёфтааст, ба он донишҷуёне пардохт карда мешавад, ки дорои дониши аъло ва соҳибистеъдод ҳастанд.