Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳидони Яҳво": "Мо бармегардем"


Аъзои созмони масеҳии "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон мегӯянд, аз пинҳонкорӣ хаста шуда ва умедворанд, ки баъд аз расидани номаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ "девори беҳуқуқӣ"-яшон фурӯ мерезад.

Андешае, ки ба зудӣ эҳсоси тарсу норӯшании фардо рафъ мешавад, ба қалби пайравони "Шоҳидони Яҳво" гармӣ мебахшад. Санадҳо барои сабти ном бар пояи Қонуни нави дин дар Тоҷикистон таҳия шудаанд ва масъулони Маркази масеҳии "Шоҳидони Яҳво" дар Осиёи Марказӣ мунтазири вокуниши расмии Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ба манъи фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистонанд.

"Анҷумани аврупоии "Шоҳидони Яҳво" дар остонаи ҷаласаи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки омодааст дар сӯҳбати рӯбарӯ бо масъулони дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мушкилро баррасӣ кунад," -- мегӯяд Пулод Бекҷон, раиси Маркази масеҳии "Шоҳидони Яҳво" дар Осиёи Марказӣ.

Фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” соли 2007 бо қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт умури динро назорат мекард, манъ шуд. Мақомот барои бастани "Шоҳидони Яҳво" сабабҳои зиёдро пеш оварданд, вале далели аслӣ "даъват барои сарпечӣ аз хизмати аскарӣ" буд. Ду сол пеш “Шоҳидони Яҳво” барои сабти дубора санад пешниҳод кард, аммо масъулини Кумитаи дин талаб намуданд, ки дар бораи ҳадди ақал панҷ сол дар маҳалли сабти ном зиндагӣ кардани аъзояш санад биёранд. Мақомоти маҳаллӣ аз додани “справка” сарпечӣ карданд.

"МИЛИСА БА САРАМ БО МУШТ ЗАД"

"Пайравони “Шоҳидони Яҳво” ҳадди ақал ду бор дар ҳафтаҳои ахир дар вилояти Суғд боздошт шуда ва ҳатто мушт хӯрдаанд," -- меафзояд Пулод Бекҷон. Ба қавли ӯ, рӯзи 18 июл гурӯҳи 15-нафараи кормандони пулису мақомоти ҳукуматӣ ва масъули идораи дини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз болои девор вориди хонаи узви созмон Назира Орифова шудаанд.

Дувоздаҳ нафари ҷамъомадаро ба идораи пулис бурда, алайҳи ҳашт нафар – Назира Орифова, Бимавлуда Ёқубова, Умеда Мансурова, Юсуфҷон Ёқубов, Абдуҷамол Бобоҷонов, Тиллоқиз Ёқубова, Фароғат Муҳиддинова ва Қамарбой Бобоҷонов барои таълими ғайриқонунии мазҳабӣ ва баргузории ҷамъомади мазҳабӣ дар биное, ки дар он иҷозаи фаъолияти мазҳабӣ нест, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Боздоштшудаҳо гуфтанд, ки корманди милиса онҳоро барои тарки сафҳои “Шоҳидони Яҳво” маҷбур карданӣ шуданд.

Даҳ рӯз баъд боз ду тан аз аъзои “Шоҳидони Яҳво”-ро ба идораи полис бурданд. Боздошти Гулнора Тегниева ва Ҷабборхон Бозорбоева дар маҳаллаи Соҳили рости шаҳри Хуҷандро Пулод Бекҷон як амали пешакӣ тарҳрезишуда мехонад. "Шахсе телефон кард ва гуфт, ки дӯстонатон номае фиристодаанд ва пайравони мо ба мулоқот рафтанд. Он зан бо аъзои созмони мо чун дӯсти қадимӣ вохӯрд ва баногаҳ бо овози баланд фарёд зад, ки "Биёед дар бораи ҳиҷоб сӯҳбат кунем”, ҳарчанд “Шоҳидони Яҳво” бо ҳиҷоб ҳеч умумият надоранд. Баъд аз фарёди он зан дарҳол кормандони милиса ҳозир шуда ва гуфтанд, ки “биёед, ба шӯъбаи милиса меравем". Комилан рӯшан аст, ки ин ҳама пешакӣ тарҳрезишуда буд”, -- мегӯяд Пулод Бекҷон. Дар шӯъбаи милиса афсаре бо номи Азамат ба занҳо амр кардааст, ки протоколи боздоштро имзо кунанд. Чун занҳо аз ин амр сарпечӣ кардаанд, афсари милиса ба сари онҳо бо мушт бардошта ва таҳдид намудааст, ки онҳоро ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ҳабс мекунад. Кормандони милисаи Хуҷанд ба сари занҳо мушт кашиданро “дурӯғи маҳз” номиданд, аммо иқрор карданд, ки як нусха китоби “Инҷил” ва ноутбуки аъзои “Шоҳидони Яҳво”-ро мусодира намуданд.

"АЗ ПИНҲОНКОРӢ ХАСТА ШУДЕМ"

Бахтиёр, сокини 33-солаи Душанбе, аз пинҳонкорӣ хаста шудани ҳамақидаҳояшро иқрор мекунад. Онҳо ҳафтае ду-се бор дар манзили яке аз “шоҳидон” пинҳонӣ ҷамъ меоянд ва навиштаҳои муқаддасро меомӯзанд. Нишастҳо маъмулан бо хондани дуо оғоз меёбанд ва гоҳҳо бо садои паст таронаҳои мазҳабӣ низ месароянд. Дар бораи теъдоди аъзои “Шоҳидони Яҳво” Бахтиёр иттилоъ надорад. "Шояд аз ҳазор нафар бештар бошем," -- мегӯяд ӯ. Гоҳ-гоҳ пинҳонӣ дар кӯчаҳо китобҳои “Инҷил”-ро паҳн мекунанд ва агар низомипӯшеро бубинанд, зуд фирор мекунанд. "Китобҳо ва баъзе маҷаллаҳои мусавварро аз Алмаато мефиристанд," -- меафзояд Бахтиёр.

Шоҳидони Яҳво то қатъи фаъолияташон даҳҳо китоб ва маҷалла, аз ҷумла, "Сторожевая Башня", "Пробудитесь", "Шоҳидони Яҳво киҳоянд?" ва "Роҳ ба сӯи қуллаҳо"-ро ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашру паҳн мекарданд. Бахтиёр мегӯяд, ки китобҳои мамнӯъро дар хона нигаҳ намедорад ва пайвандонаш то имрӯз мутмаинанд, ки ӯ мусалмон аст, ҳарчанд аз ҳама гуна маъракаи мусалмонӣ парҳез мекунад. “Агар модарам хабар ёбад, мумкин касал шавад, барои ҳамин ба ӯ ҳеҷ чиз нагуфтам”.

“Шоҳидони Яҳво” алҳол дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон фаъолият дорад. Теъдоди аз ҳама зиёди пайравони он - тақрибан 17 ҳазор нафар дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Дар Узбакистон "Шоҳидони Яҳво" фақат дар шаҳри Чирчиқ намояндагӣ ва ибодатгоҳ дорад. Шоҳидони Яҳво худро дар Қирғизистон ҳам амн эҳсос мекунанд - ахиран парлумони кишвар дар посух ба дархостҳои “Шоҳидони Яҳво” ба қонуни хизмати сарбозӣ тағйиру иловаҳо ворид кард ва аз ин баъд афроде, ки аз рӯи эътиқоди мазҳабӣ ҳақи ба даст гирифтани силоҳро надоранд, бо пардохти 300-450 доллар аз хизмати аскарӣ озод мешаванд.

"ШОҲИДОНИ ЯҲВО" МАСЕҲӢ НЕСТАНД?

Ҳарчанд шоҳидони Яҳво худро тарғибгари дини насронӣ мехонанд, насрониҳо ин гурӯҳро секта ва пайравонашро “ғайримасеҳӣ” мехонан, мегӯяд Алӣ Вячеслав Полосин, рӯҳонии собиқ ва пажуҳишгари масоили мазҳабӣ. Ӯ замони вакили Думаи давлатии Русия буданаш бо раҳбарони ин секта мулоқотҳо дошт ва ба хулосае расид, ки ин созмон ба хотири мубориза бо се дини ҷаҳонӣ – масеҳӣ, ислом ва яҳудӣ ташкил шудааст. “Шоҳидони Яҳво” бахшҳои ҷудогонаи кор бо мусалмонҳо, масеҳиҳо ва яҳудиҳоро дорад.

Вячеслав Полосин
Вячеслав Полосин

Бигирем, дар вохӯриҳо бо масеҳиҳо бештар рӯи он тамаркӯз мешавад, ки Исои Масеҳ Худо не, балки инсон аст, аммо дар сӯҳбат бо мусалмонҳо Исои Масеҳро Худо ё Паёмбар меноманд, мегӯяд Алӣ Вячеслав Полосин. “Онҳо консепсияи худро надоранд, баъзе манъсозиҳо дар ин секта ҳастанд мисли хунгузаронӣ, ки гӯё ҷони ҳар махлуқи зинда дар хун аст ва, аз ин рӯ, аз як кас ба каси дигар гузаронидани хун манъ аст. Ин таълимот не, балки як меъёри муқаррарист”.

Дар ҷомеъаи Тоҷикистон дубора мавқеъ пайдо кардани “Шоҳидони Яҳво” гумон аст, зеро дар кишвар раванди дигар – аз дини масеҳӣ ба дини ислом гаравидан бештар мушоҳида мешавад, мегӯяд Тилав Расулзода, хабарнигори тоҷик, ки мавзӯи аққалиятҳои мазҳабиро пажуҳиш мекунад. Гаравидан ба дигар адён, ки солҳои 90-ум, баъди истиқлол авҷ гирифта буд, тақрибан аз байн рафтааст. Он солҳо мубаллиғон, ки пул доштанд, мардумро ба дини худ даъват мекарданд ва он вақт мардум ҳам ба дин ташнатар буд ва намедонист кадом тараф равад. Фаридун Ҳодизода, раиси Анҷумани муколамаи мазҳабҳои Тоҷикистон ёд дорад, ки он солҳо хусусан насрониҳо фаъол буданд ва дар Душанбе як гурӯҳи баптистҳо буд, КАДА, ОРА ва дигар гурӯҳҳо машғули таблиғот буданд”.

Бино ба иттилои расмӣ, ки боре Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз он ёдовар шуд, ҳоло 150 ҳазор тоҷикон пайравони дигар адёнанд. Бахши бузурги ин гурӯҳ масеҳӣ шудаанд, вале ба хотири табъиз нашудан дар ҷомеъаи мусалмоннишин, мазҳаби воқеии худро пинҳон медоранд. Аз ҷумла, чӣ теъдод аз онҳо ба ҷараёни “Шоҳидони Яҳво” пайвастаанд, маълум нест.

“Шоҳидони Яҳво” дар нимаи дувуми асри 18 раҳбарии Чарлз Тейз Рассел дар ИМА таъсис шуд ва дар аввал ба он фақат пажӯҳишгарони Инҷил шомил буданд. Қароргоҳи “Шоҳидони Яҳво” дар шаҳри Бруклини Амрикост. Гуфта мешавад, ин созмон 8,2 миллион пайрав дорад, ки дар 115 416 ҷамъият гирд омадаанд. Соли 2014 беш аз 276 ҳазор нафар ба ин ин созмон пайвастанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор пайравони дини масеҳӣ ба сар мебаранд. Калисои православии рус бузургтарин созмони масеҳии Тоҷикистон дониста мешавад.Дар Тоҷикистон баптистҳо, католикҳо, Адвентистҳои рӯзи ҳафтум, протестантҳои куриёӣ ҳам ба сар мебаранд. Пайравони “Шоҳидони Яҳво” умедворанд, ки ба зудӣ аз нав сабти ном мешаванд ва интизоранд, ки кай Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мақомоти Тоҷикистонро барои арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои пайравони ин созмони динӣ водор месозад...

XS
SM
MD
LG